logo

иқтисод

ДЕҲОТИ "ОБИ МЕҲНАТ". МАРДУМ БА РУШДИ КИШОВАРЗӢ ҲАВАСМАНДАНД

Дар доираи  тадбирҳои  амалинамудаи Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар дурдасттарин маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Рашт низ ҳавасмандии мардум ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзӣ, батадриҷ меафзояд.

Тавре Фатҳуддин Тоҷиддинов, раиси Ҷамоати деҳоти «Оби меҳнат» - и ноҳия, гуфт, сокинони ҷамоат аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, баҳри зиёд гардондани майдонҳои кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишоварзӣ талош меварзанд.
Дар ҳудуди ҷамоат 14 деҳа мавҷуд буда, 330 хоҷагӣ ва 2626 нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, бештари маҳалҳои аҳолинишини Ҷамоати деҳоти «Оби меҳнат» дар доманакӯҳҳо воқеъ буда, обу ҳаво ва заминҳои васеи ҳудуди он барои  рушди  чорводорию  занбӯриасалпарварӣ  ва боғдорию  картошкапарварӣ мусоиданд.
Кишоварзони ҷамоат соли сипаришуда дар майдони 25 гектар картошка, 96 гектар ғалладона, 10 гектар зироатҳои техникӣ, 25 гектар сабзавот кишт намуда, 6 гектар боғи нав бунёд карданд ва ҳосили хуби картошкаю ғалла, меваю сабзавот ва асал гирифтанд.
- Чойхона - фароғатгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, клубу китобхонаҳо ва марказҳои саломатӣ аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварда шуда, мушкилоти асосии мардум бартараф  гардидааст. Азми сокинони  деҳоти «Оби меҳнат»  он  аст, ки  бо меҳнати ҳалолу  софдилона  дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас  гузоранд, - гуфт Ф. Тоҷиддинов.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2018    №: 37    Мутолиа карданд: 255

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед