logo

сиёсат

ПАЁМ. РАҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба унвони барномаи корномаҳои навин ва пайкорҳои созандаи мардуми тоҷик баён  гардид, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳадаф ва барномаҳои навини  Тоҷикистони азизро дар ҷодаи расидан ба рушди устувор ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум муайян намуд. Шарҳи воқеъбинонаи рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир ва ишораҳои нишонрас ба доман кашидани марзи падидаҳои номатлубе чун экстремизм ва терроризм дар қаламрави сайёраи мо аз муҳимтарин матолибе ба шумор мераванд, ки дар сароғози ин Паёми раҳнамои халқ ҳамчун нишони таваҷҷуҳи амиқи давлати Тоҷикистон ба муаммоҳои дунёи имрӯз ва нақши кишвари мо дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳон изҳор шуданд.
Пешвои миллат ҳамчун ҳодии сиёсати инсонгароёнаи “дарҳои кушода” нисбат ба тамоми кишварҳои олам мавқеъ ва мақоми давлати моро ба таври барҷаста дар низоми сиёсати ҷаҳонӣ муқаррар намуда, таъкид доштанд: “Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад.
Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”.
Пешвои миллат ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии онро муҳим арзёбӣ намуда, нақши созандаву муассири ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистонро ба таври махсус қайд карданд.
Баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи сиёсати дохилии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ дар Паёми навбатии Пешвои миллат бори дигар аз он дарак медиҳад, ки воқеан, кишвари мо таҳти ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, корномаҳои созандагиву бунёдкорӣ пайваста вусъат мегиранд.
Ба таъкиди Пешвои миллат дар низоми сиёсати дохилӣ «Ҳукумати мамлакат ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар кардааст”.
Кишвари мо дар марҳилаи воқеӣ ва ниҳоии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қарор дошта, дар соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии Роғун раванди таҳкими захираҳои энергетикии мамлакатро таъмин хоҳад намуд.  Муҳимтар аз ҳама, дар марҳилаи зимистони солҳои 2017 - 2018 бори аввал ба таври комил аз маҳдудияти барқӣ раҳо шудани тамоми қаламрави Тоҷикистон худ нишони барҷастаи тантанаи истиқлоли воқеии энергетикӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ин тадбири шоиста ва дастоварди беназирро мардуми кишвар низ ба шоистагӣ ва бо самимияти афзун истиқбол  намуданд.
Ба нақша гирифтани бунёду таъмири роҳҳои саросари мамлакат дар давраи миёнамуҳлат ба масофаи умумии 2 ҳазор километр, аз як сӯ нишонаи фарорасии марҳилаи раҳоии кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ бошад, аз сӯи дигар ба таъбири Пешвои миллат “барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ” имконият фароҳам меоваранд.
Дар Паёми хеш Пешвои миллат соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки ин тадбири наҷиб ҳам аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодиву фарҳангиро дорост. Тоҷикистони азизи мо дорои иқтидорҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ва табиӣ мебошад, ки ҳанӯз ба таври кофӣ муаррифӣ нагардидаанд. Ҷалби сайёҳони хориҷӣ дар баробари фароҳамоварии имконият ҷиҳати тарғибу ташвиқи ин хазинаи нодири фарҳангиву таърихӣ ва маънавӣ дар амри кашфи табиати нодири Тоҷикистон ва ошноии бештари ҷаҳониён ба  дастовардҳои табиии мамлакати мо нақши муассир мегузорад.
Ҳамзамон ба ин, истеъдоди нодири халқи тоҷик дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки таърихан собиқаи тӯлонӣ дорад, бори дигар кашф ва рӯнамоӣ гардида, тавассути эълони ин соли файзбор шароит фароҳам меоварад, ки мардуми соҳибҳунари тоҷик дар баробари эҳёи сарватҳои нодири фарҳангиву ҳунарӣ дар самти некуаҳволии хеш ва расидан ба зиндагонии шоиста аз ин роҳ ҷиддӣ иқдом намояд. Пешвои миллат барои аҳли ҳунар тамоми имтиёзҳоро кафолат додаанд, то ҳам ҳунарҳои мардумӣ рушд кунанд ва ҳам фарҳанги миллии мо тарғибу ташвиқ шавад.
Мардуми соҳибҳунар ва фарҳангпарвари шаҳри Ҳисор низ ин ташаббуси Пешвои миллатро ба камоли иродат ва ихлос истиқбол намуданд. Зеро дар пайкор ва корномаҳои ҳунарварони сарзамини куҳанбунёди Ҳисори шодмон, ки таърихи беш аз 3 - ҳазорсола дорад, маҷмӯи ҳунарҳои мардумӣ аз қадимулайём чун яке аз воситаҳои  аслии таъмини рӯзгор ва тарғиби фарҳанги миллӣ таҷассум ёфтааст.
Ба шарофати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори дигар сокинони шарафманди диёри куҳан имрӯз ба эҳёи падидаҳои нодири фарҳанги миллӣ рӯ оварда, асолат ва ҷавҳари беназири таърихии сарзамини хешро тавассути онҳо дубора ба намоиш мегузоранд. Мавзеъҳои дилфиреби табиати диёри зебоманзар, ёдгориҳои нодири таърихӣ, чун Қалъаи Ҳисор, ки яке аз маконҳои аслии боздиди аксари сайёҳон ва меҳмонони  Тоҷикистони азиз ба шумор меравад,  имкониятҳои фаровони рушди сайёҳиро дар Ҳисори бостону шодмон бозгӯӣ менамоянд. Вобаста ба ин, аллакай мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар партави ин барномаи ҳидоятваронаи Пешвои миллат бо мақсади тарғиби имкониятҳо ва ҷалби бештари сайёҳон, инчунин, мусоидат ба ташаккули ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Яке аз муҳимтарин иқдомот таҳияи филмномае роҷеъ ба табиати дилфиреб, маконҳои диданиву обидаҳои таърихӣ, имкониятҳои беҳтарини рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳр ба шумор меравад, ки аллакай тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода, ба хотири дастрасии сайёҳони хориҷӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ гузошта шудааст.
Мардуми шаҳри Ҳисор аз ҳидоят ва барномаҳои ояндадори Пешвои миллат, ки, пеш аз ҳама, ба хотири таъмини зиндагонии шоистаи мардум дар Паём изҳор шудаанд, рӯҳу илҳоми тоза гирифта, тамоми саъю кӯшиши хешро ба он равона хоҳанд намуд, ки имсол низ дар иҷрои ҳадафмандонаи ин ҳидоятҳо  саҳми муносиби хешро гузоранд.
Ободии шаҳри бостонии Ҳисор имрӯз ба рисолати аслии ҳар як сокини ин сарзамини  куҳанбунёд мубаддал гардида, пеш аз ҳама, аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сарчашма мегиранд.  Садоқату ихлоси мардуми шарифи шаҳри Ҳисор дар қатори тамоми сокинони Тоҷикистони азиз ба  Ватани маҳбуби хеш ва ғояву ормонҳои Пешвои миллат дар самти суръат додани корҳои бунёдкориву созандагӣ моро низ итминон мебахшад, ки соли 2018 ба натиҷаҳои  боз ҳам назаррас ноил  гардида, дар таъмини зиндагонии шоистаи мардум ва дастархони пурнозу неъмати онҳо қадамҳои устувор хоҳем гузошт.
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА,
раиси шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2018    №: 42-43    Мутолиа карданд: 351

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед