Хабарҳо
Агентӣ 1980 ҷинояти коррупсиониро ошкор кард
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли 2017 дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 954 тафтишу санҷишҳо гузаронда, 548 ,1 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд.
Аз ин ҳисоб ба фоидаи давлат 282,5 миллион сомонӣ барқарор карда шуд, ки 51,5 дарсади зарари ошкоршударо ташкил медиҳад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Абдукарим Зарифзода, муовини аввали директори агентӣ, иттилоъ дод. Мавсуф дар посух ба суоли хабарнигорон вобаста ба ҳаҷми ками зарарҳои барқароршуда изҳор дошт, ки воқеан ҳам ин миқдор (51,5 дарсад) роҳбарияти агентиро низ қонеъ намесозад. Аз ин рӯ, барои пурра барқарор намудани зарари молиявии ошкоршуда ба дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодҳо ирсол гардида, иқдомҳои нав рӯйи даст гирифта шуданд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1980 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки аз ин шумора 650 - тои он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 269