logo

сиёсат

ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА РУТБАҲОИ НАВБАТӢ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

21 феврали соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонданд.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 4 нафар бо ордени “Спитамен дараҷаи II”, 5 нафар бо медали “Ҷасорат”, 5 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 2 нафар бо медали “Шафқат” ва 12 нафар бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадр гардиданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - лейтенант Шералӣ Мирзо рутбаи навбатии ҳарбии генерал - полковник, ба генерал - лейтенанти гвардия Раҷабалӣ Раҳмоналӣ - муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал - полковник, ба генерал - майор Собирзода Эмомалӣ - сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант, ба генерал - майор Файзизода Латифҷон Мирзо - мушовири вазири мудофиа рутбаи навбатии генерал - лейтенант, ба полковник Эгамзод Шараф Худойбердӣ - муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор, ба полковник Донаёрзода Меҳваршо Зевар - сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор, ба полковник Бачабекзода Саёрабек Ҷиёнӣ - сардори раёсати қӯшунҳои муҳандисии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи генерал - майор, ба полковник Охунзода Ихтиёр Неъматулло - муовини аввали фармондеҳ, сардори Сарситоди қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор, ба полковник Қурбонов Темур Пайшанбиевич - муовини аввали фармондеҳ, сардори Сарситоди қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майор, ба полковник Раҳимов Фозил Файзиевич, сардори раёсат оид ба масъалаҳои амнияти ҳарбӣ дар котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ рутбаи низомии генерал - майор, ба полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид - директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси генерал - майори адлия ва ба Каримзода Зайниддин Маҳмадалӣ - командири бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи генерал-майори адлия супурда шуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Боронзода Вайсиддин Абдураҳмон - командири қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Миравар Хушбахт Миршакар - муовини аввали сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муминзода Бахтиёр Мумин - командири қисми ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Муссо Неъмат - сардори раёсати ташкил ва сафарбарӣ, муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Спитамен дараҷаи II” сарфароз гаштанд.
Хизматҳои содиқонаи афсарон Асозода Абдулмумин Додхудо - командири қисми ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадҷонзода Анвар Аҳмадҷон - сардори шуъба - сардори қӯшунҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Азизулло Гадо - сардори бозрасии марказии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродзода Тӯйчӣ Эргаш - командири қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳусейнзода Диловар Гадо - командири қисми ҳарбии қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Ҷасорат” қадр шуданд.
Барои фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии ҳарбӣ Қосимзода Назараҳмад Қурбон - сардори хадамоти ҳамлу нақли ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирумшозода Бахтиёр Давлатшо - сардори шуъбаи тайёрии ҷангии раёсати қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзода Зафар Гурез - сардори ситод - муовини аввали командири қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холмадзода Бахтиёр Холмад - муовини сардори раёсат - сардори шуъбаи инспектории раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷонов Акрамҷон Амроҷонович - роҳбари дастгоҳи раиси кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сазовор дониста шуданд.
Исломзода Умар Ислом - сардори раёсати тиббӣ - ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадзода Раҳмад - командири қисми ҳарбии қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Шафқат” сарфароз гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфтанд.
Сарвари давлат ҳамаи онҳоеро, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадр гардиданд ва тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки дар иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.02.2018    №: 40    Мутолиа карданд: 1168

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед