Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Regnum.ru. «Вашингтон дар масоили киберамният ба ҳамкорӣ бо ҳукуматдорони Русия омода аст», гуфт ёвари президенти ИМА оид ба масоили амнияти миллӣ Герберт Макмастер дар конфронси 54 - уми Мюнхен оид ба амният.
Kommersant.ru. Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки омода аст, ба Донбасс 10 ҳазор сулҳофар фиристад.
АИР Новости. ИМА тадбирҳои дипломатии ҳалли қазияи ҳастаии Кореяи Шимолиро «то афтидани бомбаи якум» идома хоҳад дод, - изҳор дошт котиби давлатӣ Рекс Тиллерсон.
Sueddeutsche Zeitung. Суди Ироқ оид ба парвандаҳои ноболиғон духтари 17 - солаи олмонӣ В. Линда - ро барои узвият дар «Давлати исломӣ» ва убури ғайриқонунии сарҳади Ироқ шаш сол зиндонӣ намуд.
Tasnim. Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ATR - 72 дар музофоти Исфаҳони Эрон 66 нафар ба ҳалокат расид.
Gazeta.ru. Бино ба изҳороти намояндаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Марк Адамс, ниҳод Русияро аз иштирок дар Бозиҳои олимпии Пхёнчхан пас аз ошкорсозии эҳтимолии мелдоний дар варзишгари рус Александр Крушелнитский маҳрум сохтанӣ нест.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 446