logo

иқтисод

"ИҚТИСОДИ САБЗ". САМТИ МУҲИМИ РУШДИ БОСУБОТ

 «Иқтисоди сабз» шакли нави рушди иқтисодӣ мебошад, ки дар заминаи технологияи коркарди аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳсулот пайдо шуда, ба баландбардории сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад ва тавозуни рушди иқтисодию беҳдошти муҳити зистро нигоҳ медорад. Иқтисодиёти анъанавӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба муҳити зист таъсири зиёди манфиро дар шакли партовҳо зиёд менамояд, аммо рушди «иқтисоди сабз»  баръакс, партовҳои истеҳсолиро ба сикли (занҷираи) истеҳсолӣ баргардонда, хатарҳои экологиро ба муҳити зист коҳиш медиҳад.

Зарурати коркарди модели нави рушди иқтисодӣ, яъне «иқтисоди сабз» - ро афзудани хатарҳои экологӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист ба миён овард. Мақсад ва вазифаҳои чунин шакли хоҷагидорӣ дар барномаҳои СММ оид ба гузариш ба «иқтисоди сабз» («green economy») ва «рушди сабз» («green growth») пешниҳод гардидаанд ва он зарурати мутобиқгардонии шакли хоҷагидориро ба самти коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист ифода менамояд. Дар ин радиф шаклҳои алтернативии знергияи барқароршаванда (обӣ, офтобӣ, шамолӣ), нақлиёти бо қувваи барқ ҳаракаткунанда, сӯзишвории биологӣ ва ғайраро мисол овардан мумкин аст. Тайи даҳсолаҳои охир мавзӯи «иқтисоди сабз» на танҳо аз ҷониби олимону мутахассисони экологии соҳаи иқтисодиёт, балки дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ва роҳбарони сатҳҳои гуногуни давлатдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Сайёҳӣ яке аз самтҳои асосии рушди «иқтисоди сабз» мебошад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, ки хеле бамаврид ва ба рушди «иқтисоди сабз» созгор аст. Рушди соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама, барои туризми экологӣ, сохтмони иншооти табобатию санаторӣ, пойгоҳҳои сайёҳӣ ва корхонаҳои тандурустӣ имкониятҳои васеъ мекушояд.
Аз рӯи ҳисобу китоби коршиносону мутахассисон, қонеъсозии талаботи 9 миллиард аҳолии кураи Замин то солҳои 2050 - ум яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, зарурияти истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, замину обро ба миён меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираи обӣ доро буда, он ба таври васеъ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ барои обёрикунии заминҳои корами обӣ, истифода бурда мешавад. Заминҳои обии ҷумҳурӣ зиёда аз 13 дарсади заминҳои кишти кишоварзиро ташкил менамоянд ва то 90 фоизи маҳсулоти умумии соҳа дар онҳо истеҳсол мешавад. Таъкиди Пешвои миллат оид ба рӯёндани 2 - 3 ҳосил аз ҳар гектар замини обӣ ишора ба яке аз се ҳадафи асосии стратегии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Норасоии оби нӯшокӣ имрӯз ба яке аз проблемаҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Аз рӯи маълумоти омории ҷаҳонӣ, то солҳои 2030 - юм масъалаи қонеъгардонии талаботи солонаи аҳолии кураи Замин бо оби нӯшокӣ ба масъалаи муҳими ҳастӣ табдил меёбад. Имрӯз дар ҷаҳон қариб 1 миллиард нафар аз истифодаи оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Амалӣ гардондани ташаббуси Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» яке аз самтҳои асосии рушди «иқтисоди сабз» ба ҳисоб рафта, барои беҳбудии вазъ дар сатҳи ҷаҳонӣ созгор мебошад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикист, ки ба 52 миллиард киловатт – соат мерасад. Аз ин миқдор зиёда аз 300 миллиардаш аз ҷиҳати техникӣ дастрас аст. Тибқи нишондоди созмонҳои байналмилалии соҳавӣ, Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад. Ҳоло истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 дарсадро ташкил медиҳад.  Истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи «энергияи сабз» ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд.
Истифодаи самараноки партовҳои истеҳсолӣ ва экологикунонии ҷараёни истеҳсолот низ яке аз самтҳои амалисозии «иқтисоди сабз» ва унсури асосии беҳдошти муҳити зист арзёбӣ мегардад. Истифодаи самараноки партовҳои истеҳсолӣ ва мутобиқат ба тағйирёбии иқлими сайёра низ аз намудҳои гузариш ба «иқтисоди сабз» - анд.
Ба фикри мо, рушди «иқтисоди сабз» дар пойгоҳи технологияи нави аз ҷиҳати экологӣ тоза ба рушди соҳаҳои кишоварзии органикӣ, энергетика ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ, кам кардани партовҳои истеҳсолӣ ба муҳити зист, рушди нақлиёти экологии тоза ва, умуман, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд.
Эмомалӣ ШЕРАЛИЕВ,
декани факултети молия ва қарзи
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 443

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед