logo

иқтисод

БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛӢ. НАЗОРАТИ ҶАМЪИЯТӢ РОҲАНДОЗӢ МЕШАВАД

Ҳифзи бозори истеъмолии мамлакат аз маҳсулоти пастсифату хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон яке аз вазифаҳои  асосии  агентии “Тоҷикстандарт” маҳсуб меёбад. Вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ, такмил додан ва таҷҳизондани озмоишгоҳҳо,  баланд бардоштани сатҳи касбият ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандон аз ҷумлаи иқдомҳои нави соҳа дар соли ҷорӣ мебошанд.
Агентии «Тоҷикстандарт» тасмим гирифтааст, ки бо васоити ахбори омма давоми сол ҳамкории зичро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон, соҳибкорон ва фурӯшандагон корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро пурзӯр намояд. Зеро тавассути суҳбати рӯ ба рӯ бо аҳолӣ  ва роҳандозии ҳамкории мутақобила  проблемаҳои дар бозори истеъмолӣ ҷойдоштаро беҳтар  ҳаллу фасл намудан мумкин аст. 
Бо назардошти коҳиш додани санҷишҳо  дар самти  ҳимояи бозори истеъмолӣ дар баробари ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин, агентӣ дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятиро ба роҳ монд.  Истеъмолкунандагон дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта метавонанд (электронӣ, телефонӣ, мустақим) ба агентӣ муроҷиат намоянд.
Ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти ба саломатӣ хатарнок на танҳо ба фаъолияти босамари мақомоти масъул, балки ба худогоҳию масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини кишвар вобастагии қавӣ дорад.  Аз ин рӯ, саҳм гузоштан дар ин раванд қарзи шаҳрвандии ҳар нафар ба шумор меравад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 242

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед