logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. ОҒОЗИ СОХТМОНИ ЭСТАКАДАИ ДУЮМ

Дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе боз як эстакада (чорсӯи нақлиётии сесатҳа) бунёд меёбад. Он аз се қабат – роҳ, роҳи давродавр ва пул иборат буда, дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Исмоили  Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷой мегирад. Дар қисмати шимоливу ҷанубии буриши кӯчаи Абуалӣ ибни Сино бошад, гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта мешаванд.

Дар баробари ин, сохтмони  роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум то кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Нусратулло  Махсум то кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиду азнавсозии роҳҳо то хиёбони Нусратулло Махсум дар назар аст.
Тибқи иттилои раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе , бинобар оғоз гардидани марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди хиёбону кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино, Нусратулло Махсум, Баҳоваддинов ва Маяковский, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар буриши ин хиёбонҳо аз 26 феврал манъ гардид. 
Воситаҳои нақлиёти истифодаи умум ҳангоми азнавсозии роҳи ҳалқавии хиёбони Нусратулло  Махсум – Абуалӣ ибни Сино муваққатан бо роҳҳои ҳамшафат ҳаракат мекунанд.
Дар иртибот ба ин, муҷассамаи табиб ва мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино ба бинои  нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯчонда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки амалисозии лоиҳаи ба ҳамин монанд дар буриши хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров (маҳаллаи 82) моҳи июли соли 2016 аз ҷониби ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян - Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) – и Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гашта буд.
Тибқи маълумоти Аброр Музаффаров, менеҷери лоиҳа аз тарафи фармоишгар, ин эстакада, ки  иншооти калонтарин дар минтақа мебошад, тобистони соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки иншоотҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади  Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали А. Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд гашта, ба ин мақсад аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 35 миллион доллари ИМА қарз дода шудааст.
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 316

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед