logo

иқтисод

ВАХШ. ШУҲРАТИ ПЕШИНА БАРҚАРОР МЕШАВАД

Ноҳияи Вахшро дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ асосан бо як маҳсулот мешинохтанд: пахта. Ва ҳар гоҳ сухан аз боби соҳаи кишоварзӣ мерафт, рӯзноманигорону адибон бо лутф тамоми минтақаи Қӯрғонтеппаро водии Вахши зархез унвон мекарданд. Ин ишорае буд ба ҳосилхезу макони “тиллои сафед” маҳсуб ёфтан ва асосан аз дарёи Вахш шодоб шудани заминҳои қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон. Ҳоло дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳурии маҳбубамон, мо – тоҷикистониҳо ноҳияи Вахшро на фақат бо пахтааш, балки бо қулфинаю лимӯи хушлаззат, бодирингу помидори барвақтӣ ва садҳо маҳсулоти дигари кишоварзию чорводорӣ ва саноатияш мешиносем.
Инак, баҳри муаррифии беҳтари дастовардҳои навини ин гӯшаи диёр фишурдаи мусоҳибаи ихтисосӣ, ки бо Шарбатулло Азизулло, раиси ноҳияи Вахш, анҷом ёфт, пешниҳоди хонанда мешавад.  
– Мусаллам аст, ки рушди ҳар шаҳру ноҳияро нахуст аз рӯйи нишондодҳои иқтисодияш муайян менамоянд...
–  Дуруст аст. Хушбахтона, дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Метавон дастовардҳои соли гузаштаро мушаххас зикр кард. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8 дарсад афзоиш ёфта, ба 941 миллиону 435 ҳазор сомонӣ расид, ки 75 миллиону 140 ҳазор сомонӣ аз соли 2016 фузунтар аст. Ин комёбӣ асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (52 миллион сомонӣ), кишоварзӣ (18 миллиону 400 ҳазор сомонӣ) ва роҳандозии корҳои бештари сохтмонию бунёдкорӣ (14 миллиону 400 ҳазор сомонӣ) ба даст омад. Нақшаи қисми даромади Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 38 миллиону 162 ҳазору 500 сомонӣ иҷро шуд, ки ин аз нишондоди соли 2016 ба маблағи 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Маҳз тавассути ҳамин музаффариятҳои меҳнатии сокинони ноҳия имкон фароҳам омад, ки музди миёнаи меҳнат ба 736 сомонӣ бирасад ва зимнан, бо илҳом аз ҳидоятҳои Сарвари давлат амалҳои созандаи зиёд анҷом дода шаванд.
– Чун зикри комёбиҳои иқтисодӣ рафт, мехоҳам дар бораи омилҳои пешрафт дар ин самти муҳим муфассалтар гуфта гузарем.
 –  Азбаски масъалаи тақвияти рушди иқтисодӣ   яке аз масоили меҳварӣ дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурист, он чи дар бахши давлатӣ ва чи дар бахши хусусии ноҳия ҳеҷ гоҳ сарфи назар нашудааст. Манзурам, дар асоси нақшаи нави генералӣ ва «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Вахш барои солҳои 2016 - 2020», ки дар маҷмӯъ 169 лоиҳа ва маблағи 238 миллиону 455 ҳазор сомониро дар бар мегирад, дар як фурсати кӯтоҳ корҳои зиёди ободкорӣ ба сомон расонда шуданд. То имрӯз аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ, сармояи хориҷӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, ташкилоту корхонаҳо ба андозаи 46 миллиону 837 ҳазор сомонӣ тадбирҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳо иҷро гардиданд. Чунончи, дар доираи ин дар маркази ноҳия бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон Зоир Давлатов ва Инобат Раҷабова маркази истеҳсолию таълимии атласу адрасбофӣ ва бо масрафи 174 ҳазор сомонӣ маркази омӯзиши ҳунарҳои қаннодӣ бунёд ёфтанд. Боиси ифтихор аст, ки маросими ифтитоҳи онҳо ва чанд иншооти дигар моҳи августи соли гузашта бо ширкати бевоситаи Президенти  маҳбуби кишвар сурат гирифт. Ҳамзамон, ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ барои бонувони маҳаллӣ дар ин давра ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ дар назди ширкатҳои «Раҳмониён» ва “Нигина” ду коргоҳи дӯзандагии дорои таҷҳизоти муосир таъсис дода шуд. Соҳибкор М. Сафарова дар Ҷамоати шаҳраки Вахш маркази савдои боҳашамат ва бинои истиқоматии бисёрқабатаро ба маблағи 318 ҳазору 741 сомонӣ сохта, ба истифода дод.
Бо ташаббуси якчанд соҳибкор маркази хизматрасонии тиббии дорои бинои муҳташами бисёрошёна бо сарфи 420 ҳазор сомонӣ, дорухона, иншооти дандонпизишкӣ ва ташхиси тиббӣ ба маблағи 360 ҳазору 456 сомонӣ дар маркази ноҳия, мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ба маблағи 44 ҳазору 700 сомонӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ бо номи кооперативи тиҷоратии «Нуфузи Вахш» ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бобати қонеъ кардани эҳтиёҷоти сокинон дар ин давра дар кӯчаи марказии ноҳия, яъне Исмоили Сомонӣ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, фурӯшгоҳ, маркази савдо, бинои истиқоматии бисёрошёна бо харҷи 3 миллиону 187 ҳазор сомонӣ ва нуқтаи муҷаҳҳази шустушӯи мошинҳо ба маблағи 2 миллиону 483 ҳазор сомонӣ қомат афрохтанд.
Соҳаи маориф дар сиёсати Сарвари давлат дар мадди аввал қарор дорад, баҳри беш аз пеш рушд додан, ба талаботи замон мувофиқ кардан ва қонеъ гардондани ниёзҳои сокинон сохтмони 55 синфхонаи иловагӣ дар назди 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ ба маблағи 28 миллиону 285 ҳазор сомонӣ, як бинои китобхона бо масрафи 1 миллиону 586 сомонӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 ба анҷом расид. Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 дар ҳамдастӣ бо Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо харҷи 1 миллиону 360 ҳазор сомонӣ шаш синфхонаи иловагӣ сохта шуд, баҳри тадриси фанни таълими меҳнат ба маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ синфхонаи махсус бунёд ва бо мошинҳои дарздӯзӣ, дастгоҳҳои ҳароратӣ ва тафдони пухтупаз таъмин гашт. Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони 10 синфхона барои 500 хонанда дар ду баст ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ва ҳамзамон, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ корҳои сохтмонии 10 синфхонаи дигар барои 500 хонанда дар ду баст ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ дар арафаи анҷомёбист. 
Дар соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва аҳолӣ 3 бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, эъмори 7 бунгоҳ идома дорад.
     Соҳибкорон ва сокинон дар тӯли як сол бо сарфи 1 миллион сомонӣ 3 пули мошингузар, 6,1 километр роҳи нақлиётгардро таъмири куллӣ ва 56 километрро таъмири ҷорӣ намуданд.
Бахшида ба Соли ҷавонон соҳибкори ҷавон Умед Сулаймонов дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод барои истифодаи аҳолӣ 4 майдончаи муосири варзишӣ бунёд кард.
Умуман, ҷой доштани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, майл ба созандагӣ ва ҳисси дӯстдории Ватан миёни ҳама қишрҳои мавҷудаи ҷомеа боис шуд, ки бо роҳандозии тадбирҳои зикршуда, дар ноҳия боз 1 ҳазору 800 ҷойи нави кор фароҳам ояд, ки ин дар қиёс ба соли 2016-ум 72 адад бештар аст.
– Водӣ ва ноҳияи Вахш бо пахтаи маҳиннах ному шуҳрат ёфтаанд...
– Муболиға нахоҳад шуд, агар бигӯем, ки деҳқонони мо ҳоло ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ шуҳратёранд.  Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи фаъолияти онҳо фарохтар шудааст. Акнун ноҳияи моро на фақат бо пахта, балки бо қулфинаю лимӯ, бодирингу помидор, полизиҳои хуштаъм ва асалу гӯшту ширу ҷурғоти босифаташ мешиносанду қадр мекунанд.
Агар ба рақамҳо назар афканем, соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ ба 779 миллиону 200 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки ин нисбат ба соли 2016-ум 18 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зиёд аст (102,4%). 50 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 72 ҳазору 800 тонна сабзавот, 10 ҳазору 600 тонна картошка, 3 ҳазору 100 тонна меваҷот, 6 ҳазору 200 тонна ангур, 24 тоннаю 500 кило асал, 9 ҳазору 300  тонна гӯшт ва 18 ҳазору 300 тонна шир истеҳсол шуд, ки афзоишашон дар муқоиса ба соли 2016 аз 3 то 9 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Киров саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Баҳористон” дар 10 гектар 36 гармхонаи доимоамалкунанда бунёд карда, парвариши лимӯ, бодиринг, помидор, қаланфури булғорӣ, занҷабил, қулфинай, гашнич, пиёз, шибит ва ғайраро ба роҳ монданд. Гармхонаҳо ба тарзи замонавӣ сохта шуда, ниҳоят пурбардоштанд.
Кишти чигит дар майдони 9 ҳазору 500 гектар гузаронда шуда, истеҳсоли пахта ба 21 ҳазор тонна расонда шуд. Заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонии “Сафар Ғаюр”, “Рашт”, “Истиқлол”, “Қумшаҳид”, “Бунёди Роғун”, “Аслан”, “Ваҳдат”, “Пайкзода”, “Ашӯрзода”, “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ва ғайраҳо бо андешидани тадбирҳои муассири агротехникӣ, сари вақт ва бе талаф ғундоштани ҳосил тавонистанд, ки аз ҳар гектар аз 35 то 43 - сентнерӣ “тиллои сафед” ба даст оваранд, ки ин аз ҳисоби миёнаи муқарраршуда хеле бештар аст.
Бо масъулият ироа медорам, ки дар фурсати начандон дароз ба шарофати сиёсати халқпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳиди дастовардҳои бештари камназир ва таъмин шудани зиндагии шоиста барои ҳар як сокини ноҳияи Вахш хоҳем гардид.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 175

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед