logo

фарҳанг

“ГАНҶИ СУХАН” МАҲФИЛИ ИЛМИВУ АДАБӢ

Дар шаҳри Хуҷанд маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”  баргузор гардид. Бахшида ба соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Ислом Раҳимов дар мавзӯи “Ҳунар ва ҳунармандӣ дар осори суханварони тоҷик” маърӯза намуд.

Ҷамъшудагон перомуни ин мавзӯъ баҳси муфассал ороста, байту порчаҳо ва ишораҳоеро дар ин мавзӯъ  аз осори суханварони классику муосир ба риштаи таҳлил кашида,  андешаҳои ҷолиби  худро зимни баррасии масъала иброз доштанд. Ҳамчунин, маърӯзаи директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов дар мавзӯи “Назаре ба рӯзгор ва осори нависанда Пӯлод Толис” манзури ҷамъомадагон гардонда шуд.  Муаллиф оид ба зиндагинома ва мероси адабии яке аз нависандагони навовар ва камназири тоҷик Пӯлод Толис, ки муаллифи беҳтарин асарҳои бадеӣ мебошад, маълумот дод. Ҳозирин бо сабку услуб ва қобилияти нотакрори нависанда ошноии бештар пайдо карданд.
Чун анъана муаррифии китобҳои тозанашр ва навгониҳои илмиву адабӣ баргузор гардид. Устоди ДДХ  Фирӯза Қаюмова аз конфронс ва чорабиниҳои илмиву фарҳангие, ки дар соли 2017 баргузор гаштаанд иттилоъ дода, аз нашри зиёда аз 20 китоби нав мужда расонд.
Сипас, шоираи соҳибқалам Дилором ашъори  тозаэҷодашро манзури ҳозирин намуд.
Шарифҷон Тоҷибоев, дотсенти донишгоҳ, ки ба наздикӣ аз сафари шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргашт, таассуроту бардошти худро аз ҳамоиши илмии Ҳиндустон нақл карда, мавриди эҳтирому арҷгузорӣ  қарор доштани рӯшанфикрони тоҷикро дар ин кишвар таъкид намуд.
Ёдовар бояд шавем, ки маҳфили “Ганҷи сухан” зиёда аз даҳ сол аст, ки дар шаҳру навоҳии гуногуни вилояти Суғд гузаронда мешавад. Маҳфил дар ин муддат тавонист садҳо адибону рӯзноманигоронро гирди ҳам ҷамъ оварда, дар тарбияи истеъдодҳои нав саҳм бигирад.
Ф. ҚАЮМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 340

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед