logo

иқтисод

ШАҲРСОЗӢ. АҚЛҲОРО АҚЛҲО ЁРӢ ДИҲАД

Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти шаҳрсозӣ дар кишвар оид ба мавзӯи «Риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ» машварати бинокорон баргузор гардид. Дар он муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, сармеъморон, намояндагони Ассотсиатсияи сохтмончиёни Тоҷикистон, Иттифоқи меъморон, вазорату идораҳо, фармоишгарон, роҳбарони муассисаҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардида истодааст. Корҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза гирифта, иншооти зиёди дорои аҳамияти бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода мешаванд, ки ин ифодагари сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ҷ. Аҳмадзода, ҳамзамон, изҳори таассуф намуд, ки дар бунёду лоиҳакашӣ ва ҷиҳозондани бинову иншоот аз масолеҳ, таҷҳизот ва мебели ватанӣ ба таври бояду шояд истифода бурда намешавад. Роҳбарони соҳа ба масъалаи ҷалб намудани мутахассисони болаёқат ба кор, баланд бардоштани малака ва дониши кормандон, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо кам аҳамият медиҳанд.
Таъкид гардид, ки барои амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба масъалаи бунёду таъмири иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан ободу зебо гардондани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо эътибори аввалиндараҷа додан зарур аст.
Файзулло Искандаров, сардори раёсати шаҳрсозии кумита, иброз дошт, ки дар соҳаи шаҳрсозӣ то ҳол камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доранд.
- Дар бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои сохтмонӣ бе риояи меъёру қоидаҳо, дастрасии қарорҳои дахлдор ва ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда шудаанд. Чунин биноҳо аз нигоҳи меъморӣ ҷавобгӯи талаботи имрӯза нестанд ва ин тарзи муносибат ба бинокорӣ бояд куллан аз байн бурда шавад, - гуфт ӯ.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2018    №: 39    Мутолиа карданд: 245

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед