logo

сиёсат

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БА ИФТИХОРИ 25 - СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат аз роҳи пуршарафи тайкардаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки аз сифр оғоз гардидаву ба як неруи пуриқтидори мудофиавӣ мубаддал гардидааст, андешаронӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳанӯз бисту панҷ сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар вогузор шуда буд ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ ва вазъи мураккаби сиёсӣ ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус эътибори аввалиндараҷа дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву муҳимот ва таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили неруи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд. Гузашти солҳо нишон доданд, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат анъанаҳои хуби Қувваҳои Мусаллаҳро идома бахшида, минбаъд низ ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи амнияту оромии Ватани маҳбубамон сарбаландона иҷро менамояд. Барои ин Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба масъалаи сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҳайати шахсӣ, мустаҳкам гардондани заминаи моддиву техникии ҷузъу томҳои низомӣ, тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар ва баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ диққати бештар медиҳад.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакатро ба ифтихори бисту панҷсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу карданд.
Ҷамъомади идонаро барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукӯҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.02.2018    №: 41    Мутолиа карданд: 192

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед