logo

Хабарҳо

ҒОИБ АЗ ЧАШМОНУ ПАЙДО АСТ БА ДИЛ

Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ёдбуди шоири ширинбаён ва рӯзноманигори соҳибқалам Ғоиб Сафарзода баргузор гардид. Дар чорабинӣ нависандагон Абдулҳамид Самад, Латофат Кенҷаева, Раҷаб Мардон, овозхони маъруф Баҳодур Неъматов ва аҳли оилаи марҳум иштирок ва суханронӣ намуданд.
Абдулҳамид Самад аз хидматҳои шоистаи Ғоиб Сафарзода дар рушду равнақи адабиёти тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд, ки шоир бо вуҷуди умри кӯтоҳ диданаш, тавонист худро ҳамчун адиби дорои сабки хосса ва рӯзноманигори ҳақиқатнигор нишон диҳад.
- Махсусан, матолиби публитсистии Ғоиб Сафарзода бояд ҳаматарафа омӯхта шаванд. Зеро мавсуф солҳои фаъолияташ дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», (ҳоло «Ҷумҳурият») бо мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ масъалаҳои доғи замони худро ошкор сохта, роҳҳои ҳаллу баррасии онҳоро нишон додааст, - изҳор дошт А. Самад.
Воқеан ҳам, номбурда аз аввалин рӯшанфикрони тоҷик буд, ки дар солҳои 80 - уми асри гузашта барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ҷонбозиҳо кард. Аз номгузорӣ, лавҳаву навиштаҳо ва матлабҳое, ки дар онҳо забони тоҷикӣ пурғалат ва омехта бо забонҳои русиву туркӣ истифода мешуд, ба шӯр меомад ва бо мақолаҳои танқидӣ ислоҳи онҳоро мехост.
Раҷаб Мардон, ки яке аз дӯстони наздики шоир аст, бори нахуст номаи марҳумро, ки ба унвони ӯ навишта шудааст, ба ҳозирин хонд. Дар нома шоир гӯё марги худро ҳис мекунад ва дар баробари бебақоии умр талқин менамояд, ки корҳои неку мондагор ба ин халқу миллат бояд кард.
- Ҳамроҳи Ғоиб Сафарзода як гурӯҳ адибони чирадаст, аз қабили  Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Одина Мирак ва баъдтар Абдулҳамид Самад ба майдони адабиёт омаданду дар бедории фикриву зеҳнии мардуми тоҷик ҳиссаи шоиста гузоштанд. Аз ҷумла, Ғоиб барои мо дарси ватандорӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва ҷасорати нависандагиро омӯхт, - афзуд Р. Мардон.
Директори китобхона Ҳ. Сафарзода, нависандагон Л. Кенҷаева, С. Ҳасанзода, М. Юсуфӣ ва дигарон низ корҳои адабиву публитсистии шоирро сутуданд. Баҳодур Неъматов чанд суруди марғуб тараннум кард, ки матнашон аз шеърҳои Ғоиб Сафарзода буданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш роҳбарияти рӯзномаи «Ҷумҳурият» хидматҳои Ғоиб Сафарзодаро дар роҳи посдории асолати забон қадр намуда, ба хотири  гиромидошти шоир озмуни ҷумҳуривии беҳтарин  мақолаву матлабҳои публитсистиро роҳандозӣ кард.
Дар чорабинӣ ин нукта низ таъкид гашт, ки озмуни мазкур таконе бахшид, то дар зодгоҳи шоир – ноҳияи Восеъ бо иқдоми роҳбарияти ноҳия осорхонаи Ғоиб Сафарзода дари худро ба рӯи мухлисони шоир ва ҳаводорони адабиёт боз намояд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 306

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед