logo

маориф

Мавзӯи кӯҳнаю диди нав?

Вазорати маориф барои муаллимон пӯшидани либоси махсусро тавсия мекунад

Вазорати маорифи  Тоҷикистон намунаи либоси вижаро барои шогирдони макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯён муқаррар карда буд, ки боиси сару садоҳои зиёде гардид. Амали пешгирифтаи вазорат тарафдорон ва муқобилони зиёде дошт. Тарафдорон мегуфтанд, ки  пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагону донишҷӯён муҳим аст ва он ба боло рафтани сатҳи дониш, беҳдошти раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои  таълимии кишвар мусоидат мекунад. Фикрҳо дар ин маврид ба он асоснок мешуданд, ки либоси ягона онҳоро ба тартибот одат кунонда ҳамгунӣ ва ҳамсониро ба вуҷуд меорад, онҳо эҳсос менамоянд, ки яке аз дигаре бартарӣ надорад ва вазифаи ҳамаи онҳо дониш омӯхтан асту барои ояндаи миллату давлат хидмат кардан. Муқобилон даъво доштанд, ки чунин навъи либос барои волидайни макатаббачаҳо мушкилӣ меорад. Онҳо ҳам барои асоснок кардани фикрҳои худ мегуфтанд, ки дар кишвари мо корхонае, ки барои мактаббачаҳо либос истеҳсол кунаду талаботи мардумро қонеъ гардонад, мавҷуд нест. Ҳамаи либосҳои мактабие, ки дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо ба фурӯш бароварда мешаванд, воридотӣ ҳастанд, аз ин сабаб  бо нархи гарон фурӯхта мешаванд ва ҳар падару модар барои харидани он азият мекашад.
Албатта, аз як тараф пӯшидани либоси ягона мактаббачаҳоро ба тартибот одат кунонаду нобаробариро аз байн бубарад, аз тарафи дигар харидани он ба волидайни эшон мушкилӣ эҷод мекунад.
Баробари фаро расидани соли нави хониш, имсол ҳам Вазорати маориф масъалаи либосро дида баромад, аммо ин маротиба масъалаи пӯшиши муаллимон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар расонаҳои хабарӣ сабаби баҳси  навбатӣ гашт. Ва ҳамчунон тарафдорону муқобилон дошт.
Ҷалолиддин Амиров мутахассиси Раёсати томактабӣ ва миёнаи умумӣ гуфт: «Дар таҳияи ин либосҳо Амрикои навро кашф накардаем. Ҳамон либосҳое ҳастанд, ки имрӯз роиҷанд. Ҳамон костюмро имрӯз ҳар як омӯзгор мепӯшад. Барои занҳо бошад, ҳамон  куртаву доманҳоест, ки онҳо пеш аз ин ҳам мепӯшиданд. Аммо як шакли одӣ, зебову шинамро пешниҳод кардем, ки омӯзгор ба пӯшидани он ҳам ба хонанда намунаи ибрат бошад, ҳам аз пӯшиданаш шарм надорад».
Кормандони соҳаи Вазорати маориф зарурати ин амрро дар он медонанд, ки бархе устодон ба дарс бо либоси варзишӣ, ҷилодору гаронбаҳо ё беш аз ҳад тангу кӯтоҳ меоянду ба рафти дарс ва таълиму тарбияи шогирдон таъсири манфӣ мерасонанд.
Чамангул Сатторова, муовини директор оид ба таълиму тарбияи мактаби таҳсилоти умумии № 91-и пойтахт иқдоми пешгирифтаи Вазорати маорифро зарур дониста гуфт: «Пӯшидани ҳар гуна либос ҷои худро дорад. Вақте омӯзгор бо либоси ҷилодор ё бо либосе, ки ба устод мувофиқ нест, ба дарс меравад, чӣ гуна метавонад аз шогирдонаш пӯшидани либоси ягонаи мактабиро биталабад»?
Аммо барои Абдусаттор Мусофиров, хонандаи синфи 9-уми мактаби № 50-и пойтахт, муҳим нест, ки устодаш чӣ гуна либос ба бар дорад. ӯ мегӯяд: «Барои ман муҳим нест, муаллими ман либоси ҷилодор ба бар мекунад ё чизи дигар мепӯшад, муҳим он аст, ки дарсро хуб гузарад, ба  мо   чизи наве дода тавонаду аз дарси вай чизи наве омӯхта тавонем».
Бархе аз муаллимон бар онанд, ки иқдоми пешгирифтаи Вазорати маориф дар фаъолияти  онҳо мушкилӣ эҷод мекунад ва онҳо наметавонанд, либосҳои муқаррарнамударо харидорӣ намоянд. Аз ҷумла муаллимаи мактаби № 24-и ноҳияи Фархор Адолат Бӯриева мегӯяд: «Бо вуҷуди он ки маоши муаллим ба рӯзгораш кифоят намекунаду сатҳи зиндагиаш хело паст аст, боз аз ӯ пӯшидани либоси махсусро мехоҳанд. Ин барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мусоидат карда наметавонад».
Дар ин ҳол сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф Бибиҳаво Шарифова тазаккур дод: «Харидани либосҳое, ки вазорат муқаррар намудааст, ба муаллимон ҳеҷ мушкилие пеш намеорад. Зеро  либосҳо  одӣ буда, барои харид омӯзгорон маблағи зиёд сарф намекунанд».
Вазорати маориф танҳо дар бар кардани либосҳои таблиғкунандаи фаҳш ё шаҳватангез, пурҷило ва ҳамчунин либоси вобаста ба ҷараёнҳову мазҳабҳоро барои устодони макотиби олӣ ва миёна манъ кардааст. Устодон метавонанд бо либоси хоси урупоӣ, аммо зебову шинам вориди синфхона гарданд. Пӯшидани либосҳои миллӣ, рӯймол ё барои мардон пӯшидани тоқӣ манъ нест. Яъне ҳамаи либосҳо бо назардошти фикру ақида ва пешниҳодҳои омӯзгорон ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар муайян мегардад.

Фарзонаи Файзалӣ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 984

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед