иқтисод
МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛНОШУДА БОҚӢ МЕМОНАД
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти кишвар, соли гузашта корхонаҳои пахта 112736,6 тонна нахи пахта, бофандагӣ 3357,7 ҳазор метри мураббаъ матои пахтагӣ ва ресандагӣ 17195,2 тонна риштаи пахтагин истеҳсол намудаанд. Корхонаҳои соҳаи саноати сабук, бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ, ба маблағи 2 миллиарду 546 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Суръати афзоиш нисбат ба соли пешӣ 48,6 дарсадро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба солҳои дигари ин даҳсола хеле баланд аст. Суръати рушди истеҳсоли ришта қариб ду баробарро ташкил дод.
Вале, дар баробари ин, масъалаи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо либоси мактабӣ ҳанӯз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад. Корхонаҳои «ИИ Нассоҷии Тоҷик», «Гулистони Душанбе», «Даҳбед-Д», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Нассоҷии Хуҷанд» ва «Коргоҳи дӯзандагӣ» - и шаҳри Қӯрғонтеппа, дар маҷмӯъ беш аз 1 миллиону 80 ҳазор адад либоси мактабӣ истеҳсол кардаанд, дар сурате, ки талабот қариб ду миллионро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта коргоҳу корхонаҳои дӯзандагии қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ аз рӯи дархости муассисаҳои таълими умумӣ либоси мактабӣ дӯхтаанд.
Аммо на танҳо ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ нисбат ба талабот кам аст, балки сифати маҳсулот низ ба беҳбудӣ ниёз дорад. Падару модарон онҳоро бо дили нохоҳам мехаранд. Таҷҳизоту технологияи куҳнаи коргоҳу корхонаҳои камиқтидор барои паст намудани арзиши аслии маҳсулот имкон намедиҳад, аз ин рӯ, нархҳо аксаран ба сифати либос мувофиқат намекунанд. Норасоии кадрҳои баландихтисос ҳам хуб эҳсос мешавад.
Шаҳзода Қаюмова, сардори шуъбаи саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, иброз дошт, ки пеш аз зиёд кардани хаҷми истеҳсоли мол бояд сараввал моли ватанӣ босифат, хуштарҳу замонавӣ ва мувофиқи табъи харидорон дӯхта шавад. Айни ҳол, сифати либоси мактабии истеҳсолнамудаи дӯзандагон талаботи харидоронро пурра қонеъ намесозад. Бо ин сабаб, 30 дарсади либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ ба фурӯш нарафта дар анборҳо хобидаанд. Барои истеҳсоли моли рақобатпазир бояд кадрҳои лаёқатманд тарбия намоем. Арзиши аслӣ дар савдои либос дар тамоми нуқтаҳои савдо бояд маҳаки асосӣ бошад. Ҳамчунин, ба маркетинг (бозорҷӯӣ) ва омӯзиши таҷрибаи ширкатҳои маъруф таваҷҷуҳи бештар мебояд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.02.2018 №: 37 Мутолиа карданд: 696