logo

сиёсат

МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ

16 феврали соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид, ки дар он аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, аъзои Комиссияи марказии тафтишоти ҳизб, аъзои фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парламент, роҳбарони як қатор кумитаҳои ҳизбии минтақаҳо, комиҷроияҳои ибтидоии ҳизбӣ, вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшида, ба баррасии ҳозирин рӯзномаи маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар бораи «Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ барои соли 2018» - ро пешниҳод намуданд.
Раиси ҳизб зимни суханронӣ, аз ҷумла иброз доштанд, ки имрӯз барои ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даврае фаро расидааст, ки аз фаъолияти ҳизб дар соли 2017 ҷиҳати амалӣ гардондани ҳадафҳо ва барномаҳо натиҷагирӣ намуда, барои соли нави 2018 нақшаҳоро муайян намоянд. Таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳанд, ки кори ҳизб, бахусус дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дуруст ба роҳ монда шавад.
«Мо дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Дар дунё таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Дар гӯшаҳои мухталифи дунё, дар кишварҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулотҳое ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа бетаъсир намемонанд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас ва роҳандозӣ намоем», - таъкид доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Изҳори боварию эътимод карда шуд, ки ҳар як чорабинӣ ва маъракаю ҷашнҳои ороста барои сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлол мусоидат менамояд.
Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди  пешбаранда ва неруи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи  шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст. Фаъолияти фарогири ҳизб бозгӯи он мебошад, ки дар байни мардум маҳбубияти хос дорад.
Аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб, ки дар айни замон шумораи онҳо ба зиёда аз 460 ҳазор нафар мерасад, ҳамеша дар сафи пеши муборизони таҳкими сулҳу субот ва тараққиёт мебошанд, ки чунин мавқеи устувор обрӯи онро дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа беш аз пеш афзун гардонда истодааст.
Дар амри созандагию бунёдкорӣ ва таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи калон пайдо кардааст. Барномаҳои он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳсозии зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронда шудаанд.
Баъдан бархе аз аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Шодигул Қонунзода - директори мактаби президентии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Аловиддин Амирзода - омӯзгор аз вилояти Хатлон, Муслимахон Ҷамолиён - раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, Муистон Азизова - раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, Баҳодур Исҳоқов - раиси ташкилоти ибтидоии “Сафед-Дара” ва Саодат Холмирзоева - магистри Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба музокира баромада, назару андешаҳои худро перомуни амалӣ кардани қарорҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои мақомоти олии ҳизб баён доштанд ва барои боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолияти минбаъдаи ташкилоти сиёсӣ ва таҳкими обрӯву нуфузи он дар ҷомеа пешниҳодҳои мушаххасро манзур намуданд.
Дар ниҳояти кори маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон иштирокдоронро барои таҳкими ҳамаҷонибаи сулҳу ваҳдат, меҳнати садоқатмандона ба нафъи халқу Ватан даъват намуда, бо назардошти тағйиру иловаҳо қарори маҷлисро ба овоз монданд, ки он аз ҷониби аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб якдилона пазируфта шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.02.2018    №: 36    Мутолиа карданд: 275

10.12.2018


МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории фестивали сайёҳӣ

Бунёди гармхона бо усули гидропоникӣ

Олимони тоҷику рус 200-солагии шарқшиносии Россияро таҷлил карданд

Дар Лаҳистон конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт

Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин анҷом меёбад?

Кишварҳои G-20 мубориза бо маблағгузории терроризмро таҳким мебахшанд

Ҷаҳон дар як сатр

Бозгашти Фузайлов ба футболи тоҷик


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед