logo

иқтисод

НАВГОНИҲО. БАҚАЙДГИРИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ

Ҳадаф аз лоиҳаи «Рушди бозори ҳуқуқи истифодабарии замин» дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда», ки татбиқи он аз моҳи ноябри соли 2016 ҷараён дорад, такмили сиёсати ҳуқуқии истифодабарӣ, санадҳои ҳуқуқии давлатӣ оид ба замин ва таъсиси ташкилотҳои бахши хусусӣ доир ба хизматрасонӣ мебошад. Дар доираи лоиҳа ташкили ассотсиатсияи нархгузорон, дастгирии бозори ҳуқуқи истифодабарии замин ва содагардонии тартиби бақайдгирии замин тавассути таъсис додани идораҳои бақайдгирӣ дар назар дошта шудааст.

Дар меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенси» бо ибтикори муштараки Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (ЮСАИД) ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳа ва шарҳу тавзеҳи зарурати воридсозии тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» бо иштироки масъулон, роҳбарони идораю муассисаҳо ва коршиносону мутахассисон ҷамъомад баргузор шуд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ баъди таҳлилу омӯзиш ба қонуни номбурда ворид намудани тағйиру иловаҳоро пешниҳод намудааст. Давоми ду соли татбиқи лоиҳа вобаста ба содагардонии тартиботи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, яъне замин дар ноҳияҳои Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Хуросон, Носири Хусрав, Қубодиён, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз, Вахш ва Ёвон марказҳои дастгирии ҳуқуқӣ барои расондани хизматрасонӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи истифодабарии замин таъсис ёфтанд, ки ба аҳолии деҳот хизмат мерасонанд. Дар натиҷаи фаъолияти чунин марказҳо талафёбии вақти зиёди мардум барои рафъи эҳтиёҷот то 50 дарсад камтар гардид. Ҳамчунин, 21 427 нафар, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо, оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ба замин ва пайдоиши бозори ҳуқуқи истифодабарии замин машварати ҳуқуқӣ гирифтанд. Дар доираи тағйироту иловаҳои нав ба қонун истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан ба категорияҳои музднок ё бемузд ҷудо ва сода карда мешавад.
Иронбӣ МӮСОЗОДА,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 550

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед