logo

фарҳанг

СУҲРОБИ АРСАИ ҲУНАР

Асарҳои тасвирии «Натюрморти шакароб», «Қатораи аввалин», «Духтарони шоҳмотбоз» (1972), «Декрет дар бораи ташкилёбии РСС Тоҷикистон», «Натюрморт бо тор», «Чеҳраи духтарам» ва «Савораҳо» - и Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов осорхонаву нигористонҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро зебу оро дода, осори монументалии ӯ имрӯз ҳам бинову иншооти гуногун, аз ҷумла Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи М. Миршакар (собиқ китобхонаи ба номи Фирдавсӣ) ва бинои Сирки давлатии Тоҷикистонро оро медиҳанд.
Номбурда сараввал омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимовро хатм карда, минбаъд таҳсилашро дар Донишкадаи рассомии ба номи Сурикови Русия идома дод. Ӯ ҳанӯз донишҷӯ буд, ки асарҳои офаридаашро мустақилона ба намоиш мегузошт. Истеъдоди воқеан волову худодод, ҷаҳонбинӣ ва дарки фалсафии мавзӯъ дар як муддати кӯтоҳ ӯро ба қуллаҳои баланди эҷодӣ расонд. Ӯ миёни рассомон сабку услуби хосси хешро пайдо намуда, оҳиста - оҳиста дар офариниши асарҳои гуногунжанри ҳунари тасвирӣ мумтоз гардид. Рассоми ҷавон ҳанӯз соли 1967 дар намоишгоҳи «50 солагии мактаби рассомии шӯравӣ» (Ленинград) ва «50 солагии Октябри Кабир» (Душанбе) ширкат намуда, сазовори баҳои баланди мутахассисони соҳа гардида буд.
Соли 1977 барои асарҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Тӯй» ва  муҷассамаи монументалии «Тоҷикистони Шӯравӣ» сазовори Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ гардид. Он замон ин барои ҷавони эҷодкори тоҷик муваффақияти бузург буд. Дар оғози солҳои 80-ум С.Қурбонов ба мавзӯъҳои таърихиву фалсафӣ бештар рӯ оварда, асарҳои баландмазмуни «Абуалӣ ибни Сино (Авитсенна)», «Дар боғ», «Хотираи Мирзо Турсунзода», «Соҳиби замин», «Илҳом» ва «Андеша дорам, пас арзи вуҷуд мекунам» - ро офарид. Асарҳои мазкур дар муддати кӯтоҳ намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонро сайр карда, сазовори баҳои баланди мутахассисону тамошобинон гардиданд. Соли 1986 барои дастовардҳои бузурги эҷодӣ дар рушду инкишофи ҳунари тасвирии тоҷик Суҳроб Қурбонов бо унвони Рассоми халқии Тоҷикистон сарфароз гардид. Ӯро на танҳо дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки берун аз он низ мешинохтанд ва ба эҷодиёташ арҷ мегузоштанд. Соли 1989 вакили халқии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуда буд. Ӯ ягона ва нахустин рассоми мо буд, ки унвони Рассоми халқии СССР - ро сазовор гардид.
Эҷодиёти ин рассоми номдори тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мавзӯъҳои ватандӯстӣ, таърихи бостон, ҳаёти имрӯзаи ҳамдиёрон ва паҳлуҳои гуногуни ҳунари тасвирии тоҷикро таҷассум менамояд. Соли 1992 асарҳои Суҳроб Қурбонов дар Олмон, соли 1993 дар Ҷумҳурии Исломии Покистон, минбаъд солҳои 1993, 1994, 1995 дар Швейтсария ба намоиш гузошта шуда, мардуми Аврупоро низ тасхир намуданд.
Аз соли 1995 ӯ бо асарҳояш дар «Арт - салони байналмилалӣ», дар намоишҳои байналмилалии «ЭКСПО - 2000» (Олмон), солҳои 2001 - 2003 дар қароргоҳи СММ ширкат варзидааст. Дар рафти ифтитоҳи намоиши асарҳои рассомии СММ собиқ Дабири кулли ин ниҳоди ҷаҳонӣ  Кофи Аннан ширкат намуда, ба асарҳои ӯ баҳои баланд дод.
Ӯ  ягона рассоми тоҷик аст, ки се маротиба солҳои 1990, 1995 ва 2010 соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст. Ӯ дорандаи медали тиллои ба номи Пушкин ҳам буд. Нишони фахрии Вазорати умури хориҷии Федератсияи Русия барои хизматҳои махсусаш дар роҳи таҳкими дӯстии халқҳо пас аз марг дар ҷашни 70 - солагиаш ба пайвандонаш супурда шуд.
Суҳроб Қурбонов ҳарчанд имрӯз дар байни мо нест, аммо асарҳояш дар осорхонаи таъсисдодааш дар маркази шаҳри Душанбе – «Suhrob Aгt Galeгy» ва дар осорхонаҳои бузурги Русия, ИМА, Олмон, Швейтсария ва дигар кишварҳои ИДМ дар намоишанд. Онҳо барои мардуми дунё собит месозанд, ки дар Тоҷикистон ворисони ҳақиқии Беҳзоди мусаввир ҳастанд ва пайи кору ибтикороти тозаанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2018    №: 36    Мутолиа карданд: 440

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед