logo

фарҳанг

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ХОДИМИ НОМДОРИ ДАВЛАТИЮ СИЁСӢ

Пиру барно дар шоҳроҳ гирд омаданд. Мӯйсафедони ришсафеди рӯдакисурат - эшони Умархон, мулло Мирзои Маликҷонӣ, Қаноати Иброҳим, Наҷмиддини Шамсиддин, усто Камол ва садҳои дигар марди кулоҳпӯшро ба канор мекашиданд. Ӯ бо завқ бо пирон суҳбат карда, сӯи мо - талабагон сар меҷунбонд.
Ин дидор дар солҳои 60 - уми асри ХХ сурат гирифта буд. Ба мо, хонандагон супориш доданд, ки дар тозаву озода гардондани деҳаи Некнот фаъолона иштирок кунем. Зеро ба деҳа Бобоҷон Ғафуров меояд ва бо хонандагони мактаб низ дидору мулоқот мекунад. Омӯзгорон пеш аз ҳама болохонаи мактабро, ки бинои баланде буд, оро медоданд. Тайи чанд рӯз деҳа намуди зебое пайдо кард. Рӯзи боздиди Бобоҷон Ғафуров аз деҳаи Некнот тамоми мардум гӯё ба по хеста буд.
Директори мактаби деҳаи Некнот пеш - пешу дигарон аз қафо ба болохона баромаданд. Дар толори вохӯрӣ минбар дуруст кардаву парчам гузошта шуда буд. Хаёл мекунам он рӯз директори мо Ҳазратқул Ҳусейнов ҳатто фаромӯш карда буд, ки ҳар ду пояш чӯбинанд (дар ҶБВ аз пойҳояш маҳрум шуда буд),  чунки бо асобағалаш чусту чолок қадам мезад…
Дабистонро хатм  кардаму ба Душанбе рафтам, насибам гардид, ки чеҳра, симо, суханронии Бобоҷон Ғафуровро дар Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ хонаи маорифи сиёсӣ ва маҷлисгоҳи Академияи фанҳо борҳо бинаму бишнавам…
Баъдтар донистам, ки Бобоҷон Ғафуров ба миллат хизматҳои шоиста кардааст. Ин фарзанди фарзона беш аз даҳ сол сарвари Тоҷикистон буд ва чи хидмате барои халқ кард, ҳама медонем. Дар бораи шоҳасари «Тоҷикон» сухан рондан шарт нест, чунки дар ин маврид  борҳо гуфтаанд… Моро чизи дигар, ҳамон муҳаббати пиру барнои рустои Некноти шаҳри Панҷакент нисбат ба Бобоҷон Ғафуров то ҳол ба шигифт овардааст. Аз ҳамон рӯз то ба имрӯз чунин муҳаббату  ихлосмандии мардумро банда танҳо нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода дидам.
Дар замони шӯравӣ ба туфайли Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода тоҷиконро дар ҷаҳон, хосса дар Осиё, Аврупо ва Африқо мешинохтанд. Устод Лоиқ ҷойе фармуда: «Бузургонро бузургон зинда медоранд». Беҳуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бобоҷон Ғафуров унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро надодаанд. Пешвои муаззами миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор «фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон» меноманд.
Холмурод САФАРЗОДА,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2018    №: 38    Мутолиа карданд: 216

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед