logo

маориф

Маркази тадқиқоти стратегӣ донишҷӯёнро ба кор ҷалб менамояд

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти бунёдии иҷтимоию иқтисодӣ аз рӯи лоиҳаи «Иқтидори маҳаллӣ ва минтақавӣ оид ба коркард ва мониторинги барномаҳои рушд ва фарогирии буҷет», дар доираи зерлоиҳаи «Мукаммалгардонии системаҳои иттилоотӣ дар сатҳи маҳаллӣ» маҷмӯаи «Ҷанбаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ»-ро нашр намудааст.
Сайфулло Сафаров, муовини директори муассисаи мазкур дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони марказ таҳлил ва пешгӯии равандҳои иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ, тадқиқоти проблемаҳои фаъолияти навоварӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, таҳлил ва пешгӯии равандҳои демократикунонӣ, этнополитикӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, тадқиқотҳои илмӣ оид ба самтҳои стратегии муносибатҳои байналмилалӣ, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва бахшҳои дигар корҳои муваффақона анҷом ёфтааст.
Дар баробари тадқиқоти илмӣ аз ҷониби марказ дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии меҳнат дар амалисозии лоиҳаи «Шарики устувор чун воситаи таъмини идоракунии самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» тадқиқоти сотсиологии  хоҷагиҳои манзилӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро дар як қатор ноҳияҳои  ҷумҳурӣ доир намуданд.
Айни ҳол беш аз 20 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникӣ,  Донишгоҳи Русия-Тоҷикистон дар марказ ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 622

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед