logo

фарҳанг

КЛУБҲОИ САЙЁР ЭҲЁИ ОНҲО ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Як замон яке аз ҷабҳаҳои муҳими фаъолияти соҳаи фарҳангро дар деҳоти кишвар клубҳои сайёр ташкил медоданд. Шояд баъзеҳо чунин андеша дошта бошанд, ки клубҳои сайёр (автоклубҳо) маҳсули замони худ буданду имрӯз ба кор намеоянд. Вале дар асл чунин нест.
Нахуст онҳо барои расондани хизмати фарҳангӣ дар мавзеъҳое, ки он ҷо муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ вуҷуд надоштанд, пешбинӣ шуда буданд. Вазифаи асосии автоклубҳо гузарондани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва сиёсӣ маҳсуб меёфт. Яке аз тадбирҳои фарҳангӣ ташкил намудани ҳайати ташвиқотӣ - бадеӣ аз ҷумлаи адибон, санъаткорон, табибон, лекторон буд. Радиогазета жанри маъмултарини клубҳои сайёр ба шумор мерафт. Дар давраи баргузории раъйпурсиҳои умумихалқӣ, ҷашну санаҳои гуногуни таърихӣ аз онҳо ба таври васеъ истифода мебурданд. Расондани муроҷиатҳои гуногунмазмун ба аҳолӣ ва амсоли ин тадбирҳо бо воситаи эълон намудан аз тариқи радиои клуби сайёр амалӣ мешуд. Дар назди ҳар шуъбаи (ҳоло бахш) - и фарҳанги ноҳияҳо то солҳои 90 - уми асри гузашта аз 6 то 8 клуби сайёр амал мекард. Аз 2 то 4 клуби сайёр дар назди бахши фарҳанг, 4 клуби дигар дар назди хонаҳои фарҳанги ҷамоатҳои деҳот. Тибқи харитаи хизматрасонии маданӣ ба аҳолӣ онҳо ба минтақаҳои муайян вобаста гардида буданд. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 48 клуби сайёр бо 132 нафар корманд боқӣ мондаасту халос. Чаро? Сабабҳо зиёданд.
Аввалан, нақлиёте, ки ба клубҳои сайёр бо таҷҳизоти махсус вобаста буданд, кайҳо корношояму фарсурда гардиданд. Азбаски сохтори хоҷагиҳои кишоварзӣ таҷдид гардид, ин омил ҳам ба фаъолияти клубҳои сайёр то дараҷае халал ворид намуд. Зеро шумораи зиёди иштирокчиёни чорабиниҳо кормандони соҳаи хоҷагиҳои кишоварзӣ буданд.
Ташкилотҳои ҳизбӣ дар назди хоҷагиҳо, ки фаъолияти клубҳои сайёрро роҳбарӣ мекарданд, аз байн рафтанд. Мутахассисони беҳтарини соҳаи фарҳанг, ки тарбиятдидаи замони шӯравӣ буданд, бо сабабҳои гуногун тарки вазифа намуданд, ё ба нафақа баромаданд. Воҳидҳои кории клубҳои сайёрро масъулини соҳа тақсим намуда, бо дигар мақсад истифода бурда истодаанд. Боз чанд омилеро метавон номбар намуд, ки сабаби камфаъолиятии яке аз самтҳои хуби соҳаи фарҳанг гардиданд.
Чорабиниҳои фарҳангӣ саропо таълиму тарбия буда, саршор аз мавзӯи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ваҳдату ҳамгироӣ буданд. Барномаҳои консертӣ хуб омода мешуданд. Шӯроҳои бадеӣ дар бахшҳои фарҳанг пурмасъулият ва холисона кор мебурданд. Барномаи ташвиқотӣ - бадеии клубҳои сайёр низ ҳаматарафа омӯхта мешуд ва тасдиқ мегардид. Ҳоло чунин нест.
Масъалаи мазкур паҳлуҳои зиёд дорад ва суҳбати доманадорро мехоҳад. Манзури мо ин аст, ки клубҳои сайёр бояд эҳё шаванд. Ҳеҷ мушкиле барои ин тадбир нест. Шукр, ҳар рӯз ба ҷумҳурӣ нақлиёти гуногун ворид гардида истодааст. Мутобиқ намудани онҳо ба клуби сайёр мушкиле надорад. Технологияҳои ҷадиди кинонамоишдиҳӣ, воситаҳои техникаи замонавӣ низ бо нархҳои дастрас мавҷуд ҳастанд.
Имрӯз дар маркази ноҳия чорабиние баргузор шавад, раисони ҷамоатҳо ва  ташкилотҳои ҷамъиятӣ  бо ҷамъ овардани 15 - 20 иштирокчӣ вазифаи худро ба иҷро расида медонанд. Аммо дар ҳудуди ҷамоатҳо, ки аксари аҳолӣ он ҷо истиқомат доранд аз баргузории чунин тадбирҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ огоҳӣ надоранд ва ба онҳо ҷалб ҳам намегарданд. Маҳз дар ҳамин маврид аз клубҳои сайёр самаранок истифода бурдан мумкин. Сабаби камфаъолият гаштани муассисаҳои фарҳангӣ дар деҳоти кишвар низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Аз онҳо касе истифода намебарад. Аксари масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо вазифаи худро дар баргузор намудани ҷашнҳои миллӣ дар марказҳои ноҳия бо гирд овардани тамошобинони доимӣ мебинанд. Навоварӣ дар ташкил ва баргузории чорабиниҳо дида намешавад. Сенарияҳо якранг ва барномаҳои консертии «обшуста» - анд. Чандин сол аст, ки касе ба таҳлилу таҳқиқи  мушкифонаи мавзӯъу муҳтавои ин чорабиниҳо даст назадааст. Ба қавле «Гузашт? Бале гузашт!».
Эҳёи фаъолияти клубҳои сайёр на танҳо вазифаи кормандони соҳаи фарҳанг, балки бахшҳои идеологии тамоми сохторҳои давлатист. Дар ин тадбири муҳим мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бояд саҳм гузоранд, ки, мутаассифона чунин нест!
Шодибек УСМОНОВ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 272

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед