logo

Хабарҳо

«САРИ КӮЛ» БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУРҒОБ

Бунёди  шоҳроҳи байналмилалии  мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб –  Қулма, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва сармеъмори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, рӯзгори хеле мушкили сокинони  чорсӯи Помири шарқӣ, пеш аз ҳама, ноҳияи Мурғобро ба куллӣ дигаргун ва осон намуд.             
Пеш аз бунёди ин иншооти муҳим даҳҳо хонаводаҳои тоҷику қирғиз  зодгоҳи аҷдодии худро тарк карда, ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар манотиқи Бадахшон кӯчида рафтанд. Хушбахтона, ба бахти баланди мардуми ин диёри дурдаст баъди бо иштироки Пешвои миллат  мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифтани  шоҳроҳи аср амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар ноҳияи Мурғоб,  оғоз гардиданд.
Дар шафати маркази ноҳия - дар соҳили рӯди Оқсу солҳои дароз як макони бекорхобидае буд. Дар ҳамин мавзеъ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар кӯтоҳтарин фосилаи вақт бозори калоне бо номи «Сари Кӯл» бунёд гардид. Ин иншооти хеле зарурии самти иҷтимоӣ дар Помири шарқӣ тадриҷан калонтарин маркази  савдои замонавӣ гардид.  Дар ин ҷо на танҳо гӯшти қутосу гӯсфанд, маҳсулоти ширӣ ва  моҳӣ харидуфурӯш мешавад, балки тоҷирону соҳибкорон аз кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ва Чин барои мубодилаи мол меоянд.
Аҳли деҳот, кишоварзон ва соҳибкорону  тоҷирони қисматҳои дигари Бадахшон ба бозори  ин минтақаи баландкӯҳи Помири шарқӣ картошкаву сабзавот, мева, асал ва маҳсулоти дигари худро  тариқи  шоҳроҳи  аср, ки дар чор фасли сол кушода мебошад, оварда савдо мекунанд. Имрӯзҳо бозори «Сари Кӯл» ва мағозаҳои  ҷамоатҳои деҳоти Аличур, Рангкӯл, Мурғоб, Қароқӯл, ба номи Ғожо Бердибаев  ва деҳаҳои калони Булункӯл, Шаймоқ, Куҳнақурғон, Модиён ва Башгумбез аз маводи хӯрокворӣ, ангишт, сӯзишворӣ  барои нақлиёт, сару либоси гарми зимистона  ва асбобу анҷомҳои дигари зарурӣ ғанӣ мебошанд.
Сокинони ноҳия аз он шукргузоранд, ки дар Паёми навбатии  Президенти  кишвар  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Мурғоб, аз вазифаҳои асоситарин ва муҳимтарини давлату Ҳукумати  кишвар дониста шудаанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 319

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед