logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. Ба ҳунар арҷ мегузоранд

Дар шаҳри Бохтар Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон таҳти унвони “Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.

Чорабинии мазкур, ки дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сурат гирифт, аз се қисм – конференсияи илмӣ - амалӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ иборат буд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон, зикр кард, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ҳоло шумораи занони ҳунарманди хатлонӣ ба ҳазорҳо нафар расидааст. “Бо ин мақсад дар вилоят маркази ҳунаромӯзӣ таъсис ёфта, ҳамзамон, шуъбаҳои он дар ҳама шаҳру ноҳияҳо фаъол шуданд. Ва дар як фурсати кӯтоҳ қариб 5 ҳазор занону духтарон нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро дар ин марказҳо аз худ карданд. Ҳоло ҳунари қолинбофӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, чакандӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, зардӯзӣ дар шаҳру навоҳии Норак, Ёвон ва омода кардани армуғонҳои ҷолиби серхаридор дар ноҳияи Балҷувон рушд ёфтаанд. Агар ба ҳунарҳои мардумӣ арҷ нагузорем ва ба хоҳишмандон наомӯзонем, мисли шишагарӣ ва сӯзангарӣ метавонанд аз байн раванд”, - афзуд раиси вилоят.
Дар форум меҳмонон тавонистанд, ки бо ҳунарҳои мардумии кешбофӣ, адрасбофӣ, тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, шероздӯзӣ, гардию докабофӣ, попурдӯзӣ, рафидаю мухпару табақу қошуқсозӣ ва армуғону бозичасозӣ аз мису гилу чӯб ва даҳҳо ҳунарҳои волои дастӣ аз наздик шинос шаванд ва хостаашонро бихаранд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 279

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед