logo

сиёсат

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонда шуд.

Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади мувофиқ гардондани санадҳои зикргардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаффоф гардондани раванди интихоботи Президент, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон таҳия гардидаанд.
16 январи соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расид.
Ҷиҳати иҷрои ин Фармон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» таҳия ва қабул гардидааст.
Мувофиқи ин қонун, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад. Дар давраи мораторий амали як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқ, ки салоҳиятҳои мақомоти санҷишро муайян менамоянд, боздошта мешавад. Ҳамзамон, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, барои давраи мораторий баъди гузаштани муҳлати мораторий низ, ба истиснои ҳолатҳои дар боло зикргардида, манъ карда мешавад.
Мувофиқи ин қонун, рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда шуда, ин Шӯро қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдор вазифадор аст, дар давоми на дертар аз се рӯз ин шахсро ба Феҳристи субъектони дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда дохил намояд.
Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам кардани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ равона карда шудааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 зикр гардида, ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Тоҷикистон низ тағйирот ворид карда шуданд.
Мувофиқи тағйироти ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво, ашёи хом барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси андоз воридгардида, ба субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, воридоти ашёи хом барои истеҳсоли либоси мактабӣ ва таҳвили маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ мувофиқи номгӯ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 313 Кодекси андоз ворид карда шуд, имтиёзҳои андозии дар ин модда барои корхонаҳои навтаъсисе, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ гардида буданд, нисбати корхонаҳои амалкунандае, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, низ паҳн мегардад.
Дар баробари ин, корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво ба муҳлати шаш сол аз супурдани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ва андоз аз молумулки ғайриманқул озод карда мешаванд.
Дар баробари имтиёзҳои андозӣ, дар Кодекси андоз як қатор тағйирот ворид гардиданд, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон ва барои рушди соҳибкорӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, гузарондани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯиву мавзӯии гузарондашуда, такроран гузарондани назорати камералӣ, инчунин зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ гузарондани назорати камералӣ, манъ карда мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ гузарондани назорати камералӣ бо супориши хаттии роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ гузарондан мумкин аст.
Мувофиқи иловаи ба моддаи 81 ҳамин кодекс воридгардида, санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи кодекси мазкур ҳисоб, таҳия ва қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он” асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро муайян намуда, талабот ба сифати ғалла, тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, воридот ва содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, инчунин, дигар масъалаҳои ба муомилоти ғалла вобастаро танзим менамояд.
Қонунҳои баимзорасида ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, танзими бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ташкили ҷойҳои кории нав ва беҳбудии зиндагии мардум равона карда шудаанд.
Қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 429

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед