logo

сиёсат

ПАЁМЕ, КИ МУЖДАИ ПЕШРАФТУ САОДАТ АСТ

Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарори кишвар - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо таҳлили  иҷрои вазифаҳои  қаблан муайяншуда, балки ироаи вазифаҳои муҳими дар соли оянда ва солҳои баъдӣ мебошад. Барои бомуваффақият иҷро шудани вазифаҳои  муайяншуда ду шарти муҳимро дар назар доштан зарур аст. Аввалан, вазифаҳое, ки ба соҳаҳои давлатӣ ва Ҳукумат пешниҳод мегарданд, аз воқеият сарчашма гирифта, ба таври реалистона муайян карда мешаванд. Дуюм, имкониятҳои дохилию хориҷӣ санҷида шуда, заминаҳои амалӣ кардани  ин имкониятҳо муайян гашта, нақшаҳои  иқтисодию иҷтимоии тараққиёти кишвар таҳия мегарданд.
I
Боиси қаноатмандист, ки аз Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешрафтҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва афзудани обрӯю эътибори байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар чи бештар ҷилвагар мешавад. Дигаргуниҳо ва пешрафтҳое, ки халқи тоҷик имрӯз ба онҳо комёб гаштааст, дар саросари кишвар ба назар мерасанд. Ин худ натиҷаи сулҳу салоҳ ва оромӣ, заҳмати бунёдкоронаи  халқи азизамон ва натиҷаи сиёсати дурбинона ва ватанпарастонаи Пешвои миллат мебошад. Оре, маҳз таъмини сулҳу оромӣ аст, ки мардум дар фазои осудаю офияти иҷтимоӣ зиндагӣ мекунад ва ормонҳои ӯ амалӣ мешаванд. Ба қадри оромию офият расидан камоли хирадмандӣ ва хушбахтӣ мебошад.  Бузургони илму адаби гузаштаи тоҷик борҳо ин нуктаро таъкид кардаанд ва оромию офиятро беҳтарин неъмат донистаанд. Чунончи,  шоири мутафаккир ва мутасаввифи асри XI-и тоҷик Ҳаким Саноии Ғазнавӣ гуфтааст:
Шурбҳои ҷаҳон ҳама хӯрдем,
Чӣ атоӣ аз ӯ, чӣ ориятӣ.
Чун накӯ бингаристам, набувад,
Ҳеҷ хушхоратар зи офиятӣ.

Дар Паёми  имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳлили вазъи сиёсию низомии ҷаҳонӣ ва минтақа бештар таваққуф шудааст, зеро зиндагии шоистаи мардум дар фазои  оромию хотирҷамъӣ ва кори созанда амалӣ шуда метавонад.
Сарвари давлат қабл аз баёни масъалаҳои пешниҳодшаванда ёдовар шуданд, ки ҷумҳуриамон «бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар роҳи  пешрафти  бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад».
Ин хулосаи Президенти кишварамон хеле муҳим аст. Зеро  пешрафтҳое, ки зикр шуданд, дар шароите давлатамон ба онҳо ноил гардид, ки ҷаҳони муосир хеле ташвишовар мебошад. Бартариҷӯии баъзе кишварҳои бузург, мусаллаҳ кардани неруҳои ҷангталаб, аз нав ба вуҷуд омадани  «ҷанги сард»  дар миёни давлатҳо ҷаҳонро ба гирдоби низоъҳо ва нооромиҳо гирифтор кардааст. Зикри далели овардаи Президенти муҳтарам кофист, ки манзараи вусъати нооромиҳои ҷаҳон дар тасаввур ба вуҷуд ояд: «…зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои  ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт».
Хатарҳое, ки аз терроризм ва ифротгароӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд омадаанд, ҳамзамон, ба ҷангҳои шаҳрвандӣ, хонахаробшавӣ, саргардонӣ, оворагӣ ва дар кишварҳои дигар гуреза шудан дар байни гурӯҳҳои зиёди аҳолии сайёра ноумедӣ ва интизории маргро ба вуҷуд овардааст. Файласуфи машҳури аврупоӣ Фридрих Нитсше гуфта буд, ки ҳақиқати зиндагӣ чунин аст, ки инсон худро бе ҳимоя эҳсос мекунад, аз ин рӯ, дунё ӯро ба тарс гирифтор кардааст. Ин андешаи Нитсше инъикоси ҳаёти ҳавлангези асри XIX - и Аврупо буд, ки рӯҳафтодагии ҷомеаи он давраро ифода мекард.
Сарвари давлати тоҷикон бо ҳамон оромӣ ва дурбинии хеш вазъи ҷаҳони имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ карда гуфтанд: «Идомаи минбаъдаи  ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои  сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои  гуногуни олам гардад».
Бо назардошти чунин пешомадҳо роҳбарияти олии Тоҷикистон роҳи асосии  пешгирифтаи Тоҷикистонро дар «ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир» мебинанд. Яке аз далелҳои омодагии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ дар рӯзҳои Наврӯз дар шаҳри Душанбе  баргузор намудани конфронси байналмилалии сатҳи баланд мебошад.
Як ҷиҳати сиёсати дурандешонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки барои аз хатарҳои муосир ҳифз кардани кишвар фаъолиятҳо  ва робитаҳоро бо давлатҳои  минтақа ва ҷаҳон маҳдуд накарда, балки сиёсати «дарҳои кушода»-ро чун меҳвари аслии  муносибатҳо бо ҷаҳони муосир эълон намуда ва онро пайгирона амалӣ месозанд. Ин иқдом аз дурбинӣ, ҷасорат ва боварии Пешвои миллат ба устувории вазъият дар  мамлакат ва таҳкими ваҳдати миллӣ шаҳодат медиҳад. Бинобар ин,  дар Паём ба таври боварибахш таъкид карда шудааст: «Умумияти ҳадафу вазифаҳое, ки дар назди  давлатҳои мо қарор доранд, зарурати дар минтақа муҳайё намудани фазои мусоиди рафтуомади озоди одамон, интиқоли бемамониати молу сармоя ва захираҳои меҳнатиро тақозо менамояд».
Меҳвари асосии сиёсати Сарвари давлатамон  ҳимояи минтақаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва фарҳангии Тоҷикистон мебошад, ки барои рушди ҳамаҷонибаи кишварамон равона шудааст.

II
Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳамеша дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба Афғонистон мебошад. Сарвари давлатамон ҳанӯз пеш аз воқеаи 11 сентябрии ИМА пешниҳод карда буданд, ки дар атрофи Афғонистон камарбанди амниятӣ эҷод гардад. Мутаассифона, на ҳамаи давлатҳои бузург дар он вақт ба ин пешниҳод аҳамияти ҷиддӣ доданд ва танҳо баъд аз ҳодисаи 11 сентябр аҳамияти ин пешниҳодро дарк намуданд.
Дар Паёми соли 2017 низ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои муҳимтарин, аз ҷумла бо кишварҳои  Осиё сухан ронда, ёрӣ ва эҳёи иқтисодӣ ва рушди  иҷтимоии Афғонистонро роҳи беҳтарини истиқрори  сулҳу субот дар минтақа арзёбӣ намуданд. Ба ин хотир, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал  оварданд, ки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон ва беҳбуди вазъи амниятии он ёриҳои  амалиро бештар намоянд. Ҳамчунин, тақвияти ҳамкориҳои  беғаразонаи  Тоҷикистонро ба ин кишвари ҳамсоя бори дигар возеҳан таъкид карданд.
Пешвои миллат ҳамеша ба ин назар ҳастанд ва дар ин Паём низ бори дигар сареҳан изҳор карданд, ки ба кишварҳои Аврупо ва Амрико, ҳамчун шарикони муҳими байналмилалӣ дар асоси эътирофи баробарҳуқуқӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми якдигар ҳамкориро судманд ҳисоб мекунанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ба туфайли кӯшишҳо ва ташаббусҳои  бузурги байналмилалии Сарвари давлатамон обрӯю эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ торафт боло рафта, муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодии он тавсеа меёбанд. Бинобар ин, Президенти муҳтарам изҳор доштанд, ки  барои фаъол гардондани муносибатҳо ва ҳамкориҳо бо кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Ин чунин маънӣ дорад, ки акнун Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол имконият дорад, ки бо давлатҳои тамоми  қитъаҳои  олам робитаҳои ҳамаҷониба барқарор намояд.
Дар ин росто Сарвари давлат ба дипломатияи иқтисодӣ махсус аҳамият дода, густариши  ҳамкориҳои иқтисодиро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумлаи вазифаҳои  мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумат донистанд. Ин вазифаи Ҳукумат аз Стратегияи миллии рушд то давраи 2030 низ ба ҳисоб меравад, зеро ҷалби созмонҳои  байналмилаливу минтақавӣ барои иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳим зарурати марҳилаи кунунии рушди кишвар мебошад.

III
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта ба сармояи инсонӣ, ки муҳаррики пуриқтидори пешрафти инноватсия ва технологияҳои  нав мебошад, диққати бештар дода шудааст. Бинобар ин, Президенти муҳтарам ҷалби ҷавононро ба илм, татбиқи лоиҳаҳои  инвеститсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ,  ихтироъкорӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсиониро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар донистаанд. Аз ин ҷиҳат, маблағгузории буҷетӣ барои илм сол ба сол бештар шуда истодааст.
Ба вуҷуд омадани проблемаҳои нав вазифаҳои навро дар назди олимон мегузорад. Тавре ки маълум аст, тағйирёбии иқлими сайёра ба ҳаёти экологии тамоми минтақаҳои он таъсир кардааст, дар Тоҷикистон, ки кӯҳҳои он манбаи бузургтарини  таъмини обҳои кишоварзӣ ва ошомидании Осиёи Марказӣ мебошанд, гармшавии ҳаво боиси обшавии пиряхҳо гардида, мувофиқи  маълумоти дар Паём зикркардаи Президенти Тоҷикистон «аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад».
Бинобар ин, тибқи дастури Сарвари муҳтарами давлатамон  дар сохтори Академияи илмҳо таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо дар назар гирифта шудааст ва, ҳамчунин, идома додани таҳқиқоти илмӣ доир ба гуногунии биологӣ, сарватҳои зеризаминӣ, ҷустуҷӯи геологӣ, бостоншиносӣ ва таъриху фарҳанги миллиро ба таври ҷиддӣ таъкид карданд.
Аз Паём як масъалаи муҳими дигар - махсусгардонии  соҳаҳои таҳқиқот ба назар мерасад, ки   диққати муҳаққиқонро   ҷалб мекунад. Воқеан ҳам, махсусгардонии таҳқиқот ва ба ин самт раҳнамун сохтани олимони соҳаҳои гуногуни илм зарурати замон мебошад, ки ғарбиҳо онро хеле барвақт дарк ва амалӣ кардаанд. Масалан, яке аз файласуфони намоёни қарни ХХ Мартин Хайдеггер (1889-1976) дар ин бора навиштааст: «Махсусгардонӣ на маҳсул, балки асоси пешрафти ҳар гуна таҳқиқот аст. Таҳқиқот дар ҳаракати тадриҷии худ ба соҳаҳои номураттабе, ки дар онҳо нопадид гардад, пароканда намешавад, зеро илми нави Аврупои Ғарбиро раванди сеюми таҳдобсоз, яъне истеҳсолот, муайян кардааст».
Зимнан бояд ёдовар шуд, ки яке аз сабабҳои пешрафти давлати Сомониён таваҷҷуҳи хосса ба илм будааст ва дар истеҳсолоти он давра аз дастовардҳои илм истифода мекарданд. Таҳқиқоти нуҷумӣ, ҷуғрофӣ ва мардумшиносии Абурайҳони Берунӣ, кашфиёти тиббӣ ва техникии Ибни Сино дар ҳамон давра буданд.
Яке аз масъалаҳои муҳим ва тақдирсоз барои ҷомеаи ҷаҳони муосир ташаккули тафаккури солими илмӣ ва динӣ мебошад, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат  ҳамчун мавзӯи рӯз баён шудааст. Дар дунёи имрӯз паҳн гардидани терроризм ва шаклҳои гуногуни ифротгароӣ, аз ҷумла экстремизми динӣ ва мазҳабӣ боиси изтироби олами тамаддун гардидааст. Аслан терроризм, экстремизм ва ифротгароии динӣ маҳсули сиёсатҳои ғосибона  будаанд ва ҳастанд, ки аз дин ва эҳсоси динии мардум суиистифода мекунанд. Бояд эътироф кард, ки дар байни уламои дин шахсиятҳои донишманд, бофарҳанг ва ватанпараст кам нестанд. Вале баъзе шахсоне, ки худро   ҳамчун уламои динӣ вонамуд мекунанд ва ба сиёсатбозӣ мепардозанд, дар назари мардум эътимодро ба  рӯҳониёни таҳаммулгаро ва мутавозеъ коста мекунанд.
Вақте сухан дар бораи мавқеъ ва ҷойгоҳи дин дар ҷомеаи башар меравад, воқеият чунин аст, ки махсусан баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолиятҳои динӣ густурдатар шуда, созмонҳои экстремистии динӣ, махсусан исломӣ, ҷаҳониёнро ба ташвиш овардаанд. Сабаби асосии ин падидаро олимон ба таври гуногун тавзеҳ мекунанд. Масалан, яке аз файласуфону муҳаққиқони амиқназари муосири рус Н.Н. Моисеев (1917 - 2000) чунин ақида дорад: «Динҳо дар сарнавишти  инсоният нақши  бузург мебозанд ва хоҳанд бозид. Динҳо дар «лаҳзаҳои сарнавиштсоз», ҳангоме ки ба сари ин ё он халқ хатари воқеӣ таҳдид мекунад, дорои аҳамияти махсус мешаванд. Дар пешорӯи фалокате, ки инсонҳо онро баргардонда наметавонанд, боварӣ ба илм ва фарҳанги анъанавӣ  аз байн меравад. Вақте ки донишҳои ақлонӣ барои раҳоӣ аз вазъияти хатарнок роҳ нишон дода наметавонанд, инсон дар дин ҷавоб меҷӯяд. Дар чунин  «вақтҳои ноумедӣ» ҳамеша ба дин таваҷҷуҳ бештар мешавад, аҳамияти он дар ҳаёти одамони зиёд меафзояд».  Президенти муҳтарами кишвари мо, бо назардошти ин нукта ва мавқеи дини мубини ислом дар ҷомеаи мо ва минтақаву ҷаҳон сиёсати давлатиро нисбат ба дин муайян кардаанд ва эҳтиромро ба арзишҳои дини ислом ва мероси динии гузаштагони халқамон зарур донистаанд.
   Таҳқиқи амиқтари мероси мутафаккирон ва адибони тасаввуф нишон медиҳад, ки дар баробари нуқсонҳо ва маҳдудияти афкорашон, ки муҳри замонашон дар он ҳувайдост,  дар осори онҳо андешаҳои зидди таассубу ҷаҳолат, зоҳирпарастии динию риёкорӣ мақоми муҳим дорад. Имрӯз ин гуна ақидаҳои мусбати онҳо дорои аҳамият буда, дар муборизаи  идеологӣ ба муқобили мубаллиғони экстремизми сиёсӣ ва ифротгароёни динӣ, аз ҷумла ифротгароии исломӣ,  зарур мебошад.
Таваҷҷуҳ кунед, ки яке аз мутафаккирони мутасаввифи асри XI Аҳмади Ҷомӣ дар бораи тақлиду таассуби пешвоёни риёкори дину мазҳаб ва аз илму ақл роҳгумзада, чунин навиштааст: «Дар корҳо на ба ақл ва на ба илм ва на ба амал ва на ба таҷруба ва на ба илми уламои росих, ҳама бар тақлиди устоди хеш ва бар тақлиди якдигар корро бар даст гирифтанд  ва на дар суду зиёни он нигаранд ва на дар хайру шарри он. Ҳар чи дигар мардумон мекунанд, эшон низ фаро кардан гиранд. Чун фаро эшон гӯӣ:  «Нек нест!» Ҷавоб ин диҳанд  ва ҳуҷҷат ин оранд, ки: «На, дигар мардумон, ҳамчунин, мекунанд!»  Аз ин кор бас муроде ҳосил наёяд. Марди оқил ва ориф ва олим бояд, ки коре, ки кунад, на бар тақлиди ҳар касе кунад. Аз паси илму  маърифат назар кунад ва ба кор дарнигарад ва ҳар чи насиби ақл аст, ба ақл бикунад ва ҳар чи насиби илм аст, ба илм бикунад ва он чи насиби адл ва сидқ аст, ба ростӣ бикунад». 
Ё шоир дар бораи муллоҳои хурофотӣ, ки ба тӯмору таъвиз мардумро фиреб медоданд, навиштааст:
«Ки нависам туро яке таъвиз,
Пок дор, эй ҷавон, мадор пализ.
Лек ҳадия пагоҳ мебояд,
Хуни мурғи сиёҳ мебояд».
Ин ҳама ҳила баҳри як ду дирам,
Шом ё чошнӣ барои шикам.

Албатта, мероси маънавии бузургони илму адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик дар ташаккули шуури таърихӣ ва донистани хидмати онҳо дар рушди озодандешӣ муҳим аст. Вале барои ҳамқадами замон шудан, зарур аст, ки  аксарияти афроди  кишвар бояд дорои ҷаҳонбинии илмӣ  ва мавқеи устувор ва солими сиёсӣ бошанд, то ки аз дасисаҳову фиребҳои душманони истиқлолият ва давлати миллии мо дар дохил ва хориҷи кишвар зуд огоҳ шаванд, посдори дастовардҳо ва амнияти давлатамон гарданд. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ барои пешгирии терроризм ва хатарҳои имконӣ таъкид карданд: «Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус вазъи  Афғонистони ҳамсоя моро водор мекунад, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараҷа диҳем». Амнияти кишвар ин заминаи ободию осудагии ҳар хонадон, таҳсили илму дониш, пешрафти  фарҳанги фардию ҷамъиятӣ, ошноии хориҷиён бо табиати зебову мафтункунандаи Ватани азизамон ва расму одатҳо ва ҳунарҳои асилу нотакрори  халқамон мебошад.
    Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як асари таҳқиқию таҳлилии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ аст, аз лиҳози илмӣ хеле амиқ буда, нигоҳи дурандешонаи як сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ба воқеаҳои дохили кишвар ва ҷаҳони муосир мебошад. Ва, месазад, ки мо ин асарро бештар мутолиа намоем, сабақ гирем ва барои иҷрои ҳидоятҳою супоришҳои Сарвари давлатамон бо ғайрату матонат ва содиқона кӯшиш намоем, то ки вазифаи шаҳрвандии хешро сарбаландона ифо карда бошем.
Кароматулло ОЛИМОВ,
Академик


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.02.2018    №: 35    Мутолиа карданд: 222

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед