logo

сиёсат

ИЛМ, ТАЪРИХ ВА ТАҶРИБА

Дар ҳошияи мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  С. Ятимов “Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ”, “Ҷумҳурият”,  05.02.2018, №27
Дар мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Ятимов таҳти унвони “ Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ” матлабҳое барои хонанда матраҳ шудаанд, ки на танҳо дар дарки дурусти вазъи кунунии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар имкон фароҳам меорад, балки водор месозад, ки ба масоили мазкур жарфтару густурда назар намоем.

Нахустин масъалае, ки пешорӯи хонанда матраҳ мегардад аз сиёсат берун набудани фард ё шахсест, ки дар ҷомеа зиндагӣ дораду бо қонунҳои амалкунанда умр ба сар мебарад. Ё ба қавли суханваре ҳар инсоне, ки соҳиби ақлу тамиз аст ва эҳсосу дарки ҳастӣ мекунад, ҳамрадифи сиёсат мебошад. Ва чуноне, ки дар мақола зикр мешавад: ”Аввалин эҳсос ва кӯшишҳои зарурати сохтани давлат, оғоз аз дунёи қадим, фардро сиёсӣ мегардонад. Сиёсат - иштирок дар корҳои давлатӣ, муайянсозии мақсад, функсия ва вазифаҳои давлатиро дар назар дорад”. Муаллиф ба натиҷаи дурусти илмӣ мерасад, ки ”тамоми даъвоҳое, ки фард, шахс, шаҳрванд метавонад берун аз сиёсат бошад, на танҳо имрӯз, балки дар тамоми давру замон асоси воқеӣ надошт”. Баъдан муаллиф дар бораи субъекти ҳуқуқӣ ва субъекти сиёсӣ андешаҳояшро ривоҷ мебахшад ва ин дурро ба ҳамдигар наздику вобаста мешуморад.
Дар бахши “Роҳнамои сиёсӣ ҳамчун субъекти сиёсӣ” - и мақола муаллиф ба он ишора менамояд, ки мафҳуми давлат ва миллат тавъам ҳастанд ва манфиати онҳо ягона аст. Агар ба ин нуктаи назар  тариқи содатар назар намоем, маънии онро дорад, ки дӯст доштани миллат ин дӯст доштани давлат аст ё баръакс. Дуруст қайд мешавад, ки “давлат - ҳамчун муассисаи пешбарандаи ҷамъият ва масъултарин субъекти мавҷудияти арзандаи аъзои он, мураккабтарин, муҳимтарин ва бузургтарин кашфиёти инсон аст”. Яъне, агар давлат кашфиёти инсон бошад, пас он ба манфиати инсон бунёд шудааст ва давоми чанд ҳазорсола аст, ки инсоният тобеи сохтори давлат зиндагӣ ва умр ба сар мебарад. Аз ҷониби дигар инсоне, ки ин давлатро сохт, худ онро идора менамояд. Дар ҳамаи давру замонҳо  шахсият ҳамчун субъекти сиёсӣ дар таҳкими пояи давлат ва миллат нақши бориз дорад. Муаллифи мақола шахс ё худ роҳбарро ҳамчун субъекти сиёсӣ аз назари давлатшиносӣ муҳимтарин объекти омӯзиши илмӣ маҳсуб медонад. Ба вуҷуд омадани мафҳуми роҳбари сиёсӣ, лидери сиёсиро аз таърихи панҷҳазорсола ҷустуҷӯ мекунад ва онро тақозои муҳими ҳаётӣ дар бунёд ва инкишофи давлату миллат мешуморад. Воқеан, роҳбар ё лидери сиёсиро ҷомеа ба майдон меорад. Барои рисолати роҳбариро ба дӯш гирифтан чеҳраҳои гуногуни сиёсӣ рӯи саҳнаи сиёсат ворид мешаванд, вале танҳо ҷомеа онеро қобили қабул медонад, ки оқилу хирадманд, сиёсатмадору дурандеш, ватандӯсту миллатпарвар бошад. С. Ятимов бо руҷӯъ ба асарҳои олимон ва донишмандони асрҳои гуногуни олам, аз ҷумла Афлотун, Т.Карлейл, Ф.Нитше, Абуалӣ ибни Сино, Гегел ва дигарон масъалаи шахс ва роли шахсият дар таърихро мавриди баррасӣ қарор дода, бо назардошти назарияи илмии онҳо фикру андешаи худро низ баён кардааст.  Аз ҷумла, зикр мешавад, ки “Афлотун раҳбарро ҳамчун шахсияте ба қалам додааст, ки  аз азал илму хирадро парастиш мекунад, ба мардум рӯзгори нек меорад. Созанда ва таҷассумгари ҳақиқии таърихи миллати хеш мебошад.” Такя ба ин андеша, вақте ба ҷаҳонбиниву назар ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳ мекунем, муҳимтарин сифати Сарвари давлат парастиши илму хирад аст. Чунончи, омӯзиши ағлаби суханрониҳо, маърӯзаҳои Пешвои миллат нахуст дар заминаи ақлу заковати баланд, дониши фарох ва ҷаҳонбинии васеъ сурат мегирад, сониян ҳамин сифатҳоро тарғиб намуда, талқин мекунад, ки зиндагии шоистаи инсоният танҳо аз илм ва хирад муяссар мегардад.
Дар мақола, дар  радифи  кулли  сифатҳои  роҳбар масъалаи  содиқ будан  ба қавлу амал  барои миллату ҷомеа  дар мадди аввал меистад. Яъне, маҳз ҳамин сифат ба чеҳраи таърихии шахсият ранги ҷовидонии масъулиятшиносӣ дар назди мардумонаш ато мекунад. Аз ин чашмандоз, Пешвои миллат борҳо собит кардаанд, ки соҳиби қавлу амали хеш ҳастанд. Ниҳоят ин ҳама сифатҳо дар маҷмӯъ эътимод ва эҳтироми мардумро ба шахсияти таърихӣ меафзояд, ки дар мисоли муҳаббати мардуми тоҷик ба Пешвои миллат инро эҳсос кардан душвор нест. Ба ибораи Гегел "Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои бузург, инсон дар худ сифати шахсияти бузургро ошкор месозад. Ва маҳз ҳамин хислат ӯро барои дигарон машъал менамояд".
Муҳимтарин пешниҳоди С. Ятимов дар мақола ин аз фурсати таърихӣ дастҷамъона истифода кардани имрӯзиён аст. Зеро шахсияти бузурги таърихӣ дастоварди бузурги миллат аст ва он дар садсолаҳо боре насиби таърих мегардад. Ин маънии онро дорад, ки мо мардуми хушбахт ҳастем, ки дар замони зиндагии мо шахсияте рӯи кор омад, ки набзи зиндагии моро ба таърихи фардо насб мекунад ва ин давраро сарчашмаи дастовардҳои асри сонӣ хоҳанд хонд.
Дар идома муаллифи мақола ба таснифи субъектҳои сиёсӣ мегузарад, ки ниҳоят ҷолиб ва илмист. Нахуст, дар бораи конститутсия ва давлатдорӣ ҳарф мезанад ва дуруст қайд менамояд, ки “барои пурра амалӣ гаштани идеяҳои конститутсионӣ зарур аст, ки чанд насл заҳматҳои ҷонкоҳона кашад”. Яъне, амали шудани афкору ақидаи конститутсионӣ як протсес ё раванди тӯлониест, ки он ба инкишофи ҷомеа, ҷаҳонбинӣ ва дониши аҳли ҷомеа, шинохтани ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандӣ марбут мебошад. Сипас, муаллифи мақола субъектҳои сиёсиро ба се гурӯҳ тасниф менамояд ва тавзеҳи илмии худро ироа месозад. Воқеан, дар вазъияти кунунӣ, дар кишвари мо таъсирпазирии ин се субъект эҳсос мешавад.
Муҳимтарин хусусияти субъекти аввал, ки ҷавҳари онро муҳаббат ба Ватан ва мардум ташкил мекунад, дар ҳамаи маворид миллат ва давлатро такягоҳи асосии худ шуморидан мебошад. Маҳз ҳамин хусусият онро аз гурӯҳҳои дигар тарҷеҳ медиҳад. Мусаллам аст, ки ин субъект давлату ҳукумати имрӯза аст, ки дар саргаҳи он Пешвои миллат меистанд. Мавҷудият ва ҳадафи субъекти дувум бо вуҷуди дарку маърифати вазифа  ва функсияи худ  ба хотири зиндагӣ ва умр гузарондан амал мекунад. Вале субъекти севум хавфноктарин ва пурзарартарин субъект аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз чизе рӯй наметобад. Пайдост, ки инҷо сухан дар бораи кадом қувваҳо меравад. Донистани ҳадаф ва рисолати ин қувваҳо ва муносибати мардум ба онҳо имкон фароҳам меорад, на танҳо дар бораи вазъи сиёсӣ маълумот пайдо кунем, балки аз тақдири фардои кишвар огоҳ гардем. Дуруст аст, ки дар кулли давлат ва давлатдории ҷаҳон ин се субъект амал менамояд ва мавқеи онҳо аз муносибати шаҳрвандон ба фаъолияташон иртибот дорад.
Дар қисмати дигари мақола бо номи “Геополитика: “мантиқи воқеият” ва субъекти сиёсӣ” муаллиф оид ба фаъолияти субъектҳои сиёсӣ дар баъзе давлатҳои аврупоӣ, мақоми опозитсия дар онҳо, ҳадафи ягонаи мустаҳкам кардани мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ибрози назар мекунад. Андешаи муаллиф “вобаста ба зинаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, маданият ва маърифати сиёсӣ, шароити таърихӣ, таҷрибаи давлатдорӣ, урфу одати миллии ҳар давлат, "мантиқи воқеият" зарурати истифодаи  роҳ, усул ва шаклҳои муайяни фаъолияти система, структура,  аз ҷумла субъектҳои  сиёсии хешро дорад” шоистаи тааммул мебошад. Дар идома муаллиф вазъи геополитикии муосирро шарҳу тавзеҳи илмӣ медиҳад ва хонандаро водор мекунад, ки сари мафҳуми “мантиқи воқеӣ” ва “ҳақиқӣ” андеша намояд. Агар содатар баён намоем, ҳаргиз як аҷнабӣ ободии кишвари мо ё манфиати як шаҳрванди миллат ва давлати дигарро аз манфиати хеш муқаддам намегузорад, ки мутаассифона, дарк накардани ҳамин ҳақиқат чи қадар мардуми гумроҳи моро ба вартаи ҳалокат тела дод.
Бале, се мафҳум: илм, таърих ва таҷриба муҳимтарин арконе ҳастанд, ки донистани онҳо барои пойдории миллату давлати мо зарур аст. Аз ҷумла, ба зиндагӣ ва воқеаҳои он аз назари илмӣ баҳо додан, ба таърих бо чашми мушоҳидаву муқоиса ва сабақомӯзӣ назар кардан ва аз таҷрибаҳои давлатдории олам дарси ибрат гирифтан моро ба соҳили мурод мебарад. Ҳамин мақола бо далелҳои ҷолиби таърихиву илмӣ собит месозад, ки имрӯз барои мардуми тоҷик шонси бузурги таърихӣ даст додааст, ки дар партави сиёсати Пешвои миллат ба ҳам оем, дороиҳои миллии худро ҳифз намоем, Ватани азизамонро дӯст дорем ва барои таъмини амнияти он аз рӯи тавоноии худ саҳм гузорем.
Саидумрон САИДОВ,
дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 338

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед