logo

Хабарҳо

Бекоршавии ақди никоҳ аз мушкилоти мубрам боқӣ мемонад

Қосимзода Идигул, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз пошхӯрии оилаҳо изҳори нигаронӣ намуда,  гуфт, ки соли 2017 дар кишвар 2100 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд.
- Ин нишондод нисбат ба соли сипаригардида 497-то кам бошад ҳам, ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ба ин хотир, тасмим гирифтем барои пешгирии ҳолатҳои барҳамхӯрии оилаҳо чораҳои муассир роҳандозӣ намоем, - гуфт Қосимзода Идигул.
Ба иттилои ӯ, ба зиндагии мустақилона омода набудани ҷавонон, дар рӯҳияи  таҳаммулпазирӣ тарбия наёфтани онҳо, дахолати наздикон ба ҳаёти навхонадорон аз сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳо маҳсуб меёбад.
Зикр гардид, ки паст будани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, хушунату зӯроварӣ дар оила, ки боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегарданд, содир намудани ҷиноят ва нақзи қонун аз ҷониби занон,  аз таҳсил дур мондани  духтарону кӯдакони ноболиғ аз мушкилоте маҳсуб меёбанд, ки кумита тасмим дорад дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ андешад.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 268

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед