Хабарҳо
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад
Директори генералии Департаменти ҳамкории молиявӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои грантии дафтари маркази Агентии ҳамкории байналмилалии Япония – JICA Эйчиро Чо зимни сафари корӣ дар Тоҷикистон аз ҷараёни сохтмони терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ӯ, ҳамзамон, бо шароит ва имкониятҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шинос гашта, ба ҷараёни бунёди терминали боркашонии фурудгоҳ, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, баҳои баланд дод.
Бояд тазаккур дод, ки дар асоси протоколи сеҷонибаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Агентии Япония оид ба рушди байналмилалӣ – JICA ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2014 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ – JICA вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» созишномаи грантӣ ба имзо расид. Тибқи он Ҳукумати Япония барои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе ва хариди системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS), системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ва таҷҳизоти коркарди борҳо барои терминали боркашонӣ ба маблағи тақрибан 17,5 миллион доллари ИМА грант ҷудо намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 283