logo

фарҳанг

ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕМ!

Бо қарори Конференсияи генералии ЮНЕСКО 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (International Mother Language Day) эълон шудааст. Ҳамасола он ҳамчун рӯзи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ ва мусоидат ба гуногунфарҳангию рангорангии бисёрзабонии кишварҳои олам ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин рӯз иттифоқ афтодани ҷашни мазкур, ки имсол 18 - умин солгарди он таҷлил мешавад, бесабаб нест. 21 - уми феврали соли 1952 дар шаҳри Даккаи Бангладеш аз тири кормандони мақомоти қудратӣ донишҷӯён - иштирокчиёни намоиши эътирозӣ барои ҳимояи забони модарии худ - бенгалӣ ба ҳалокат мерасанд. Онҳо мехос- танд, ки забони модариашон ба сифати забони расмӣ эътироф гардад.
Забон нахустунсури ҳастии миллат, омили ҳифз ва рушди мероси фарҳангии он ба шумор меравад. Иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллие, ки махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудӣ таҳдид мекунад, мебошад.
Рушди ҷаҳони муосир агар аз як ҷиҳат заминаҳои мусоидеро барои ташаккули гурӯҳе аз забонҳо фароҳам оварда бошад, ба гурӯҳи дигар таъсири манфӣ расонда истодааст. Бинобар ин, мутахассисон бар он андешаанд, ки агар айни замон ҷиҳати устуворӣ ва пойдории 6000 забони дар муоширатбуда чораҳо андешида нашаванд, пас то охири садсолаи равон ба қисме аз онҳо, махсусан забонҳои ақаллиятҳои миллӣ, хатари нестшавӣ таҳдид мекунад.
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ алҳол ба зиёда аз 2465 (43 дарсад) - и забонҳои рӯи олам хатари маҳвшавӣ таҳдид дорад. Хатари маҳвшавӣ ҳатто ба забони ақаллиятҳои миллии маскуни давлатҳои абарқудрати сайёра, аз қабили Ҳиндустон ба 197 забон, ИМА - 191, Бразилия - 190, Хитой - 144, Индонезия ва Мексика ба зиёда аз 140 забон вуҷуд дорад.
Мувофиқи маълумоти харитаи забонҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО танҳо дар давоми ҳаёти се насли одамӣ аз 6000 забони рӯйи олам 200 забон тамоман маҳв шуда, 500 забон дар ҳолати ногувору ба 500 забони дигар хавфи нестшавӣ таҳдид дорад. Дар маҷмӯъ ба зиёда аз 1000 забони дигар хавфи ҷиддии ноустуворӣ таҳдид менамояд.
Ҷиҳати пешгирии маҳви забонҳо зарур аст, ки барои асолату устуворӣ ва пойдории забони модарӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Омили асосӣ дар ин самт баробари донистану риояи забони давлатӣ, боз муоширати аҳли ҷомеа ба забони модарии худ, муҳайё кардани фазои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки ба бисёрзабонӣ ва эҳтиром ба забонҳои хурд мусоидат менамояд, мебошад.
Дар Тоҷикистон ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва ғайридавлатӣ эҳтироми хосса зоҳир мегардад. Сархати дувуми моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон агар забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо муқаррар карда бошад, пас сархати сеюми ҳамин модда таъкид менамояд, ки «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Гузашта аз ин, ба хотири эҳтироми ақаллиятҳои миллии маскуни кишвар дар қисме аз муассисаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ низ таҳсил ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст.
Вазифаи муҳиме, ки имрӯз пешорӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад, ин эҳтиром ба забони модарӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани он, арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, ҷалби шаҳрвандони ҳамаи халқиятҳои кишвар дар бун- ёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимояи арзишҳои мероси фарҳангии халқҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда мебошад.
Раҷабалӣ САНГОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2018    №: 39    Мутолиа карданд: 925

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед