logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе, 12 октябри соли 2009

Волоҳазрат!
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Имрӯз дар ҳаёти маънавии мардуми Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳим ба вуқӯъ пайваст. Ин лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе бинои аввалин Маркази исмоилия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд, ки барои аъзои ин ҷамоат як ҳодисаи воқеан хотирмон аст.
Ифтитоҳи чунин иншооте, ки дар ҷаҳон панҷумин мебошад, гувоҳи он аст, ки сиёсати давлати Тоҷикистон баёнгари эҳтиром нисбат ба дин ва густариши гуногунандешӣ буда, асли озодии андеша ва сухану эътиқодро муайян месозад. Ин сиёсат ҳамчунин таҳкурсии боэътимоди ҳамзистии эътиқодоти мухталифи динӣ ва табақаҳои гуногуни ҷомеаро фароҳам овардааст.
Волоҳазрат ҳамеша талош мекунанд, ки дар миёни мӯъминону муслимин сулҳу амният ва ваҳдату дӯстӣ  пойдор бошад. Ақидаҳои Мавлоно Ҳозиримом дар бораи он, ки «гуногунии башар худ инъоми Худованд мебошад» ва «гуногунии баён дар ислом бадбахтӣ набуда, худ шафқат аст», қобили пуштибонӣ ва омӯзиш мебошанд.
Ин дидгоҳи пешвои ҷамоати мусулмонони исмоилӣ бо арзишҳои волои умумибашарӣ, яъне инсондӯстиву баробарӣ ва эҳтирому риояи мақому манзалати инсон ҳамоҳанг буда, инъикосгари орзуву омоли ҳамаи мусулмонон дар роҳи таъмини осудагии моддӣ ва камолоти маънавӣ мебошад.
Имрӯз пайравони равияи исмоилия чун ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеаи мо дар раванди созандагиву ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолона ширкат меварзанд.
Дар ин лаҳзаҳо мехоҳам бо итминон изҳор намоям, ки ин марказ ҳамчун макони таблиғи «рӯҳияи фурӯтанӣ, дӯстӣ ва муколамаи аҳли башар», ростӣ, эҳсону саховатмандӣ ва некиву накӯкорӣ дар ҷомеа аз рӯзҳои аввал фаъолияти худро ба сифати пайвандгари фарҳангҳо ва арзишҳои волои маънавию рушди иҷтимоӣ, рамзи дӯстӣ ва вафодорӣ ба Ватан дар сатҳи баланд ба роҳ хоҳад монд.
Шубҳае нест, ки ин кохи фарҳангу маърифат дар байни муассисоти Тоҷикистон мавқеи сазовори худро пайдо намуда, ба хотири осоишу оромии ҷомеа ва ободиву пешрафти Ватани азизамон саҳми шоиста мегузорад.
Мо бовар дорем, ки ин маркази фарҳангӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар он фаъолият хоҳанд кард, барои ташвиқу тарғиби арзишҳои волои маънавӣ, эҳтироми мутақобил ва таҳаммулгароии аҳли башар ва боз ҳам афзун гардонидани нуфузу эътибори Тоҷикистон саъю кӯшиши худро дареғ нахоҳанд дошт.
Дар ин раванд доим дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи мову шумо як Парвардигор, як Паёмбар ва як Қуръон дорем ва дар зиндагии рӯҳонии ҳаррӯзаамон ҳамчун  мӯъмин фармудаҳои онҳоро ба ҷо меорем. Аз ин лиҳоз, пайравони исмоилия низ бояд чун ҳамеша дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин ва азизтарини онҳо ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм фаъолона саҳм гузоранд.
Фаромӯш набояд кард, ки ҳамчун миллати талхии ҷанги шаҳрвандиро чашида муҳимтар аз ҳама бояд сулҳу субот, амнияти давлату ҷомеа ва ваҳдати миллиро эҳтиёт ва ҳифз кунем ва танҳо дар доираи Конститутсия ва қонун амал намоем. 
Вобаста ба ин умедворем, ки ин бинои нави муосир на фақат макони тоату ибодат, балки  як воситаи муассири ҳамкориҳои судманди миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои Волоҳазрат хоҳад гашт.
Шумо хуб медонед, ки ҳамкориҳои мо бо шабакаи рушди Волоҳазрат дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, рушди деҳот ва инфраструктураи роҳҳо, туризм, энергетика, алоқаи телефонӣ, такмили хизматрасонӣ ва маблағгузориҳои хурд, фарҳанг ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ торафт густариш меёбанд. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ҳамчун созмони байналмилалӣ сабти ном шуда, барномаҳои таълимии худро аз ҷумла тавассути барномаи инсоншиносии Оғохон амалӣ хоҳад кард.
Сохтмони як қатор пулҳо дар болои дарёи Панҷ анҷом ёфта, бунёди пули панҷум дар ноҳияи Ванҷ ва татбиқи чандин лоиҳаҳои дигар идома дорад, ки барои ин ҳамкориву кӯмакҳо мо аз Аълоҳазрат сипосгузорем.
Мо умед дорем, ки ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мо бо созмони бонуфузи Оғохон дар заминаи созандагӣ боз ҳам рушду густариш ёфта, ба зинаи сифатан нав бардошта мешаванд. Яке аз роҳу воситаҳои расидан ба ин ҳадафи муштарак ба таври назаррас васеъ намудани иштироки сармоягузорони бузурги ҷаҳон дар рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки дар маросими имрӯза гурӯҳи бонуфузи соҳибкорон иштирок доранд. Ташрифи онҳо барояшон имконияти хуби аз наздик шинос шудан бо комёбиҳои воқеии Тоҷикистон ва вазъи сармоягузорӣ дар кишвари мо буда, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро фароҳам меоварад. Мо ин рӯйдодро дар инкишофи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, барқарор намудани муносибатҳои боз ҳам наздиктар бо сармоягузорони хориҷӣ иқдоми муҳим мешуморем. Итминон дорем, ки ин маросим раванди ҳамоҳангсозии сармоягузориро ба Тоҷикистон суръат мебахшад ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориро дар пешрафти иқтисодиёти миллии мо муайян месозад.
Дар фазои инвеститсионии Тоҷикистон вақтҳои охир тағйироти мусбат ва назаррасе ба вуҷуд омада истодааст, ки боварии моро ба афзоиши сармоягузориҳо таҳким мебахшад. Ҳоло мо дар якчанд самтҳои афзалиятнок лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия сохтаем ва дар баробари ин, барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманд ҳамаи заминаву имкониятҳои мусоидро фароҳам овардаем.
Тоҷикистон барои ноил шудан ба рушди устувор ба ҷалби сармоягузориҳои мақсадноки хориҷӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳоло интизор меравад, ки қисми бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвари мо дар соҳаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти соҳаи энергетика, рушди саноати маъдан, аз ҷумла истихроҷи тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва ангишти коксшаванда, ҳамчунин кишоварзӣ, нақлиёт, коммуникатсия ва бунёди комплексҳои сайёҳӣ дар асоси истифодаи чашмаҳои оби маъданӣ ва обҳои гарми шифобахш равона карда мешавад.
Дӯстони гиромӣ!
Дар хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон қомат афрохтани ин кохи маънавиёт ва фарҳанги сулҳомез далели он аст, ки кишвари соҳибистиқлоли мо сулҳу суботро таҳким бахшида, дар роҳи таҳкими рушду нумӯи худ қадамҳои устувор мегузорад. Ширкати уламо ва донишмандони маъруф аз 50 кишвари дунё дар конфронси бошукӯҳи байналмилалӣ ба ифтихори бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор гашт, тақвияти раванди интишори андешаҳои таҳаммулу мадоро ва муколамаи фарҳангу тамаддунҳоро собит сохт ва дар ин росто имрӯз доир гаштани маросими ифтитоҳи ин марказ боз як тасдиқи ин гуфтаҳост.
Бояд зикр намуд, ки Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе аз ҷиҳати меъморӣ низ хеле назаррабо буда, ба симои пойтахти кишвар ҳусну таровати хоса бахшидааст. Зеро он бо дарназардошти суннатҳои меъмории миллӣ, аз ҷумла хусусиятҳои меъмории мақбараи Исмоили Сомонӣ сохта шудааст ва дар он санъати чӯбкорӣ, кандакорӣ ва нақшунигор бо маҳорати хоса таҷассум гардидааст. Сӯзаниву қолинҳое, ки деворҳои марказро зинат бахшидаанд, маҳсули дасти устоҳои ҳунарманди минтақаи Осиёи Марказӣ буда, худи ҳамин омезиш низ нишонаи ҳувияти волою муттаҳидии мусулмонон аст. Дар ин лаҳзаҳои хотирмон мехоҳам ба тамоми бинокорон, устоҳову ҳунармандон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти аз бисёр ҷиҳат камназири меъморӣ саҳм гузоштаанд, арзи сипос намоям. Итминон дорам, ки ин маркази маърифат дар баробари қонеъ намудани ниёзҳои маънавии ҷамоати исмоилӣ дар самти таҳкими робитаҳои миёни ҷамоатҳо, минтақаҳо ва фарҳангҳои мухталиф низ ба комёбиҳои шоиста ноил мегардад.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ташрифи Волоҳазратро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарамро ба ифтихори кушодашавии ин маркази мӯҳташам дар шаҳри Душанбе табрику таҳният менамоям. Орзумандам рӯзҳое, ки меҳмонони мо дар сарзамини соҳибистиқлоли тоҷикон ба сар мебаранд, барояшон фараҳбахш ва муфиду пурсамар бошанд.
Саломату саодатманд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 691

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед