logo

сиёсат

МАЪРИФАТКУШӢ Ё СИЁСАТИ МУАЛЛИМКУШИ ҲНИТ

Омӯзгор ва муаллим, ки ба қишри маърифатпарвари ҷомеа иртибот мегирад, дар ҳама давру замон ба хотири ташаккул додан ва тавсеа бахшидани зеҳниёти мардум, махсусан насли наврасу ҷавон аз тамоми имконоти фикрию эҷодиаш истифода бурда, роҳи саодату хушбахтиро мепаймояд. Паймудани роҳи саодату хушбахтӣ ва ба он ҳидоят намудани ҷомеа, чуноне ки аз сабақи таърих бармеояд, саҳлу осон нест. Вале, дар муқобил, ба хурофоту таассуби динӣ - мазҳабӣ ва ҳар навъ ҷаҳолате даст ёфтан кори осон ба назар мерасад, чунки он бидуни заҳмату талош ва саъю кӯшиш имконпазир мегардад.
Дар гузашта ҳавзаҳои дарсии файласуфону мутафаккирони форсу тоҷик боиси огоҳмандии як идда насли ҷавони ҷомеа гардида буд, вале муҳитҳои мадрасӣ, ки дар онҳо улуми дунявӣ (фалсафа, таърих, адабиёт, табииёт, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, ҷуғрофиё, кимиё ва амсоли инҳо) тадрис мешуданд, мавриди таҳоҷуми сиёсӣ, мафкуравӣ ва ҳатто физикии хушкандешони мазҳабӣ қарор мегирифтанд ва таҳдиду фишори амиқ болои тоифаи ба истилоҳ, муаллимон ва донишмандон ҷиддӣ ба мушоҳида мерасид. Эътирозоту интиқодоти бузургтарин муаллимону донишмандони форсу тоҷик, мисли  Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Шаҳидии Балхӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон, ки алайҳи хушкандешии мазҳабӣ сурат мегирифтанд ва фиребу найранги ононро рӯирост фош месохтанд, намунаи боризи муборизаи муаллимон дар таърихи миллӣ маҳсуб меёбад. Муаллим дар таърих мисоли зиндаи шахсияти мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва динӣ - мазҳабӣ буда ва ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ нагузошта ва намегузорад, ки ниҳоди ҷаҳолатписанд ормонҳои миллӣ ва мардумиро зери по кунад ва роҳи тараққиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби динӣ бубандад. Ба сухани дигар, муаллим дар асрҳои миёна бо селаи хурофотиёни динӣ - мазҳабӣ муқовимат кард ва тавассути пофишориҳои илмӣ ва фарҳангӣ иҷоза надод, ки парчами илму маориф барканда шавад. 
Ҳамин вазъ – муборизаю муқовимати қишри муаллимӣ дар Аврупо бо суръати шадидтар идома ёфт. Дар Аврупо дар замони Эҳё ё Ренесанс як навъ инқилоби фалсафӣ ва илмӣ дар майдони зиндагии иҷтимоӣ нуфуз пайдо карда, бузургон – муаллимоне, назири Николай Коперник, Ҷордано Бруно, Галилей Галилео ва дигарон дар асоси  донишу таҷриботи илмӣ зиндагии мардумиро сомон бахшиданд. Ҳарчанд ки  дин ва сиёсат дар симои рӯҳониёну сиёсатмадорони вақт даст ба даст дода, дар шикасти қолабҳои  созандаи сиёсӣ, фикрӣ, фалсафӣ, мантиқӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ  кӯшиданд, намояндагони барҷастаи интеллигенсияи аврупоӣ тавонистанд, ки бо ибтикороту ташаббусоти худ парда аз рӯйи фиребу найранги калисои католикӣ (дин) ва сиёсати хашин бардорад. Дар ин амр нақши файласуфону мутафаккирони фаронсавӣ ва дар маҷмӯъ, муаллимони аврупоӣ, амсоли Мелйе, Волтер, Руссо, Монтескиё, Дидро ва дигарон, ки бо гарави ҷону зиндагии инфиродӣ ба майдони мубориза баромада буданд, бениҳоят бузург аст. Маҳз тавассути навиштаву ибтикороти муаллимони мазкур дин аз сиёсат ҷудо шуд ва тадриҷан дар низоми зиндагии аврупоӣ ҷойгоҳашро аз даст дод. Ҷудо намудани дин аз сиёсат ғояи марказии низоми сиёсии дунявӣ мебошад.
Ибтикороти муаллимони аврупоӣ баъдҳо (ибтидои асри бист) боиси шикасти системаи динӣ-мазҳабӣ дар Русия ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, марсум шудани низоми сиёсии дунявӣ дар манотиқи мазкур гардид. Дар нахустин солҳои устуворшавии низоми сиёсии сотсиалистӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1931) муаллим ба сифати зиёӣ ва интеллигенти ватанӣ барои қоим доштани сохти мавҷудаи дунявӣ ва тадриҷан коҳиш додан ва саранҷом аз байн бурдани хурофоту таассуби динӣ дар минтақа саъю талоши фаровон варзид. 
Мутаассифона, бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ, безавқии ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, ба сабаби худхоҳию худбохтагии қишри мазҳабӣ (Ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон, ки баъдан бо номи ҲНИТ рӯйи кор омада, буҳрони сиёсӣ, дунявӣ, фикрӣ ва идеологиро дар ҷомеа амиқ кард), дар қаламрави кишвари мо ибтидои солҳои навадуми садаи бистум даргириҳо сурат гирифт ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё бародаркушро доман зад. Бояд дар назар дошт, ки ТЭТ ҲНИТ аз оғози фаъолият стратегияи фурсатталабӣ, султахоҳӣ, фазлфурӯшӣ  ва аз ин тариқ тасаллут пайдо кардан дар ҷомеаи тоҷикиро ба дунбол дошт, вале он ба таври пинҳонӣ  барномарезӣ шуда, тайи солиёни тӯлонӣ механизмҳои татбиқи он ҷустуҷӯ, такмил ва таҳким мешуд. Вақте ки ислом ба унвони ниҳоди сиёсӣ охири солҳои ҳаштод ва ибтидои солҳои навадуми садаи бист рӯйи саҳнаи зиндагии миллӣ омад ва бо сиёсат омезиш ёфт, аллакай маълум буд, ки кор бо чӣ меанҷомад, вале худхоҳону худбохтагони мо дар пайи бароварда сохтани ниёзҳои ҷангалӣ ва иҷтимоии худ шуда, аз оқибати кор андеша накарданд (аслан барои онҳо аҳамият надошт, ки бо ин миллату ин сарзамин чӣ мешавад) ва ҷомеаро ба вартаи нобудӣ супурданд.
Чи хеле ки маълум аст, ҷанги шаҳрвандии (солҳои 1992 - 1997) дар баробари  хисороти  молию  ҷонӣ, зарари зеҳнӣ, ақлонӣ, ҳувиятӣ, мафкуравӣ ва маданӣ низ бар ҷой гузошт. Дар масири муборизот айёми ҷанги шаҳрвандӣ ҳам муаллим, бахусус муаллимони асил ба мубориза бархостанд ва дар муқобили дастандаркорони наҳзатӣ истоданд. Бояд аз ёд набаровард, ки ҳанӯз нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми асри гузашта мазҳабиёну наҳзатиён бо муаллим ҳисоби худро баробар карданро шурӯъ намуданд ва дар ҳамон давра шиори иғвобарангези «нони муаллим ҳаром» (баъзан дар баробари шиори «зани коммунист талоқ аст», шиори «зани муаллим талоқ» ҳам роиҷ буд) миёни қишри муллоёни мутаассиб мӯд шуда буд. Ҳангоме ки наҳзатиён ба марҳилаи ҷадиди бозиҳои сиёсӣ расиданд (ибтидои солҳои навадум, аниқтараш баҳори соли 1992), ҷанги тан ба тан бо муаллим (албатта, манзур муаллимони асиланд, на муаллимоне, ки дар хидмати мулло буданд ва ё бетарафиро пеша карданд ва боиси тавсеи фоҷиаи миллат ба дасти ТЭТ ҲНИТ гардиданд) сурат гирифт. Унвони «муаллими советӣ», ки як замоне боиси обрӯю эътибори қишри омӯзгорӣ буд, дар он айёми бенизомӣ чун тамғаи таҳқирӣ бебаркаш ба омӯзгорони асили миллӣ ва ватанӣ зада мешуд. Дар маърази ом ба масхара кашидани муаллим барои хурофотиёни мазҳабӣ, аз ҷумла наҳзатиёни содиқ дигар марсум шуда буд. Баҳсу мунозираҳои тезутунде, ки охири солҳои ҳаштодум ва ибтидои навадум байни муллоёни мутаассибу муаллимони асили миллӣ ва мардумӣ дар маҳаллаҳо ва шаҳру вилоятҳо ба вуқӯъ мепайваст, бештар бо таҳқиру таҳдиди муллоҳо анҷом меёфт. Аз тарафи дигар, муллоҳои мутаассиб, ки аксаран аъзои ТЭТ ҲНИТ буданд ва дар хурофапароканиҳои наҳзатӣ саҳми асосӣ доштанд, василаи радди маърака кардани муаллимонро ҳадаф қарор дода, онҳоро ба куфру бидъат муттаҳам менамуданд ва фатвои озори онҳоро беибо содир мекарданд. Террори фикрӣ ва ҷисмии муаллим манзараи тарсу ваҳшатро дар саросари қаламрави ҷумҳурӣ дар он замон ба намоиш гузошта буд ва ҳар кӣ ба воқеоти он замон, махсусан бархӯрди фикрию ақидатии наҳзатиён бо муаллимон сари кор гирифтааст, хуб медонад, ки чӣ балое сари муаллими асил омада буд. Маълум аст, ки ҳадафи актҳои террористӣ ва амалҳои диверсионии тарбиятдидагони наҳзатӣ ноҷӯр сохтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва давра ба давра тағйир додани зеҳни мардум дар қиболи низоми сиёсии дунявӣ ва инсиҷом бахшидани тафаккури хурофотии динӣ - мазҳабӣ мебошад. Фишору зӯрӣ ба сари муаллими асил ва мубориз дар он рӯзҳо ба кори ҳаррӯзаи наҳзатиён ва наҳзатмаобон табдил ёфта буд ва коҳиш ёфтани нуфузи муаллим далели бебаҳси ташаннуҷи вазъи сиёсию фарҳангӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар он солҳо ҳисобида мешуд.
      Барои хушкандешони мазҳабӣ ва муддаиёни курсии давлатдорӣ чун рӯзи рӯшан маълум буд, ки бо шикасти муаллим ва ба тарафи худ кашидани ин қишр давлат ва ҳукумат завол меёбад  ва тардиде барои пирӯзӣ намемонад. Ба ин нияти шум онҳо муборизаи беамонро бар зидди маллимон тақвият бахшиданд ва ба таври расмӣ ба таҳқири муаллим пардохтанд. Ҳатто баъди суқути салтанати кӯтоҳи ТЭТ ҲНИТ дар минтақа ва ба кишвари ҳамсояи Афғонистон паноҳ бурдани раҳбарияти наҳзатӣ қатлу куштори насли муаллимони миллӣ, мисли Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигарон поён наёфт.
Методикаи тарсонидан ва афкандани даҳшат бо тарсондани муаллим дар низомҳои динӣ - теократӣ, ки ТЭТ ҲНИТ хостори билофосилаи он аст, шурӯъ мешавад. Бар илова, хомӯш кардани чароғи маърифат, ки муаллим афрӯхта медорад, бар уҳдаи наҳзатиён ва наҳзатмаслакон аст. Бо куштани маърифат ва тарс додани субъекти раванди маориф – муаллим ҷомеа таҳти султаи таассуби динӣ - мазҳабӣ қарор мегирад ва роҳ барои истибдоди иҷтимоӣ ва фақри фикрӣ ҳамвор мегардад. Дурнамои сиёсати наҳзатӣ ҳамеша бар ин нуқта – маърифаткушӣ ва ҷаҳолатписандӣ тамаркуз доштааст ва тамоми созмонҳои террористии мазҳабӣ, бо пешгоми раванди маърифатӣ ва фарҳангӣ – муаллим мубориза мебаранд, чаро ки аз ӯ сахт дар ҳаросанд. Ӯ (муаллим) аст, ки пеш аз дигар қишрҳои иҷтимоӣ нақшаҳои шуми бозигарони диниро бозшиносӣ ва фош мекунад ва ба насли ҷавони ҷомеа манзур месозад. Бинобар ин, гурӯҳҳои мазҳабӣ маҳз бо муаллим ва ниҳоди муаллимӣ ҷиддӣ душманӣ меварзанд ва талош мекунанд, бо раддимаъракасозиҳои сунъӣ ӯро аз муборизаи идеологӣ мунсариф созанд. Вале муаллими асил ҳамеша муқобили ҷараёни хурофот ва хушкандешии мазҳабӣ қарор мегирад ва бо талошҳои пайгиронаи таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ “хоб” - и ин тоифаи худхоҳро ҳаром месозад. 
Фаридун ОРИЁӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2018    №: 44    Мутолиа карданд: 550

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед