logo

иқтисод

МУЪМИНОБОД. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД

Ноҳияи Муъминобод  ба шарофати дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи созандагӣ  ва таъмини зиндагии шоистаи мардум  ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Давоми соли гузашта, бахусус таъмир ва бунёди роҳҳои автомобилгард ба самти афзалиятнок табдил дода шуд.
Дар доираи ин корҳо мумфаршсозии роҳи  дохили шаҳраки ноҳия оғоз ёфта, 20 километри он тариқи ҳашар сангфарш карда шуд. Ҳамчунин,  дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот  31 километр роҳи автомобилгард таъмири ҷорӣ ва 55,3 километри дигар сангфарш гардид. Инчунин, бо саҳмгузории аҳолии деҳаҳои Синҷӣ, Дашти Калон, Хоҷашаҳриёри Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ дар болои дарёи Сардоб бо дарозии 65 метр  пули устуворе  сохта шуд, ки ноҳияҳои Муъминобод ва Ховалингро ба ҳам мепайвандад.
Бо мақсади пешгирӣ аз офатҳои табиӣ  дар соҳили рӯдҳои Лангар, Ғарабдара, Тебалай, Туту, Сангдара, Хоҷаҳақиқ, Охзар, Сайёд ва Сарбанди канали Қулулу 25 220 метри мукааб корҳои заминӣ гузаронда,  ба  дарозии  1920 метр садҳои ҳимоявӣ ва тариқи ҳашар 5,5 ҳазор метри мураббаъ симтӯр хобонда шуд. Айни ҳол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойи Тутуи Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби ширкати сохтмонии «Сомон С» - и ноҳияи Фархор  оғоз гардид.
Бо маблағгузории Ҳукумати кишвар ва заҳмати кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия пойгоҳҳои обкашӣ пурра таъмир шуда, таҷҳизоти нав насб гардид. Заҳбуру заҳкашҳо ба масофаи 2 километр ва 1,5 километр хатҳои обёрӣ тоза карда шуданд. Айни замон барои пурра ва сари вақт таъмин намудани майдонҳои кишт бо об таъмири шабакаю пойгоҳҳои обёрӣ идома дорад.
Кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаро дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ қариб ба 545 миллион сомонӣ расондаанд. Дар масоҳати 14703 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт шуданд.
Ҳосилнокии зироатҳо дар Муъминобод  нисбат ба навоҳии дигари минтақаи Кӯлоб баландтар аст. Кишти тирамоҳӣ пурра ба анҷом расид.
Чорводорони ноҳия нишондиҳандаҳои асосиро барзиёд  иҷро намудаанд. Аз  ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ  наздики  254 миллион сомонӣ ба бахши чорводорӣ рост меояд. Саршумори чорво  дар ноҳия қариб ба 150 ҳазор, паранда  ба 78800 сар, шумораи оилаи  замбӯри асал ба 7600 адад расидааст.
Рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ давоми соли рафта ба фароҳам гардидани ҷойҳои зиёди корӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ мусоидат намуд. Баробари афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ шумораи зиёди сокинон ба шуғлҳои гуногун фаро гирифта шуданд. Мардум рӯзгори хушу осуда доранд ва аз ободию осудагӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва Сарвари хирадманду ғамхор шукрона мекунанд.
Акрамхон МУСЛИМОВ,
нафақагири хизматҳои  махсуси  Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтисодчӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2018    №: 39    Мутолиа карданд: 247

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед