logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ДАРАХТИ СЕБ
Замоне дарахти калони себе дар нумӯ буду писарчае зери он бозиданро дӯст медошт. Ӯ ба тори дарахт мебаромад, аз шохаҳояш себ канда мехӯрд, дар сояаш мехуфт. Ӯ дарахтро дӯст медошту дарахт ӯро. Бо мурури вақт писарча калон шуду дӯстони дигар пайдо кард. Боре писарак бо табъи нохуш омад.
— Биё, бо ҳам бозӣ кунем, — хоҳиш намуд дарахти себ.
 — Ман дигар кӯдак нестам, ки зери шохаҳои ту бозӣ кунам, — ҷавоб дод писарак. — Ман велосипед мехоҳам. Барои ин пул даркор.
— Бубахш, ман пул надорам, аммо ту метавонӣ себҳоямро чида фурӯшӣ.
Писарак себҳои дарахтро чида хушҳол бирафт ва дигар пайдо нашуд. Дарахт бо ёди вай маҳзун буд. Солҳо мегузаштанд. Як рӯзи офтобӣ писарак пайдо гашт, ки аллакай ба ҷавонмард табдил ёфта буд. Дарахт аз ин дидор басо шод гашта, гуфт:
 — Биё, мисли пешина бибозем!
— На, вақти бо ту бозидан надорам. Ман бояд кор кунам, барои қӯти аҳли оилаам. Ҳамин ҳоло барои мо сарпаноҳ зарур. Ёрӣ дода метавонӣ?
— Шохҳоямро бибуру барои худ хона бисоз.
Мард ҳама шохи дарахтро бурида хушҳол бирафт. Баъди ин мард боз нопайдо шуд ва дарахти себ боз танҳову маҳзун чашм ба роҳ монд.
Як рӯзи тамузи тобистон мард баргашту чашмони дарахт аз нишоти дидораш барқ заданд.
— Ман бо ҳам бозиданамонро басо пазмон шудаам. Биё, як боракак такрор кунем, - хоҳиш намуд дарахт аз дӯсти деринааш.
— Солам афзудаву қувватам кам шуда истодааст. Мехоҳам ба саёҳат равам, то хастагиямро рафъ созам. Аммо қаиқ надорам.
— Барои қаиқ сохтан танаамро истифода бар. Сафари бобарор мехоҳам!
      Ҳамин тавр, мард аз танаи дарахти себ барои худ қаиқ сохта, бо дарё ба саёҳат рафт, аммо дарахтро аз хотир баровард. Аз миён басо сол гузашт. Ниҳоят писарак, ки ин гоҳ мӯйсафед шуда буд, назди себ баргашт.
— Бубахш, бачаҷон, ки дигар бароят ҳатто себаке надорам, — маҳзун гуфт дарахт, ки пир гашта буд.
— Ғамгин машав, алъон маро ҳатто як дандони себхурӣ намонда.
— Ман, воқеан, ҳам ба ту чизе дода наметавонам. Ягона дороие, ки мондааст, ҳамин кундаи мирандаам…
— Ман ҳам дигар ниёзе надорам, ба ҷуз ҷои фароғат. Зеро аз қаҷдорумарези зиндагӣ ниҳоят хаста шудаам. 
— Кундаи куҳна — беҳтарин ҷой барои такя зада дам гирифтан.  Бо ман бинишин барои фароғат.
Мӯйсафед нишаст. Дарахти себ ҳама озори пешинаи писаракро фаромӯш карда, аз баргаштанаш ашки шодӣ мерехт...
Ин ҳикояти рӯзгори ҳар кадоми мост. Дарахти себ шабеҳи падару модари мост. Вақте хурдсол будем, бо волидон бозӣ карданро дӯст медоштем. Чун ба камол мерасем, онҳоро тарк мекунем ва танҳо вақте бармегардем, ки ягон чиз даркорамон ё мушкиле пайдо шуда бошад. Сарфи назар аз ин ҳама кӯтаҳиямон волидон ҳамеша муттакоямон шуда, ба хотири хушбахтиямон тайёранд ҷон фидо созанд.
Метавон гуфт, ки писарча нисбати дарахт сангдил буд, аммо мо аксар вақт маҳз ҳамин тавр бо волидонамон муносибат дорем. Он ҳама худфарсоиеро, ки онҳо ба хотири мо мекунанд, намебинем ё қадр намесозем. Бо ҳалли мушкили оилаи худ банд гашта, онҳоро фаромӯш месозем, хабарашон намегирем, ҷавоби дастгирияшонро аз хотир мебарорем ва қарзи фарзандиро танҳо вақте ба ёд меорем, ки падару модарамон дигар ба чизе ниёз надоранд...
Ба қадри волидон вақти зинда буданашон бояд расид.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


10 ТАҲҚИҚОТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ ТОҶИК
Аз кашфи Амрико то роҳ ба сӯи Ҳиндустон
Олимони Шарқ аз қадим илми ҷуғрофияро хеле хуб медонистанд. Дар баъзе мавридҳо онҳо нахустин  кашшофони баъзе аз қитъаҳои Замин ба шумор мераванд. Масалан, Христофор Колумб, баҳргарди испанӣ дар дафтари хотироти худ қайд намудааст, ки бори аввал маълумоти мавҷуд будани Заминро дар он сӯйи баҳри Атлантика аз  қайдҳои олими Шарқ пайдо намудааст.
Дар экспедитсияи  баҳрнаварди португалӣ Васко да Гама  ба Ҳиндустон, ки он ба   соли 1498 рост меояд, роҳнамоиро олими Шарқ - Аҳмад ибни  Маҷид  ба уҳда дошт. Ин сафар  дар таърих аввалин сафари баҳрӣ аз Аврупо  ба Ҳиндустон буд.
Таҳияи
Фарзона ФАЙЗАЛӢ


НАҚБИ ШАҲРИСТОН
Нақби Шаҳристон бо дарозии 5 253 метр 27 октябри соли 2012 ифтитоҳ ёфта, ҷануби кишварро бо шимоли он барои тамоми сол пайваст намуд.
Дар  асоси созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи азнавсозии роҳи Душанбе – Чанак  бо сатҳу сифати  ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ амалӣ гардид.  Нақби Шаҳристон ҷузъи ин лоиҳа мебошад. Он  дар баландии 3372 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, бо сарфи қариб 1 миллиарду 430 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Дарозии нақби мошингузар 5253 метр ва нақби ҳаводиҳанда 5289 метрро ташкил медиҳад. То ин вақт мусофирон роҳи миёни шимолу ҷануби кишвар ё худ шаҳрҳои Душанбеву Хуҷандро дар ҳудуди 10 - 15 соат тай мекарданд. Баъд аз кушода шудани нақби Шаҳристон масофаи аз Душанбе то Хуҷандро мошинҳо дар муддати 4 - 5 соат тай мекунанд.
Нақби мазкур миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати дарозӣ калонтарин нақби автомобилгард ба ҳисоб меравад. 
Таҳияи М. ХОЛМУРОДОВА


105 СЕЛФИ ДАР 3 ДАҚИҚА
Ҳунарманди шинохта Дуэйн Ҷонсон, ки  дар 3 дақиқа бо 105 селфи рекорди ҷаҳонӣ зад, бори дуюм ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид шуд.  Ин ҳунарманд  аксдӯстдор аст. «Ҳар замон зер кардани тугмачаи аксбардорӣ мушакҳои дастро пурқувват месозад», - мегӯяд  ӯ шӯхиомез.
Бори аввал ӯ бо калонтарин ҳаққи заҳмат дар ҷаҳон, ки 5, 5 миллион долларро ташкил медод, вориди китоби «Рекордҳои Гиннес» гашта буд. Ин маблағро ӯ аз филми  "Шоҳкаждум", ки нақши асосиро бозидааст, ба даст овард.
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА


7 ШАХСИЯТИ ШИНОХТАЕ, КИ ДАР ФИЛМ НАҚШИ ХУДРО БОЗИДААНД
6. Амитабҳ Баччан
Ҳунарманд, продюсер ва сиёсатмадори машҳури ҳинд Амитабҳ Баччан барандаи 11 ҷоизаи «Filmfare Award» буда, бо мукофотҳои давлатии «Падма Шри» (1984), «Падма Бҳушан» (2001) ва «Падма Вибҳушан» (2015) қадр гардидааст. Фаъолияти ҳунармандиро аз соли 1969 оғоз намуда, дар зиёда аз 200 филм нақш офаридааст. Филмҳои «Девор» ва «Шуъла», ки Амитабҳ дар онҳо нақши асосиро бозидааст, аз ҷониби мунаққидон филмҳои тамоми давру замонҳои Болливуд эътироф гаштаанд. Қариб ҳамаи нақшҳои офаридаи ӯро тамошобинон хуш пазируфтаанд.
Амитабҳ Баччан дар 41 филм нақши худро бозидааст, ки машҳуртарини онҳо филмҳои «Ом Шанти Ом», «Камбизоат-миллионер», «Ҳамсари рақами 1» ва «Ҳамсояи профессор» мебошанд.
 Таҳияи Комрон САФАР


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад
Муаммокалима
Дар шумораи навбатӣ ба муштариёни рӯзнома муаммокалимаҳо манзур мегардад.  Мақсад аз он, аз ду ва зиёда калимаҳои пешниҳодшаванда бояд  калимаи нав тартиб дод.
1.Атр+Сафо=
2.Раҳм+Анқо=
3. Амн +Зеҳ+ Рег=
4. Орд+Нок+Раг=
5.Қадам+Лона=
6.Ҳирс+Итоат=
7.Оташ+Деҳ+Нӯк=
8.Пос+Раис+Ҳол=
9.Шева+Хато+Асп=
10.Тоат+Гул+Адрас=
11.Рақам+Доман+Роҳ=
12.Кушк+Усма+Соил+Нон+Нок=

Таҳияи Шафоатулло ШОКИРОВ
Ҷавоби муамморо  расм гирифта, ба мо ирсол намоед!
93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru (Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


15 корномаи ҶБВ
Партизани наврас генералро асир гирифт
Лёна Голиков (1926-1943) - разведчики бригада, узви дастаи 67-уми бригадаи партизании Ленинград.
15 - сола буд, ки ҷанг оғоз ёфт. Аммо ӯ баъди хатми мактаби ҳафтсола аллакай дар завод коргар буд. Вақте ки фашистон вилояти Новгороди азизи ӯро ғасб карданд, бо партизанҳо пайваст.
Бачаи шердил ва устуворе буд, фармондеҳон ба қадраш мерасиданд. Дар чанд соле, ки ҳамроҳи партизанҳо буд, дар 27 амалиёти ҷангӣ иштирок дошт. 78 фашистро кушт, 10 қатораи боркашро бо лавозимоти ҳарбиаш ва якчанд пулҳои стратегиро дар мавқеи душман тарконд.
Ӯ тобистони соли 1942 дар наздикии деҳаи Варнитса мошинеро тарконд, ки дар дохилаш генерал-майори хизмати муҳандисӣ  Рихард фон Виртс буд. Голиков дар хусуси ҳуҷуми фашистон ҳуҷҷатҳои басо муҳимро дарёфт намуд. Ҳуҷуми душман боздошта шуд ва баъд торумор гашт. Қаҳрамони наврас барои ин корнома ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор гардид. Зимистони соли 1943 гитлерчиён нохост ба дастаи партизанҳо бо қувваи зиёд ҳамла оварданд. Дар деҳаи Острая Лука Лёна Голиков дар рафти ҷанги нобаробар ҷон бохт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ҶЕЙМС НЕЙСМИТ АСОСГУЗОРИ БАСКЕТБОЛ
Бозии партоби тӯби каучукӣ ба ҳалқа дар замонҳои хеле пеш дар миёни ҳиндуиёни Амрикои Марказӣ маъруф буд. Аммо дар он намуде, ки мо онро имрӯз чун баскетбол медонем, соли 1891 дар Амрико пайдо шуд. Муаллими тарбияи ҷисмонӣ Ҷеймс Нейсмит тасмим гирифт, ки машқҳои варзиширо гуногуншакл намояд ва ба ин хотир, ба шогирдон бозии навро пешниҳод кард: ӯ ба панҷараҳои балкон ду сабадчаи сӯрохро насб намуда, аз шогирдон тақозо кард, ки тӯби футболро ба дохили он партоянд. Ҳамин тавр,  номи «баскетбол» пайдо шуд – (basket – сабадча, ball – тӯб). Баъдан бо фарорасии зимистон, вақте ки дар кӯча имкони футболбозӣ ва волейболбозӣ кардан набуд, Нейсмит дар бораи бозии дохили толор фикр намуд ва идеяи бозӣ бо сабадча ба ёдаш омад. Ӯ қоидаҳои муфассали бозиро навишт ва асосгузори бозии баскетбол гардид.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Зарбае, ки ҳама дар орзуяш буд
Ба чизе, ки ба ягон устоди бозии голф даст надода буд, англиси нобинои 42 - сола Грэхэм Салмон комёб гашт. Танҳо бо як зарба аз масофаи 150 метр вай тӯбчаро ба чуқурча дохил кард. Голфбози нобино бо шодмонӣ гуфт: «Ман шунидам, ки чӣ тавр тӯбча ба байрақчаи ишоратӣ бархӯрд, сипас садои кафкӯбӣ баланд шуд. Ҳамон лаҳза дарк сохтам, ки ба ҳадаф расидаам».
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ҶИНС ТАЪРИХИ БЕШ АЗ 200 - СОЛА ДОРАД
Ҷинс бештар аз 200 сол аст, ки истифода мешавад. Аввалин шими ҷинс аз ҷониби Леви Страусс соли 1850 бо нархи 1 доллару 46 сент ба савдо рафт.
Ин шим бо дарзҳои калону миқдори зиёди кисаҳояш машҳур гардид. Дар оғоз танҳо миёни кормандони кони тиллои Колифорния маъмул буд. Пас аз чанд муддат Страусс  дар Сан - Франсиско мағозаи «Levi Strauss & Co» - ро ташкил карда, ба истеҳсоли оммавии ҷинс шурӯъ намуд.
20 майи соли 1873 ширкати «Levi Strauss & Co» ҳуқуқи истеҳсоли шимҳои кисадорро ба даст овард.  Маҳз ҳамин сана рӯзи расмии пайдоиши ҷинс ба ҳисоб меравад. Минбаъд ширкат аз матои хокистарӣ ба матои ҷолиби кабуд гузашт, ки «Денним» ном дошт. Бренди «Levi’s» то миёнаҳои асри XX ва пайдо гаштани ширкатҳои «Lee», «Wrangler» ва «Cooper» рақобатнопазир буд.
Адолфён Байер, олими кимиёшиноси олмонӣ, соли 1878  матои синтетикиро кашф карду ҷинс  арзонтар гардид. Бо вуҷуди ин, ҷинс ҳанӯз ҳам байни одамони тамоми синну сол ва ҳамаи табақаҳои ҷомеа  харидори зиёд дорад.
Таҳияи Раҳматулло  КАРИМОВ


ШИКОЯТ БА КМ Ё МАСЛИҲАТИ СТАЛИН БА ТУПОЛЕВ
Боре Сталин ба А. Н.Туполев, ки конструктори Бюрои конструкторӣ буд, занг зада таъкид мекунад:
- Мо истеҳсоли бомбаандози шуморо аз нав ба роҳ мемонем, омода бошед. 
Туполев, ки ин хабарро дер боз интизорӣ мекашид, ҷуръат карда, посух мегӯяд:
- Рафиқ Сталин бомбаандози маро бояд умуман, аз истеҳсолот намегирифтед.
- Шумо одами кинаҷӯ будаед, рафиқ Туполев, худатон гунаҳгоред.
- Аз дасти ман чи ҳам меомад, ҳамин тавр, фармон шуда буд,- китф дар ҳам кашида, мегӯяд Туполев.
- Шумо ҳамчун конструктор бояд аз пушти ман ба Кумитаи марказӣ шикоят мекардед,- норозиёна мегӯяд Сталин ва гӯширо мегузорад.
Тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


10 ҶОНВАРИ ҒАЙРИОДӢ
Титанобоа дар ангиштсанг
Соли 2009 ба гурӯҳи полеонтологҳо муяссар гардид, ки дар қаъри дарёи калоне, ки дар дохили кон мавҷуд буд, боқимондаҳои моҳиҳо, сангпуштҳои нодир ва устухонҳои мори калони ба мо номаълумро пайдо намоянд.
 Дар натиҷаи кофтуков дар яке аз конҳои ангиштсанги шаҳри Серрехони Колумбия мори азимҷуссаеро бо номи титанобоа пайдо карданд, ки ҳамагонро дар ҳайрат гузошт.  Титанобоа 15 метр дарозӣ ва  дорои як тонна вазн будааст.
Натиҷаи тадқиқот ба олимон маълум намуд, ки титанобоа авлоди  мори калони анаконда буда, баъд аз нобудшавии диназаврҳо пайдо гардидааст. Дар замони худ ин хазандаи мудҳиштарин маҳсуб ёфта, тимсоҳ ва алигаторҳоро шикор мекард. Ин мори азим заҳрнок набуда, дар гармии 30 – 34 дараҷа ба сар мебурд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ОДАМИ «РЕЗИНӢ»
Смит Даниел, шаҳрванди Амрико, чун инсони ғайриодӣ панҷ маротиба шомили китоби «Рекордҳои Гиннес» гардидааст.
Аввалин бор дар чорсолагӣ бадани худро мисли резин тоб дода, ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Баъдан, ин ҳунарашро дар сирк сайқал бахшида, тариқи барномаҳои телевизионӣ ҳунарнамоӣ мекард.
 Ҳамин тавр, ӯро ба бозиҳои баскетболу волейбол ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват карда, ҳунарашро дар шоу - барномаҳо намоиш медоданд. Ӯ баданашро мисли мор печутоб дода, худро аз ҳалқатӯрҳои баскетбол ба осонӣ мегузаронад.
Даниел ҳамин гуна чандир (мулоим) ба дунё омадааст. Айни замон, онро ҳамчун «одами резинӣ» дар сайёра мешиносанд. 
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


АНФИСАИ ОЛУФТА
Боғи ҳайвоноти Красноярск бо маймуне бо номи Анфиса машҳур  мебошад. Анфиса аз дигар ҳайвонот фарқ дорад. Ӯ ойинаҳои қафасе, ки дар он зиндагӣ дорад, пок месозад.
Рӯзҳои аввал Анфиса тирезаро бо латтаи хушк тоза мекард. Ҳоло бошад, ӯ латтаро тар карда, пасон тирезаро пок мекунад. Баъди пок кардани тиреза ба рӯбучини хонае, ки бо шарики худ Тихон дар он зиндагӣ мекунанд, мепардозад.
Кормандони боғи ҳайвонот мегӯянд: «Рафтори ин маймун ба одамон хеле монанд аст, агар Тихонро шӯх ҳисоб кунем, Анфиса бисёр меҳнатдӯст ва боғайрат мебошад. Ба Анфиса мо ягон корро наомӯзондаем, ӯ бо шавқ кори кардаи моро назорат бурда, баъд худ онро иҷро мекунад».
Фаъолияти Анфиса бе мукофот намемонад. Ҳар рӯз меҳнати ӯро бо як табақ мевагӣ  қадр месозанд.
Таҳияи
Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


17 ПУЛИ НОДИРИ ДУНЁ
17. Пул-тарабхонаи Айола
Соли 2003 меъмори ню-йоркӣ Вито Аккончи дар шаҳри Гратси Австрия дар болои дарёи Мур пули мазкурро офарид. Ҷиҳати ғайриодияш дар он зоҳир мешавад, ки дар мобайни дарё дар қисмати ҷазиравии пул тарабхона сохта шудааст. Ҳар австриягӣ ё худ сайёҳи хориҷӣ на танҳо дар миёни дарё «доман тар накарда» тановул менамояд, ҳамчунин, дар болои пул истода манзараи ҷолиби атрофро тамошо менамояд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2018    №: 41    Мутолиа карданд: 317

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед