Хабарҳо
Густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Беларус
Дар шаҳри Минск вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод бо вазири фарҳанги ин кишвар Юрий Бондар баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба густариши муносибатҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла масъалаҳои баргузории рӯзҳои миллии фарҳангӣ дар қаламрави ду кишвар, ташкили табодули таҷрибаи театрҳо, гурӯҳҳои мусиқӣ, намоишҳои санъат ва тақвият додани ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат мубодилаи афкор намуданд.
Дар баробари ин, дар вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва баргузор намудани Рӯзҳои фарҳангии Беларус дар Тоҷикистон дар соли 2018 баррасӣ гаштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 426