logo

иҷтимоиёт

ПАЁМ ҚУТБНАМО БА СӮИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА АСТ

ЛОИҚЗОДА Қаноатшо,
раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар давраи кунунии пуртазод, тағйирёбии босуръати вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита дурнамои пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолиро муайян намуд.

Дар ноҳияи Рашт баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияи инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд.
Ноҳия дорои имкониятҳои васеи рушди соҳаҳои иқтисодӣ, табиати рангин ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии зиёд буда, обу ҳавои он барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ (картошкапарварӣ, боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ) ва сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ мусоид аст.
Тайи солҳои охир бо дастгирии Роҳбари муаззами миллат дар ноҳия, хусусан дар маркази он – шаҳраки Ғарм, биноҳои наву замонавӣ қомат афрохта, симои ноҳия ба куллӣ дигаргун гардид. Меҳмонхонаҳо ва ошхонаҳои замонавии ҷавобгӯ ба талаботи сайёҳони дохилию хориҷӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, шоҳроҳ ва роҳҳои байни ҷамоатҳои деҳоту маҳалҳои аҳолинишин аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуданд. Ҳамасола беш аз 300 сайёҳи хориҷӣ ва 1000 сайёҳи дохилӣ ба тамошои ноҳияи мо меоянду аз дараҳои хушманзару овозадори Камароб, Ясман, Қалъанак, Ҳоит ва мавзеи таърихии Фолума дидан мекунанд. 
Доир ба татбиқи нуктаҳои Паём нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба тасвиб расида, масъулон баҳри татбиқи он фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Тибқи ин нақшаи чорабиниҳо фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар маҳалҳо, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як маҳал, ташкили марказҳо ва курсҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию молиявии соҳибкорону тоҷирон, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, густариш додани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва Донишкадаи омӯзгории ноҳия бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода кардани кадрҳои дорои ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолият дар як соли оянда маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, ба масъалаи боло бурдани сатҳу сифати омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас, таблиғи тарзи ҳаёти солим, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо тавассути озмун, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба замин, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин самт, беш аз пеш таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳо вобаста ба амалисозии ташаббуси глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028», баланд бардоштани самаранокӣ ва қобилияти рақобати иқтидорҳо, таҳлили натиҷаи амалишавии «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2017 - 2020» ва андешидани чораҳо ба хотири таҷлили сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат бунёди иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардондани маҳали зист, гулгашту майдонҳо ва анҷом додани дигар корҳои созандагӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомот арзёбӣ мегарданд.
Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристӣ нишон доданд, ки ноҳия вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёди рушди туризми экологӣ мебошад. Асоси онро шароити нодири табиӣ, манзараҳои дилфиреб ва фарҳанги этникии мардуми маҳал дар давраҳои мухталифи таърихӣ ташкил медиҳад. Бо мақсади бештар ҷалб намудани сайёҳон ба ноҳия дар мавзеъҳои таърихӣ ва тамошобоб бунёди истироҳатгоҳҳоро низ ба назар гирифта, дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намудем.
Сокинони ноҳияи Рашт азалан меҳнатдӯстанд. Бо итминони комил гуфта метавонам, ки онҳо аз шароити мусоиди маҳал ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурда, дар ҷодаи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ин гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо саҳми назаррас мегузоранд. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2018    №: 37    Мутолиа карданд: 338

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед