Хабарҳо
Венесуэла соҳиби криптоасъори худ шуд
Vesti.ru. Ҷиҳати камтар кардани таъсири номатлуби таҳримоти молиявии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо Венесуэла дар ҷаҳон нахустин шуда ба криптоасъор рӯй овард ва «El Petro»- (петро) - ро ба муомилот мебарорад.
Мувофиқи маълумоти расонаҳои маҳаллӣ, президент Николас Мадуро умедвор аст, ки инвесторҳо аз Қатар, Туркия ва дигар мамолики Шарқи Наздик ба ин иқдом мароқ зоҳир мекунанд. Тибқи нақшаи ӯ криптоарзи петроро барои хариди асъори воқеӣ ва пардохти хизмати молгузорон метавон истифода бурд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 290