logo

сиёсат

ДАР БАҲМАНМОҲ КӢ МАРДУМРО БА МАЙДОН КАШИД?

(Сухани шоҳиди асосӣ)
Муддати мадиде аз ин даҳшату ваҳшат сипарӣ нашудааст, вале тарафҳои асосӣ ва дар умқ нуҳуфтаи ин ҳодисаҳо аз ҷониби коршиносони касбӣ ҳанӯз таҳқиқ нагардидаанд. Ва ҳар матлабе ҳам ҳаст, кӯшишест баҳри мунҳариф сохтани насли ҷавонтар ва дур кардани сояи гуноҳ аз болои шахсияти хеш, ё доираҳои манфиатхоҳи алоқаманд бо ин қазия. Дар чунин ҳолатҳо, таърих муҳтоҷи онҳое мегардад, ки худ даруни ин деги ҳаводис ҷӯшидаю захму сӯзиши бардошта боис гаштааст, ки давраи муайяне ҳама сиру асрорро дар қалбу хотири хеш маҳфуз доранд. Вале қудрати сухан болотар аз ҳама кашфиёти замону ҷаҳон аст. Пардадари розҳосту ифшогари асрорҳо. Чеҳраҳоро боз мекунад. Рости якеро нишондиҳанда асту дурӯғи дигареро фошкунанда. Манзалати марди ҳақро то ба арш мебараду обрӯи аз кизб бархостаро то ба фарш.
Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Қаҳҳор Маҳкамов, ки ҳама бори гуноҳи ин ҳаводисро бар гарданаш ҳавола мекарданд, муддатҳои тӯлонӣ даври ҳодисаҳои февралӣ хомӯш буд. Ҳар гуфтаю навиштаро нисбат ба худ таҳаммул мекард. Шояд мунтазир буд, ки суханони дар он солҳо ба истеъфоталабон гуфтааш аввал тасдиқи худро ёбанд: «Ман мераваму шумо пушаймон мешавед». Ва сипас пардаи болои асрори нуҳуфтаро бардарид.  Шояд медонист, ки аз умраш он қадар зиёд намондааст ва набояд асрори он рӯзҳоро бо худ бурд...
22-юми майи соли 2014 дар маҳфили «Муколамаи таммадунҳо», ки поягузору таҳиякораш олиму рӯзноманигори шинохта Иброҳим Усмонов мебошад, Қаҳҳор Маҳкамов иштирок намуд. Бори аввал буд, ки ӯ дар бораи ҳодисаҳои баҳманмоҳи соли 1990, ки бадбахтиҳои фоҷиаборе бар сари миллати тоҷик оварданд, алоҳида нуктаҳоро ёдовар шуд. Ӯ хомӯшии 23 - солаашро бишкаст. Ҳарфҳоеро ба забон овард, ки тамоми ҷомеа ба шунидашон интизор буд. Ин ҳарфҳо аз забони фарде бурун омаданд, ки дар он лаҳзаҳои мушкил даруни моҷарою иғво афтида буду  будаву набуда, кардаю накардаро бар дӯшаш бор карда буданд. Таҳиягарони асосӣ хешро пушти дигарон  кашида, сари ҳар қадам тасдиқу ташвиқ мекарданд ва мекунанд, ки бо ин ҳодисаҳо дахле надоштанд, баръакс дигарон онҳоро ба майдони муноқишаҳо кашиданд. Қаҳҳор Маҳкамов аввалин касе буд, ки хақиқатро гуфт. Зеро шоҳиди зиндаи таърихи онрӯза буд. 
Номбурда дар ин нишаст рӯирост изҳор дошт, ки «нахустин эътирозгарони ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 бо таҳрики қозикалони вақт, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба кӯча баромада буданд». Таҳиягарони воқеаҳои февралӣ барои бедор намудани ҳисси эътирозии мардум, овозаи муносиберо бофта буданд: «Маҳкамов барои гурезаҳои арман  хона медиҳад». Хеле мақсадноку нишонрас. Далелҳои  кӯчонидани арманиҳои гуреза ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар он рӯзҳо ҷой доштанд. Ин як. Ҳамсари марҳуми Қаҳҳор Маҳкамов аз лиҳози мансубияти миллӣ ба миллати арманӣ тааллуқ дошт. Ин ду. Якҷо намудани ду далели бофташуда, вале барои гурӯҳи ноогоҳ муътамад, мардумеро, ки солиёни дароз дар навбати хона меистоданд ба ғазаб оварду онҳоро ба майдон кашид. Барои бештар шудани теъдоди эътирозгарон дигар ишколе вуҷуд надошт. Роҳбарони ҳамонвақтаи ҲНИТ, ки Акбари Тӯраҷонзода яке аз онҳо буд, аксарияти намозгузорони  масҷидҳои Ваҳдату ноҳияи Рӯдакиро бо фиреб ба майдонҳои Душанбе оварданд. Касоне намерафтанд, барояшон савгандҳои сангини хислати эътиқодидошта дода мешуд. «Иштиҳо ҳангоми тановул пайдо мешавад» - гӯён, дигар мавзӯи арманиҳову хона фаромӯш шуду талаботи дигар, аз қабили истеъфои ҳукумату роҳбарияти он пеш гузошта шуд.
Солҳои охир аксарияти онҳо пайваста талош ба харҷ  медиҳанд, то хешро дар даргириҳои Тоҷикистон бегуноҳ нишон диҳанд. Ҳарчанд бисёре аз онҳо қаблан ин ҳақиқатро инкор намекарданд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳанӯз дар соли 1998 бо изҳори пушаймонӣ навишта буд, ки: «…дар ба миён омадани ин фоҷиаи азим бар сари миллат ҳамаи дастандаркорони ҳамонрӯза, аз ҷумла банда, гунаҳкор ҳастем. Банда ин мавзӯъро ба хубӣ дарк намуд, гоҳе аз эҳсоси гуноҳу пушаймонӣ ва гоҳе аз эҳсоси аҷзу нотавонӣ ба худ мепечидам, ки чаро пеши роҳи чунин шакл гарифтани ҳодисаҳо ва рехта шудани хуни поки фарзандони ин сарзамини муқаддас, ятиму бепарастор мондани даҳҳо ҳазор тифли маъсум ва таҳқир шудани ҳазорҳо хоҳару модари тоҷикро нагирифтам» (Китоби «Миёни обу оташ», саҳ. 59).
Вале дере нагузашта, ӯ дар ин корҳо асосан ҲНИТ - ро гунаҳгор меҳисобад: «…ин бародароне, ки ҳизби наҳзат ташкил карда буданд, ба ҷои хизмат ба ислом ва мусулмонон, кишварро ба ҷанг кашиданд ва ин мусибати муштарак моро ҳам маҷбур сохт, ки  ҳамроҳи ҳазорон нафар ҳамватанон кишварро тарк намоем…» («Ҷумҳурият», 20 ноябри соли 1999, «Ихтилофи назар ё назаре ба ихтилоф». Матни мусоҳибаи Ҳ. А. Тӯраҷонзода бо хабарнигори радиои «Озодӣ» дар таърихи 19 октябри соли 1999).
Мутаассифона, зарфияти хотираи инсонӣ он қадар қавӣ набудааст. Чанд соли оромию осудагӣ метавонистааст, азобу ранҷҳои кашида ва онҳоеро, ки боиси ин дардҳо гаштанд хеле зуд аз лавҳи хотирот рӯфта партоянд. Ғофил аз он, ки шайтон ҳамеша дар камин аст. Шайтони соҳибтаҷрибаю дунёдида. Ва пайт мепояд, ки дар лаҳзаи мусоид, барои расидан ба ниятҳои амалинашудааш, онҳоро бори дигар ба ғоре тела диҳад, ки як дафъа ғалтида буданд. Роҳбарияти нави ҲНИТ дар симои Муҳиддин Кабирӣ бо усули террористӣ ва дастгирии хоҷагони доимии бегонаашон, моҳи сентябри соли 2015 аз нав талош карданд, ки ҳодисаҳои солҳои 90-умро дар Тоҷикистон такрор кунанд. Вале тирашон хок хӯрд.
Ҳоло ҳам аз нақшаҳои душманонаашон алайҳи миллати худ даст накашидаанд. Ғояю ақидаи бегона дар майнаашон якумра шах бастааст. Коме, ки аз табақи ғайр ширин кардаанд, оромашон намегузорад. Шириние, ки оқибаташ ҳамеша талх аст. Онҳо бояд қарзи худро ба хоҷагонашон баргардонанд: бо фурӯши худу миллату миҳани  худ. Барои ҳамин ҳам фурӯхтанду фурӯхтан доранд.
Шоҳрух КАМОЛОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2018    №: 39    Мутолиа карданд: 411

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед