иқтисод
СУҒД. САНОАТ РӮ БА РУШД
Соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар вилоят 76 номгӯй афзуд. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ зиёда аз 1,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки баробари 104 дарсади иҷрои нақша мебошад. Омили асосии ғанӣ гаштани буҷети маҳаллӣ, пеш аз ҳама, рушди истеҳсолоти саноатист. Дар ҳамаи самтҳои саноат - ресандагиву бофандагӣ, истихроҷи маъдан, тавлиди хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулот пешравиҳо ба назар мерасанд.
Ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода, ҷиҳати татбиқи «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба саноативу аграрӣ гузаштани мамлакат дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати таъсиси минтақаҳои нави саноатӣ қитъаҳои алоҳидаи замин ҷудо карда шуданд. Дар ин қитъаҳо бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ коргоҳҳои коркарду тавлидотӣ бунёд хоҳанд ёфт. Тақвият бахшидани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда аз ҳадафҳои асосӣ дар ин ҷода маҳсуб меёбад.
Дар заминаи афзоиши маҳсулоти саноатии вилоят гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои дур давоми соли сипаришуда ба 2 миллиарду 501 миллион доллари ИМА баробар шуд. Ҳаҷми содирот низ тамоюли афзудан дошта, дар ин муддат наздики 587 миллион доллар маҳсулоти гуногуни маҳаллӣ содирот шудааст.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2018 №: 39 Мутолиа карданд: 304