logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКОН

Дар ҳошияи мақолаи  Фарҳод Раҳимӣ,  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Забони миллати тоҷик забони тоҷикист”
Барои банда истилоҳи забони тоҷикӣ истилоҳи хушоҳангу дилпазир аст, зеро вақте ман чунин мегӯям, забони модарии худро дар назар дорам, забоне, ки модари азизу арҷманди тоҷики ман ҳарф ба ҳарф чун қанд ба коми ман ниҳодааст ва ин лаҳн дар набзи ҷони ман наво дорад ва бо зарабони дили ман садо мекунад. Аммо ин ҳаргиз маънои инкори забони бузурги форсиро надорад. Вақте мо ситоиши модар мекунем, ҳаргиз инкори модарбузург нест. Ё баръакс, вақте мо ситоиши модарбузургро мекунем, ин эътирофи модар ва фарзандони дигари ӯ ҳам ҳаст.  Ҳеҷ ҷойи айб ва ё тардид набояд бошад, ки забони Тоҷикистони соҳибистиқлол забони тоҷикӣ номида шавад, албатта, бо назардошти он ки ин забон шохаи забони бузурги форсист. Истилоҳи забони тоҷикиро дар радиф ва ҳолаи забони форсӣ дар навиштаҳои бунёдии аксари олимони шарқшиноси бузурги олам метавон пайдо кард.  Сайид Нафисӣ, олими барҷастаи эронӣ, вақте марқади Одамушшуаро Рӯдакиро дар Панҷрӯд зиёрат кард, мафтуни забони тоҷикӣ гардида, иброз дошта буд, ки сарчашмаҳои ноби забони форсӣ маҳз дар ҳамин диёр, дар Тоҷикистони азизи мо маҳфузанд.
Ҳукми таърих аст, ки вожаи “тоҷ”, сарфи назар аз пайдоиши баҳсноки беанҷомаш, имрӯз дар таркиби номи тоҷик ҳаст. Эй басо вожаҳо, ки дар тӯли таърих дигар шудаву маъно нав кардаанд. Аммо мо такя ба забони зиндаи имрӯз, такя ба воқеият мекунем. Агар мо аз паси асли дурусту таърихии вожаҳо равем, бояд забони имрӯзии тамоми башарро дигар кунем.
Мо тоҷиконем ва аминем, ки миллати фарҳангпарвар ва некманиши мо ҳамеша дар олами илму ҳикмат, шеъру адаб ва инсонигариву  сифатҳои шоиставу баланди инсонӣ, мисли маниши  неку ҳомии роҳи ростин  будан, тоҷе  аз  шараф  бар  сар  дош- тааст. Имрӯз мо тоҷикон бо Истиқлолияти давлатии худ тоҷи шарафи худро бар сар ниҳодаем ва ифтихорманду сарфароз аз ҳувияти миллӣ ва гузаштаи пурифтихори хешем. Бале, мо миллате ҳастем, ки бунёди зебоипарастӣ  дорад, зебоиҳоро мепарастем ва ҳар чи зебову шоиста аст, мансуби хеш медонем ва бо он ифтихор мекунем. Ва вожаи “тоҷ” - ро ба исми миллати шарифи мо тоҷбахши тақдир бахшидааст, яъне ин амри Худованд аст ва мо онро бо ифтихор дар номи худ ҷовидона нигоҳ хоҳем дошт.
Камол Насрулло,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 348

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед