logo

фарҳанг

САЙЁД. КАШФИ БОЗ ЯК ШАҲРАКИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН

Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз 25 август то 25 октябри соли 2016 дар ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ  қарор  доштанд. Онҳо дар ёдгории то ҳол омӯхтанашудаи шаҳраки кӯшонии Сайёд ковишҳои соҳавӣ гузаронданд.

Дар робита бо натиҷаҳои ковишҳои мазкур муаллифон Давлатхоҷа Довудӣ ва Абдувалӣ Шарифзода китоби тозанашри «Шаҳраки кӯшонии Сайёд» - ро дар Осорхонаи миллӣ муаррифӣ намуданд.
- Осорхонаи миллӣ дар давоми фаъолияти худ собит намуд, ки кори он танҳо ба намоиш гузоштани асарҳои тасвирӣ, меъморӣ, гузарондани чорабиниҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ набуда, балки он метавонад ҳамчун маркази мустақили илмӣ ба ҳафриёту ковишҳои бостоншиносӣ ва дигар пажӯҳишҳои таърихӣ иқдом намояд, - изҳор дошт директори осорхона А. Шарифзода.
Дар ҷараёни кор аз шаҳраки ёдшуда хонаҳои истиқоматӣ, ошпазхонаҳо, анборҳои ғалла, сиккаҳои шоҳони кӯшонӣ, бутҳои гилии худоҳои зардуштӣ, борсангҳои бофандагӣ, маводи ороишии бонувон ва чандин лавозимоти дигари он замон дарёфт гардиданд. Дар асоси сиккаҳо муайян карда шуд, ки мавзеи ҳафриёт ба давраи Кӯшониён, асрҳои 1 ва 2 – и пеш аз мелод тааллуқ дорад.
Олимони соҳаи таърих Г. Каримова, Ҳ. Камол, С. Муллоҷонов ва Т. Филимонова баён доштанд, ки иштирокчиёни ҳафриёт бештари ҷузъиёти корро ба инобат гирифта, дар китоби «Шаҳраки кӯшонии Сайёд» ёдгориҳои таърихиро бо аксҳо ва маълумотномаи мухтасар такмил додаанд. 
Мурод Ёров, раиси Ҷамъияти ҳифзи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, иқдоми пешгирифтаи кормандони осорхонаро барои дигар марказҳои пажӯҳишӣ  намунаи  ибрат дониста, таъкид намуд, ки олимони ин ниҳод барои ҳифзи чандин ёдгориҳои таърихии  кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон саҳми босазо гузоштанд. Бавижа, тавассути мақолаҳои кормандон эшон дар мавриди як силсила қалъаҳои бостонии минтақаи Ёвон маълумот пайдо карда, барои ҳифзи онҳо чораҳои мушаххас андешида шуд.
Ш. Хоҷаев, намояндаи Вазорати фарҳанг, дар мавриди чопи солонаи «Ахбори Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ҳарф зада, изҳор дошт, ки маҷаллаи мазкур на танҳо мақолаҳои илмии олимони кишвар, балки кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Британияи Кабир ва кормандони осорхонаҳои ин кишварро дар бар гирифтааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 177

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед