logo

Хабарҳо

Варзиш

«Истиқлол» бори чаҳорум Ҷоми ФФТ-ро дарёфт намуд
Дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) дар дидори ниҳоӣ ҷиҳати дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон тими «Регар – ТадАЗ» - и Турсунзодаро бо натиҷаи 3 : 1 шикаст дода, бори чаҳорум барандаи ин ҷом гардид.
Голҳоро аз дастаи «Истиқлол» Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев ва Эҳсони Панҷшанбе ба самар расонданд. Муаллифи голи «Регар – ТадАЗ» ҳимоятгар Сайдамири Сайдаҳмад гардид.
Медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ – 2018 – ро футболбозони дастаи «Панҷшер» ба даст оварданд. Онҳо дар дидор барои дарёфти мақоми сеюм тими ССКА «Помир» - ро бо ҳисоби 2 : 1 мағлуб намуданд.

Ширкати аввалини тими дучархасавории кишвар дар ЧО
Тими мунтахаби дучархасавории Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ бори аввал дар Чемпионати Осиё, ки аз 8 то 12 феврали соли равон дар Мянма баргузор гардид, ширкат намуд.
Тоҷикистонро  Далер Савостянов аз вилояти Суғд ва Муҳаммадҷон Азизов (Душанбе) таҳти сарварии мураббӣ Ҷалол Раҳимов намояндагӣ намуданд.
Муҳаммадҷон Азизов дар зӯрозмоӣ ба масофаи 106 километр бо натиҷаи 2. 35. 01 ҷои 35 – умро ишғол кард ва вақти нишондодааш аз ғолиби мусобиқот камтар аз ду дақиқа тафовут дошт.

Самбогарони тоҷик дар радифи беҳтаринҳои ҷаҳон
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии самбо, пас аз ҷамъбасти соли 2017 федератсияи мазкур раддабандии самбогарони маъруфи ҷаҳонро нашр намуд. Мутобиқи он паҳлавони шинохтаи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 74 килограмм Беҳрӯз Хоҷазода дар мақоми дувум қарор гирифт.
Варзишгари умедбахш Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг бо касби 2100 имтиёз рақами аввали раддабандӣ дониста шуд.
Мубориз Мунавваров ва Ҳасани Ҷомӣ дар вазнҳои хеш мутаносибан мақомҳои панҷуму шашумро сазовор гаштанд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 325

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед