фарҳанг
«ШОМИ ФАЛАКХОНӢ» ДАР КОНСЕРВАТОРИЯ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Жанрҳои «Шашмақом» - у «Фалак» аз мардум аст ва онро эҳтиёткорона ва бо санъати баланд ба силсилаи мероси мадании ин миллат ва фаротар аз он ба фарҳанги ҷаҳон пайвастан аз вазифаҳои муқаддаси аҳли ҳунар аст».
Бо ин мақсад дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ консерт таҳти унвони «Шоми фалакхонӣ» баргузор гардид.
Силсилаи мазкур консерти синфии дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Саъдулло Каримов ва шогирдони ӯ буданд. Саъдулло Каримов зимни муаррифии фалаксароёни ҷавон ба мероси бостонии фарҳанги тоҷик будани он ишора намуда гуфт: «Нахустин барномаи мо силсилаи фалакхониест, ки онро чанде пеш аз минтақаи Кӯлоб аз забони пирони барнодилу ҳунарманд сабт кардем ва бо тамрини пайвастаи шогирдон онро такмил додем. Махсусан, ба ин силсила рубоиёти Хайёмро баргузида, дар муқоми ду бо панҷ гардиш: даштӣ, равона, шикаста, чапзарб ва уфар омода намудем».
Аксарияти фалаксароёни ҷавон иҷрокунандагони беҳтарини солҳои гуногуни консерватория ва ҷоизадорони озмуну фестивалҳои мухталиф буданд.
Хуршед Иброҳимов, мудири кафед- раи сарояндагии анъанавӣ махсус қайд намуд, ки дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷоннок кардани фалаксароӣ, ки як бахши бебаҳову муассири фарҳанги ниёгон аст, аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мо маҳсуб мегардад.
Муассиса дар оянда низ кӯшиш мекунад, ки беҳтарин падидаҳои фарҳангиро аз байни мардум ҷамъоварӣ ва бо шаклу усули ҳунарӣ онҳоро мукаммал карда, аз нав ба халқ армуғон намояд, - афзуд Х. Иброҳимов.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш «Фалак» ҳамчун жанри таърихии овозхонӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид ва омӯзишу муаррифии он аз тарафи олимону мутахассисони дохилу хориҷи кишвар идома дорад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.02.2018 №: 40 Мутолиа карданд: 251