logo

иқтисод

ПАЖӮҲИШГОҲИ БИОЛОГИИ ПОМИР. ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

Олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир дар пажӯҳиши мушкилоти ҷаҳонӣ - омӯхтани таъсири тағйирёбии иқлим ба рушду нумӯ ва ҳосилнокии рустаниҳои худрӯй  ва кишоварзӣ ширкат меварзанд.  Вазифаи экологон аз он иборат аст, ки дар байни рустаниҳои гуногун намуд ва навъҳоеро пайдо кунанд, ки ба тағйирёбии иқлим қобилияти устувори мутобиқшавӣ дошта бошанд. Кормандони муассиса исбот намуданд, ки тавассути истифодаи оби гарми  зеризаминӣ парвариши навъҳои гуногуни сабзавот ва гулу гулбуттаҳо имкон дорад.
Бино ба иттилои Довудшо Наврӯзшоев, сарвари Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, доктори илми биология, мевашиносони пажӯҳишгоҳ генофонди рустаниҳои мевадиҳанда ва аҷдодони худрӯи онҳоро дар ноҳияҳои Помири Ғарбӣ мавриди тадқиқот қарор дода, дар ҳудуди вилоят мавҷуд будани гуногунии хеле бойи дарахтони мевадиҳанда, ҳосилнокии онҳо вобаста ба баландии макони ҷойгиршавӣ, марзи болоии паҳншавии рустаниҳои мевадиҳанда, сифат ва ғизонокии онҳоро муайян намуданд. Дар натиҷа даҳҳо хели дарахтони мевадиҳанда ҷудо карда шуданд, ки аз ҷиҳати сифати меваи худ ба тадқиқоти иловагии селексионӣ эҳтиёҷ надоранд. Дар заминаи ин тадқиқот дар ниҳолхонаҳои пажӯҳишгоҳ барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кабудизоркунии ҳудуди шаҳри Хоруғ ва дигар маконҳои аҳолинишин ҳар сол даҳҳо ҳазор  ниҳолҳои мевадиҳандаю рустаниҳои  буттагӣ омода мешаванд.
Дар озмоишгоҳи генетикаю селексияи рустаниҳо бо роҳбарии Қозимамад Абдуламонов, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, доир ба ҷамъкунӣ ва нигоҳдории генофонди нодири зироатҳои кишоварзӣ - гандум, ҷав, ҷавдор тадқиқот идома дорад. Бо кӯшишу ғайрати олимону кормандони озмоишгоҳ тухмии навъҳои гандуми «Бобилло», «Сафедак», «Сурххӯша»,  «Садирас» ва дигар навъҳои селексияи мардумӣ аз нобудшавӣ наҷот ёфтанд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят тухмии ин навъҳоро танҳо аз озмоишгоҳ  дастрас кардан мумкин аст.  Пажӯҳишгарон  соли гузашта бештар аз 15 тонна тухмии ғалладона ва 11 тонна картошкаи тухмӣ тайёр намуданд. Яке аз падидаҳои нав дар фаъолияти кормандони озмоишгоҳ коркарди технологияи истеҳсоли тухми беҷурми картошка аз тухми ботаникии он мебошад. Ин усули ҳозиразамони биотехнологӣ гирифтани кулӯлаҳои беҷурмро таъмин мекунад. Соли гузашта бо истифода аз ин усул аввалин маротиба 3,5 тонна тухмии картошка ба даст оварда шуд. Соли сипаришуда дар пойгоҳи тадқиқотии ноҳияи Ишкошим дар баландии 2600 метр аз сатҳи баҳр  10 навъи нави беҳтарини картошка, ки селексионерони ҷумҳурӣ ба даст овардаанд, аз санҷиш гузашт. Натиҷа нишон дод, ки навъҳои нави картошкаи “Рашт” ва “Файзобод” нисбат ба навъи “Пикассо” аз ҷиҳати ҳосили лӯндаҳо бартарӣ дошта, барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзии вилоят мувофиқанд.
- Дар вилоят ба дарахтони мевадиҳанда 30, ба зироатҳои ғалладонагӣ 12 ва ба гиёҳҳои шифобахш 17 намуди ҳашарот зарар мерасонанд.  Олимони пажӯҳишгоҳ бар зидди ҳашароти номбурда чораҳои агротехникӣ, микробиологӣ ва химиявиро тавсия намуданд. Дар озмоишгоҳи пажӯҳишгоҳ дар  ҳамкорӣ бо мутахассисони  фабрикаи биологии шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба роҳ мондани парвариш ва истифодаи се намуд ҳашароти фоидабахш (габробракон, трихограмма ва тиллочашмак) падидаи нав дар фаъолияти ҳашаротшиносон мебошад.  Ҳар сол дар озмоишгоҳ бо риояи реҷаи махсуси ҳарорат, рутубатнокӣ ва муҳити хеле тоза садҳо ҳазор адад аз ин ҳашарот парвариш ва ба боғҳои дарахтони мевадиҳанда, майдонҳои сабзавоткорию полизкорӣ сар дода мешавад. Ин усул аз ҷиҳати экологӣ тамоман безарар буда, истифодаи он ҳосилро хуб ҳифз мекунад, - гуфт Довудшо Наврӯзшоев.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2018    №: 39    Мутолиа карданд: 440

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед