logo

иқтисод

ҚАТЪИ ВОРИДОТИ МОШИНҲОИ КУҲНА. ИҚДОМ БАРОИ ҲИФЗИ САЛОМАТӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТ

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ кардани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 15 феврали ҳамин сол ба кишвар воридоти мошинҳои куҳна қатъ карда шуд. Ҳадафи ин иқдом  беҳтар кардани парки мошинии ҷумҳурӣ, бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист аз ҳисоби партофти газҳои зарарноки воситаҳои нақлиёт арзёбӣ мешавад.

Аз рӯйи омори расмӣ, дар ҷумҳурӣ ба ҳазор нафар 48 мошини шахсӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда панҷ сол қабл 39 ададро ташкил медод. Аз ҳама бештар сокинони шаҳри Душанбе мошин доранд.   
Ба гуфтаи соҳибкорон ва тоҷироне, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба харидуфурӯши мошинҳо машғуланд, дар Тоҷикистон мошинҳои истеҳсоли давлати Олмон серхаридор ва писанди ронандагонанд. Афзалияти бештар ба автомашинаи олмонии тамғаи «Опел» дода мешавад, зеро ин нархи мошин ҳарчанд аз дасти дуюм гузарад ҳам, барои аҳолӣ дастрас аст.
Суҳроб Тағоев, соҳибкор аз шаҳри Душанбе, ки чанд сол боз ба харидуфурӯши мошин сарукор дорад, гуфт, ки аксарияти мошинҳо ба Тоҷикистон аз давлати Латвия тавассути роҳи оҳан фиристода мешаванд. То имрӯз соҳибкорон ба кишвар автомашинаҳои истеҳсолашон то соли 2000 – ум ва аз ин навтарро низ меоварданд, ки харидори зиёд доштанд. Мошинҳои «Опел» - и Олмон дар Латвия бо нархи аз 600 то 800 доллари амрикоӣ фурӯхта мешаванд ва то ба кишвар воридшуданашон арзиши онҳо ба беш аз 4 ҳазор доллар мерасад. Ин бо назардошти ҳисоби пардохти боҷи гумрукӣ, андоз ва дигар хароҷотҳо мебошад.
Амалисозии қарори мазкур дар бозори Тоҷикистон ба воридоти мошинҳои истеҳсоли дигар кишварҳо низ роҳ мекушояд, аз ҷумла давлати Корея, - гуфт Суҳроб Тағоев. - Зеро мошинҳои  олмонии баъди соли 2005 – ум истеҳсолшуда ба мардум бинобар сабаби гарон будан дастнорас хоҳанд шуд. Мошинҳои нав бартарияти зиёд доранд. Пеш аз ҳама, парки мошинӣ марҳила ба марҳила бо тамғаҳои наву сифатан олӣ ғанӣ гардонда мешавад ва мафҳуми табдилёбии кишвар ба «партовгоҳи мошинҳо» аз байн хоҳад рафт. Партофти гази карбон ба ҳавои атмосфера низ аз ҳисоби нақлиёти автомобилӣ ба маротиб коҳиш меёбад. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби нақлиёт, хусусан мошинҳои куҳна, ба атмосфера 344 ҳазору 743 тонна газ хориҷ шудааст, ки аз меъёр хеле зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Саидисмон Судуров, сардори бахши ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, барои коҳиш додани партофти зараровар тамоми сохторҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Иқдоми пешгирифтаи давлату Ҳукумат маҳз ба хотири солимии аҳолӣ ва пешгирӣ аз таъсири тағйири боду ҳаво мебошад. Ҳарчанд партофти гази воситаи нақлиёт дар назари аввал ночиз метобад, вале он аз сатҳи замин то баландии 50 метр нигоҳ дошта шуда, ба саломатӣ зиён дорад. Бешубҳа, ин иқдом ва имтиёзи Ҳукумати мамлакат – 50 дарсад аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардан барои ворид намудани автомобилҳои нав, ки бо мақсади қатъи воридсозии мошинҳои куҳна роҳандозӣ шудааст,  барои рушди иқтисоди миллӣ ва истеҳсолот манфиатбахш аст.   
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 407

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед