logo

иҷтимоиёт

ФАРЗАНД. ДАР ТАРБИЯ САҲМИ БЕШТАР БИГИРЕМ

Фарзанд дар парваришу нигаҳбонии дурусти волидон ва муассисаҳои таълимӣ ниҳоли мевадиҳандаеро мемонад, ки аз вай гирифтани ҳосили хуб ифтихор аст. Боиси тазаккур аст, ки дар кишвари мо тарбияи фарзанд ба ҳукми қонун дароварда шудааст ва волидон барои тарбияи дурусти онҳо масъуланд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” далели ин гуфтаҳост.

Барои ҳар фарзанд мактаби аввалин ва асоситарин оила мебошад. Агар дар ин зина нисбат ба кӯдак беаҳамиятӣ зоҳир гардад, ислоҳи он барои падару модар ва дар оянда барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ басо душвор мешавад.
Дар замони мо волидон ба тарбияи меҳнатии фарзандон бояд диққати махсус диҳанд, зеро меҳнатдӯстӣ  яке аз хислатҳои беҳтарини инсон аст, ки аз оила сарчашма мегирад. Ҳар фарзанд дар оила бояд мувофиқи қобилияташ вазифаи муайян дошта бошад, чунин рафтор дар фарзандон ҳисси масъулият ва мустақилиятро тарбия мекунад. Дар ин бора Унсурмаолии Кайковус мегӯяд: “Ҳар чи аз фазлу ҳунар омӯхтанӣ бошад, фарзандонатро биомӯзон, то ҳаққи падарӣ ба ҷой оварда бошӣ, ки аз ҳаводиси амал эмин натавон буд. Ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд”.
Агар волидон, пеш аз ҳама, дорои ҳунар ва касбе бошанд, бояд ҳатман ба фарзандони худ омӯзонанд. Чунонки Саъдии Шерозӣ гуфтааст: “Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда аст. Агар ҳунарманд аз давлат биафтад ғам нест, чунки ҳунар дар нафси худ давлат аст. Ҳунарманд ҳар ҷо равад қадр бинад ва садр нишинад. Беҳунар бошад, луқма чинаду сахтӣ бинад”.
Мо омӯзгорон низ намехоҳем, ки ҷавононамон беҳунар ба воя расанд. Зеро надоштани саводи кофӣ  ва ҳунари муайян инсонро заиф намуда, дар ҳаёти мустақилонааш ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ месозад. Кӯшиши мо - омӯзгорон низ бар он аст, ки ҷавонон тавассути илму дониш ва ақлу заковат ҳунареро аз худ намуда, дар рушду нумуи Ватани хеш саҳмгузор гарданд.  
Давлатбибӣ МАҲБАТШОЕВА, омӯзгори МТМУ - и № 90,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 353

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед