logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

2 ТОННА ВАЗНИ ЯК ҲАҚҚИ ҚАЛАМ
Соли 1748 олими намоёни рус Михаил Василевич Ломоносов ба шаҳбону Елизавета (духтари Пётри 1) мадҳияе бахшид. Дар ин қасида Ломоносов маликаро ҳамду сано хонда, боварии хешро ба он изҳор намуд, ки даврони салтанати ӯ мисли падараш шуҳратманд хоҳад шуд.
Мадҳия ба малика Елизавета хуш омад. Ӯ ба олим ва шоир 200 рубл инъом кард. 200 рубли танга дар миёнаҳои асри 18 хело маблағи калон буд. Барои ба манзилаш расондани  тангаҳо, ки қариб 2 тоннаро ташкил медод, ба муаллиф якчанд дучарха лозим омад. Гап сари он аст, ки он замон пулҳои қоғазӣ ба муомилот бароварда нашуда буданд.
Танҳо 29 декабри соли 1768 Екатеринаи 2 қарор қабул намуд, ки пулҳои мисин ба пулҳои сабуки қоғазӣ иваз карда шаванд. Воқеан, ба наздикӣ як нусхаи ҳифзшудаи тангаи мисии давраи салтанати Елизавета дар яке аз музоядаҳо ба маблағи 50 ҳазор франки швейтсарӣ харида  шуд.   
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10 ТАҲҚИҚОТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ ТОҶИК
Гӯгирд ва спирт
Ихтирои гӯгирдро ба химики фаронсавӣ Жан Шансе мансуб медоданд. Дар адабиёти илмӣ омадааст, ки бори аввал ӯ гӯгирдро соли 1805 кашф намудааст.
Аммо сарчашмаҳои таърихӣ собит намудаанд, ки бори аввал фосфор (кибрит) – ро, ки ҳоло онро дар шакли гӯгирд истифода мебарем, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ (865 - 925) кашф ва сӯхтани онро собит намудааст.
Спирт то замони Закариёи Розӣ на танҳо истифода намешуд, балки мавҷуд набуд. Дар баробари кашф намудани он Розӣ собит намуд, ки ин маҳлул қобилияти пурра пок намудани ҷароҳат ё ҷойи ҷарроҳиро дорад ва дар тиб метавон аз он васеъ истифода кард.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ВАХШ – САРЧАШМАИ НУРУ ОБОДӢ
Водии Вахш яке аз водиҳои пурвусъату зебоманзари Тоҷикистон аст, ки дар шукуфоиву ободонии он дарёи ҳамномаш нақши калидӣ доштааст. Ин дарё ба ҷуз аз обёриву сарсабзии диёр, инчунин, дар нурафшонии хонадони тоҷикон саҳми бузурге дорад.
Чархҳои бузурги силсила-неругоҳҳои барқии обӣ: Сарбанд, Норак, Сангтӯда, Бойғозӣ ва Роғун, ки сохтмонаш идома дорад, маҳз аз оби Вахш гардон мешаванд.
Вахш нишебиву фарози зиёдеро тай намуда, 170 километр болотар аз резишгоҳи худ ба водии ҳамномаш мерасад. Манбаи ғизои он асосан пиряхҳо мебошанд.
Дар ҳавзаи ин дарё 569 кӯли хурду калон мавҷуд буда, онҳо дар баландии 2800 - 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Захираи калони дарё барои обёрии заминҳо низ истифода бурда мешавад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ОФАРИНИ МАЙНАИ САР!
Ба андешаи Михаил Ковалчук, узви шӯрои илм ва омӯзиши Русия қувваи зарурии барқе, ки як зарфи обро ба ҷӯш меорад, бо қувваи фиристодани паёми савтии як телефони мобилӣ баробар аст. Пас тасаввур кунед, ки телефон ба майнаи сари инсон чи қадар таъсир мерасонад. Бо вуҷуди ин, имрӯз тақрибан тамоми аҳолии кураи Замин телефони дастӣ дорад.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи  навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» - и саҳифаи «Шоми шанбе» - и  рӯзнома ҷамъбаст гардид.  Аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои хешро пешниҳод намуданд. Тибқи хулосаи ҳайати таҳририя миёни доираи васеи ширкаткунандагон Исматулло Ҳасанов, сокини  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ғолиб дониста шуд.
Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки  Уғулой Файзуллоева  аз шаҳри Гулистон, Маҳмадшариф Асоев аз ноҳияи Файзобод, Маҳмадшариф Гулмуродов, Сафаралӣ Саидалиев, Ислом Қурбонов ва Хизматалӣ Чоршанбиев аз шаҳри Норак, Одина Давлатов ва Маҳмадулло Маҷидов аз шаҳри Душанбе, Бобомурод Бедимоғов аз ноҳияи Тоҷикобод, Мавҷуда Нозарова аз ноҳияи Мурғоб дар пешниҳоди ҷавобҳо ширкати фаъолона доштанд, вале бо сабаби он, ки Исматулло Ҳасанов ҷавобҳои  пурра пешниҳод намуд, пирӯзиро ба даст овард.

Костум чанд пул меистад?
Аҳмад аз дӯсташ Рустам, ки костуми наву зебо дар бар дошт, пурсид, ки онро чанд пул харидааст. Рустам дар ҷавоб гуфт:
- Ба ту як муаммои шавқоварро пешниҳод мекунам, агар ҷавоби онро ёбӣ, нархи костумро низ муайян карда метавонӣ: нархи пиҷак ҳамон қадарест, ки ба нархи шим ва камзӯлча дар якҷоягӣ баробар аст, аммо нархи пиҷак ва ду шим 175 сомонӣ ва шиму ду пиҷак бошад, 100 сомонист. Нархи костум чанд пул аст?

Ҷавоби муамморо  расм гирифта, ба мо ирсол намоед!
93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


РЕКОРДИ САДОҚАТ – 87 СОЛИ ОИЛАДОРӢ
Дар озмуни шахсони аз ҳама зиёд дар ақди никоҳи ҳамдигар буда, Карам ном сокини 107 – солаи Ҳиндустон ва ҳамсараш Катара Чанди 100 - сола дар ҷойи аввал қарор гирифтанд.
Онҳо 87 сол пеш бо ҳам издивоҷ намудаанд. Исми ҳамсарони хушбахт, ки 8 фарзанд ва 28 набераро парваридаанд, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид карда шуд. Онҳо дар шаҳри Панҷоб бо ҳам ақди никоҳ баста бошанд ҳам, ҳоло дар Бердфорди Англия ба сар мебаранд. Ин ҷуфти муносиб оилаи беҳтарину хушбахттарини ҷаҳон шинохта шудааст.
Таҳияи ЗЕБО Назарова


СТАЛИН ВА ОЗОДИИ ТУПОЛЕВ
Ба фармондеҳи авиатсия А. Е. Голованов дар хати фронт хабар доданд, ки Туполев  омадааст:
- Ӯро чӣ хел назди шумо биёрем, бо муҳофизон ё танҳо?- пурсиданд дарбонон.
- Чӣ хел муҳофиз, албатта, худашро танҳо?- ҳайрон шуда, гуфт Голованов.
Ман ҳатто намедонистам, ки Туполев дар зиндон аст ва ӯро то пеши ман бо муҳофиз овардаанд, он рӯзҳоро ба ёд меорад фармондеҳи авиатсия ва қисса мекунад: «Андрей Николаевич, ин инсони дар ҳақиқат нексиришту хушбин аз рӯи табиате, ки дошт, аз дар бо табассум даромад. Мо дар бораи бомбаандози нави ӯ суҳбат доштем. Қарор буд, ки онро рӯзҳои наздик дар авиатсияи дурпарвоз истифода намоем.
Рӯзи дигар ман дар назди Сталин дар ҳамин бора маълумот дода, дар омади гап Туполевро каме васф ҳам кардам.  Хуллас, бо рафиқ Сталин маслиҳатро пурра пазондем, вале ӯ ҳис мекард, ки боз чизе гуфтан мехоҳам.
Ман ҳам таваккал карда пурсидам:
- Рафиқ Сталин Туполев барои чӣ дар маҳбас аст?
- Мегӯянд, ки ӯ ҷосус будааст,- гуфт Сталин, вале дар сухани ӯ на қатъият буду на боварӣ.
Инро пай бурда, боз пурсидам:
 -Худи шумо ба ин бовар доред?
- Ту чӣ?- якбора ба савол гузашт рафиқ Сталин.
- Тамоман бовар надорам,- бо қатъият гуфтам ман.
- Медонӣ чӣ,- гуфт баъди андаке сукут рафиқ Сталин,- ман ҳам бовар надорам ва маънидорона бо ман хайрухуш кард.
Рӯзи дигар хабар расид, ки Туполев аз зиндон озод шудааст».
Аз русӣ тарҷумаи
 М. ОДИНАЕВА


7 шахсияти шинохтае, ки дар филм нақши худро бозидаанд
5. Доналд Трамп
Доналд Трамп, ки соли 2016 Президенти ИМА интихоб гардид, то ба арсаи сиёсат омадан, соҳибкори муваффақ ба ҳисоб мерафт. Тибқи маълумоти маҷаллаи «Forbes» сармояи ӯ соли 2016 3, 7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медод. Худи ҳамон сол маҷаллаи «Time» ӯро шахсияти сол эълон кард.
Доналд Трамп солҳои аввали фаъолияти тиҷоратиаш дар як қатор силсилафилмҳои телевизионӣ ва филмҳои бадеӣ нақши худро бозидааст, ки «Кӯдаки танҳо дар хона 2», «Момодоя», «Шоҳзода аз Беверли-Ҳиллз», «Рӯзҳои ҳаёти мо» миёни тамошобинон маҳбубият доранд.
Таҳияи Комрон САФАР


АЛМОСҲОИ КАЛОНТАРИН
Дар Ёқутистон ду алмоси калони 97,92 ва 85,62 карата ёфт шуд. Дар ин бора бо такя ба маълумоти ширкати «Алроса», ки ин сангҳоро ёфтааст, нашрияи “Korrespondent.net” хабар додааст.
«Мо аз муаррифии бозёфтҳои нав хеле шодем. Воқеан ҳам, сангҳои бузурги аз 50 қирот калон дар табиат хеле кам дучор меоянд», - гуфтааст Евгений Агуреев, роҳбари  ширкати «Алроса».
Алмоси 97,92 қирот санги шаффофи намудаш зардтоб буда, ченакҳояш 26 х 17 х 21 аст. Алмоси дувум, ки  шаффоф ва зардтоб аст, ченакҳояш 27,89 х 27,20 х 27,14 миллиметрро ташкил медиҳад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


АЛМОСҲОИ КАЛОНТАРИН
Дар Ёқутистон ду алмоси калони 97,92 ва 85,62 карата ёфт шуд. Дар ин бора бо такя ба маълумоти ширкати «Алроса», ки ин сангҳоро ёфтааст, нашрияи “Korrespondent.net” хабар додааст.
«Мо аз муаррифии бозёфтҳои нав хеле шодем. Воқеан ҳам, сангҳои бузурги аз 50 қирот калон дар табиат хеле кам дучор меоянд», - гуфтааст Евгений Агуреев, роҳбари  ширкати «Алроса».
Алмоси 97,92 қирот санги шаффофи намудаш зардтоб буда, ченакҳояш 26 х 17 х 21 аст. Алмоси дувум, ки  шаффоф ва зардтоб аст, ченакҳояш 27,89 х 27,20 х 27,14 миллиметрро ташкил медиҳад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА


15 КОРНОМАИ ҶБВ
Нахусттаран
Николай Гастелло (1907-1941) лётчики ҳарбӣ, қумондони эскадриляи 2-юми полки авиатсионии дурпарвози бомбаандози 207-ум, капитан.
Челонгар буд, соли 1932 ба сафи Артиши Сурх пайваст. Ба полки авиатсионӣ афтоду лётчик шуд. Николай Гастелло иштирокдори се ҷанг аст. Як сол пеш аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ унвони капитанро гирифт.
26 июни соли 1941 экипаж зери фармони капитан Гастелло барои гулӯлаборон намудани колонаи механиконидаи фашистон парвоз кард. Аммо колона зери ҳимоя буд. Ҳодиса дар роҳи байни шаҳрҳои беларусии Молодечно ва Радошкович сар зад. Муҳорибаи ҳавоӣ ба вуқӯъ пайваст. Самолёти Гастеллоро аз замин бо тӯпи зенитӣ заданд. Гулӯла зарфи сӯзишвориро сӯрох намуд, тайёра аланга гирифт. Капитан метавонист бо парашут худро партофта, дар амон монад. Вале ӯ ба савганди додааш содиқ монд. Николай Гастелло тайёраи монанд ба кураи оташинро рост ба болои колона равона сохт. Ин нахустин тарани оташбор дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Номи лётчики қаҳрамон вирди забонҳо гашт. То охири ҷанг касе, ки ба таран мерафт, ӯро гастеллочӣ меномиданд. Ва чунин корнамоӣ дар солҳои ҷанг 600 маротиба такрор шудааст, ки поягузораш Николай Гастелло маҳсуб меёбад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
16. Пули «Фаввораи рангинкамон»
Пуле, ки аз ду тарафаш дарозтарин фаввораи ҷаҳон (1140 метр) ҷойгир мебошад, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид шудааст. Он дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ду соҳили дарёи Ханшуйро ба ҳам меорад, фаввора бошад, дар он танҳо соли 2009 пайдо шуд. Зери навои мусиқӣ ва нурҳои рангоранги светодиодҳо ҳаракати фаввораҳои об рақси зебоеро мемонад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ЯК ПАНД
Мо бояд зиндагиро аз хатои дигарон омӯзем. Худамон он қадар умр намебинем, ки ҳамаи онро мустақилона содир ва ислоҳ намоем.
Ҳаймен Ҷорҷ РИКОВЕР


АГАР ИНТЕРНЕТ АЗ БАЙН РАВАД
Сотсиологҳои амрикоӣ миёни мардум пурсишеро гузаронданд, ки агар дар кишвари онҳо дастрасӣ ба интернетро қатъ намоянд, пас онҳо чӣ хоҳанд кард?
67 дарсади  пурсидашудагон изҳор доштанд, ки ҷойи истиқомати худро иваз карда, ба он ҷое хоҳанд рафт, ки бо дастрасӣ ба Интернет ягон мушкилӣ набошад. Зеро барояшон алоқа бо Facebook, Twitter аз ҳама муҳим аст.
14 дарсади дигар изҳор намуданд, ки аз бекорӣ ба ҳолати таназзул ва афсурдаҳолӣ гирифтор хоҳанд шуд. 11 дарсад аз чунин ранг гирифтани вазъият хеле хушҳоланд, зеро вобастагии худро ба Интернет дарк менамоянд ва аз норасоии вақт ва ҳамдигарнофаҳмӣ бо наздикон шиква доранд. 6 дарсад  бо камоли майл Интернетро бо бозиҳои компютерӣ иваз хоҳанд кард.
2 дарсади пурсидашудагон ҳатто изҳор намуданд, ки худкушӣ хоҳанд кард, зеро тамоми ҳодисаҳои муҳими ҳаёти онҳо дар Интернет мегузарад. Қисми зиёди намояндагони ин гурӯҳро занҳо ташкил медиҳанд.
Таҳияи  Раҳматулло КАРИМОВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
8000 километр — бе нохудо
Дар вақти тӯфон дар соҳили ғарбии Австралия заврақи пойгавӣ, ки дар бандар арғамчинбанд буд, канда шуд. Заврақро якчанд моҳ кофтанд, аммо бенатиҷа. Оқибат ёфт шуд: ҷараёни об онро ба масофаи 8000 километр дурӣ, ба кишвари Мозамбики қитъаи Африқо бурдааст. Ҳарчанд дар дохили заврақ касе набуд, ба ин сафина зараре нарасидааст. Боз як тасодуф: ҳамсояи соҳиби заврақ дар замони пайдо гаштани  он дар Мозамбик, дар ҳамон ҷое, ки заврақ шино карда ба соҳил расид, истироҳат мекардааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


СЕГОНАИ ТИЛЛОӢ
Замоне хирадманде гуфтааст: «Дар ҷаҳон чанд сегонаи тиллоӣ вуҷуд доранд, ки ҳаёт аз онҳо маъно пайдо мекунад».
Се чизе, ки бозпас намегарданд: сухан, имконият, вақт.
Се чизе, ки набояд гум кард: шараф, оромӣ, умед.
Се чизе, ки дар ҳаёт муҳим аст: эътимод, эътиқод, дилбастагӣ.
Се чизе, ки устувор нестанд: иқбол, қудрат, ҳолат.
Се чизе, ки одамиятро муайян мекунанд: дастовард, поквиҷдонӣ, меҳнат.
Се чизе, ки инсонро вайрон мекунанд: кина, май, ғурур.
Се чизе, ки гуфтанаш хеле душвор аст: «Ёрӣ деҳ», «Бубахш», «Дӯст медорам».
Акнун шумо ҳақиқати ин сегрнаро медонед. Мувофиқи қоида амал карда, аз лаҳзаҳои бебозгашти умр баҳра баред.
Таҳияи Г. МАВЛОНАЗАРОВА


САГ "СИТОРАИ ФУТБОЛ"
Дар Аргентина бо шӯру шавқ «ситораи нави футбол» - ро, ки дар бозии дастаҳои San Lorenzo  ва Arsenal дурахшид, муҳокима менамоянд.
Дар яке аз лаҳзаҳои бозӣ ғайричашмдошт ба майдон сагчаи хурдакаке баромад ва гӯё чун ҳамлагари ботаҷриба тӯбро соҳиб шуд. Бозигари чорпоя ҳарчанд моҳирона техникаи бозиро нишон дод, лекин қоидаро вайрон кард ва ба ин хотир, лозим омад, дидорро қатъ намоянд.
Саг «корти сурх» гирифт ва аз майдон берун рафт. «Хабарнигорони маҳаллӣ барои гирифтани мусоҳибаву аксбардорӣ ба сӯйи вай шитофтанд, аммо ситораи нави футбол аз шарҳи ҳолати рӯйдода худдорӣ кард»,- навиштааст сомонаи HTB.Ru.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


10 ҶОНВАРИ ҒАЙРИОДӢ
Меганевр ё чархбол
Бо гузашти миллионҳо сол дар сайёраи мо дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд. Гап дар он аст, ки бештари ҳайвонҳои ваҳшии даври қадим на танҳо ғайриодӣ, балки бисёр бадҳайбат ҳам буданд. Бо мурури замон ва тағйири иқлим шакли онҳо низ иваз гардид. Аз назари олимон ин ҷонварон то имрӯз пурра аз байн нарафта, танҳо ҳаҷман хурд шудаанд.
Соли 1880 нахустин маротиба дар Фаронса боқимондаҳои ҳайвонҳои ғайриодии азимҷусса бо номи Меганеврҳо, ки ба сӯзанакҳо шабоҳат доштанд, пайдо гардиданд.
Меганевр ҳашароти  ваҳшӣ буда, ду ҷуфт бол, ҷоғҳои мустаҳкам – мандибулҳо, як ҷуфт чашм ва чанголҳои гиро дошт. Ҳангоми парвоз ба чархболи ҳаҷмаш хурд монандӣ мекард. Аҷиб ин аст, ки дарозии болҳои меганевр як метрро ташкил медоданд ва он дар бешазорҳо бемалол шикор мекард.  То ин давра ягон ҳашароти дигари ба он баробар пайдо нашудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2018    №: 36    Мутолиа карданд: 468

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед