Хабарҳо
ПАНҶ. БУНЁДИ ГАРМХОНАҲО
Бо мақсади бароварда кардани талаботи мардум бо сабзавоти барвақтӣ барои бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда дар ноҳияи Панҷ шаш гектар замин ҷудо шуд.
Ба гуфтаи раиси ноҳия Маҳмадюнус Сайфуддинзода, дар иртибот ба ин, аллакай бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар хоҷагии деҳқонии “Ҳодӣ Хӯҷа” дар 1,2 гектар гармхонаҳои замонавӣ бунёд гардиданд. Ҳарчанд ин гармхонаҳо асосан барои кишти сабзавот пешбинӣ шуда бошанд ҳам, аммо талаботи бозорро ба инобат гирифта, дар 30 садяки онҳо парвариши занбурӯғ низ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, ба хотири тарутоза нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди хоҷагӣ сохтмони сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 1500 тонна ва барои коркарди ниҳоии сабзавоту меваҷот бунёди корхонаи консервабарорӣ бо таъсиси 150 ҷойи кори доимӣ оғоз гардид.
Ба ҷуз ин гармхонаҳо, дар ноҳия дар ҳудуди 2 гектар гармхонаҳои доимӣ, дар 6 гектар гармхонаҳои мавсимии сабзавотпарварӣ ва дар 5 гектар гармхонаҳои ситруспарварӣ амал мекунанд.
Азбаски талаботи аҳолӣ ба сабзавоти барвақтӣ дар ҳоли афзоиш аст, ноҳиядорон тасмим доранд, ки дар ояндаи наздик боз 4 гектар замини дигарро барои сохтани гармхонаҳои доимии замонавӣ ихтисос диҳанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 279