иқтисод
ОБ САРЧАШМАИ ПОКӢ ВА ҲАСТИСТ
«Ҳамагон бояд бидонанд, ки арзиши об аз нафт, газ, ангишт ва сарватҳои дигари табиӣ барои ояндаи устувори мамлакат ва минтақа камтар нест». Ин суханҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз даҳ сол қабл садо дода буд.
Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 22 декабри соли 2017 бори дигар ин масъалаи глобалии ҷаҳониро таъкид дошта, дар бораи бурду бохти соҳаи обёриву обтаъминкунӣ ва истифодаи захираҳои обӣ дар кишвар дастуру супоришҳо доданд. «Соли 2018 дар айёми таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо, чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд», - иброз доштанд Сарвари давлат.
Воқеан, солҳои охир дар бештари нуқоти олам норасоии об ба мушкили дардовари башарӣ мубаддал гардидааст. Хушбахтона, Тоҷикистони мо кишвари сероб буда, яке аз сарчашмаҳои оби нӯшидании минтақа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ба қадри ин неъмати бебаҳои Ватан расидан вазифаи инсонию шаҳрвандии мост. Хусусан, ҷавононро бояд ба ҳифзи покизагии об ва истифодаи сарфакоронаи он пайваста талқин созем, то ки қимати онро хуб донанд.
Гузаштагони мо аз қадим обро чун сарчашмаи покӣ дониста, аксар расму анъанаҳои миллиамонро бо обпошию обнӯшӣ ва покизакорӣ тавассути об оғоз бахшидаанд. Олуда кардани оби тозаро хирадмандону куҳансолонамон гуноҳи азим медонанд. Бузургони илму адаб пайваста ба об напартофтани ифлосиҳоро таъкид мекарданд.
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок.
Ҳоло беш аз 80 давлати дунё аз норасоии оби тоза душворӣ мекашад. Қимати об дар саросари олам пайваста меафзояд ва ҳикмати суханони Сарвари давлат ва панду насиҳати гузаштагонамонро дар бобати дуруст истифода намудани об бештар ҷилва медиҳанд.
Ҳилол БАҲРИДДИНЗОДА,
судяи суди ноҳияи Шоҳмансур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.02.2018 №: 37 Мутолиа карданд: 652