logo

фарҳанг

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ҲУНАРУ ҲУНАРМАНДӢ

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 агар аз як ҷиҳат ба раванди тадриҷан беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан ҳунармандони мардумӣ таъсири бузург расонад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори  миллӣ ва ватандорӣ, инчунин,  эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои мардумӣ нақши муассир мегузорад. 
Дар ноҳияи Лахш имрӯзҳо аксари ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё мегарданд. Дар ин ноҳияи кӯҳистон, ки мардумаш аз қадим ба чорводорӣ шуғл меварзанд, аз пӯсту пашми чорво барои худ сарулибос, намаду қолинҳо, попӯш ва дигар анвои рӯзгорро муҳайё менамоянд.
Имрӯзҳо дар ноҳия фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолӣ низ оид ба қолинбофии дастӣ, ҷӯроббофӣ, истеҳсоли попӯшҳои хонагӣ, армуғону ҷузвдонҳо ва қолинчаҳо барои курсӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳунари гулдӯзӣ низ дар ин ҷо хело роиҷ буда, қариб ки дар ҳама хонадон аз ин ҳунар бохабаранд. Ҳеҷ як тӯю маърака бе куртаю чодар, тоқӣ ва девориҳои гуногун намегузарад. Дастранҷи ҳунармандони маҳаллӣ, аз ҷумла устоҳои чӯбкор ва оҳангар низ хуб харидорӣ мегарданд. Сандуқу сандуқчаҳо, табақу қошуқ, тахтаю тирак, либосовезакҳои кандакорӣ, гаҳвора  ва дигар ҷиҳози рӯзгор ин ҷо  харидорӣ зиёд доранд.
Аъзам Камолов, ки устои чӯбтарош мебошад, мегӯяд, ки  ин касбро аз падари худ омӯхтааст. Ҳоло ӯ коргоҳашро аз Ҷамоати деҳоти Пилдон ба маркази ноҳия интиқол  ва 20 нафар шогирдро дар атрофи худ ҷамъ намудааст. Аъзам Камолов устои моҳир буда, дар сохтани дару тиреза, сандуқ, ҷевон, мизу курсӣ, гаҳвора ва дигар анвои маҳсулот маҳорати хуб дорад.
Чанде пеш бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  ва Ҷамоати шаҳраки Лахш намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Ҳунармандони ҳудуди шаҳрак дар он маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Зимни баргузории намоиш Баротзода Файзулло Раҷаб, раиси ноҳия, аз ташаббус ва дастгириҳои Сарвари давлат ёдовар шуда, зикр намуд, ки: «Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шуҳрат доштанд. Ҳунар бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич дорад. Аз ин рӯ, ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидаанд. Мо бояд онҳоро ҳифз намоем».  Дар рафти намоиш, ҳамчунин, аз ташкили мағозаи фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар маркази ноҳия пайғом доданд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 292

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед