logo

иҷтимоиёт

НАКУКОРӢ БА КАС РОҲАТРАСОНИСТ

Бисёр хушоянд аст вақте сари ҳар  қадам мушоҳида мешавад, ки ҷавонмардони мо ҳисси баланди ватандӯстӣ доранд. Корашон омад, ки кард, ҳатман бари ҳам  рост истода, як гӯшаи диёрро обод мекунанд. Ин бесабаб нест. Солҳост, ки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат ниҳоли ободкориву созандагӣ, дасти ҳам гирифтанро дар қалби ҳар ҷавонмард сабзондааст.
Баҳриддин Ҷӯрахонов зодаи ноҳияи Ёвон аст. Ӯ соҳибкор аст, садҳо нафарро бо ҷойи кор таъмин кардааст, бисёр корҳои мондагорро низ анҷом дода. Аввалин коре, ки ӯ ба он камари ҳиммат баст, ба хонаҳои ятимон ва пиронсолон ёрӣ расондан буд. Соле нест, ки дар рӯзҳои ҷашн сокинони ин хонаҳо туҳфае нагиранд.
Соли 2016 ин шахси меҳандӯст як муассисаи таълимии  сеошёна ба  истифода  супурд, ки он бисёр камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаро ҳал намуд. Мактаб дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон, барои 640 хонанда  дар  як  баст  сохта шуда, айни  замон фаъолияти пурсамар дорад. Муассиса замонавист, бо таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хонандагон метавонанд бе ягон мушкилӣ таҳсил намоянд. Синфхонаҳои фаннӣ, майдону толори варзишӣ ва ошхона дар хизмати мактабиёнанд. Ҳамчунин, сехи дӯзандагӣ бо 12 адад мошин дар ихтиёри онҳост.
Дар шафати мактаб як боғчаи кӯдаконаро барои 60 нафар мавриди истифода қарор дод. Ин муассисаҳо ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шуданд.
Айни замон дар маркази шаҳраки Ёвон аз ҷониби ин ҷавонмарди сахӣ сохтмони боз як муассисаи таълимии сеошёна ба маблағи 23 миллион сомонӣ барои 640 хонанда дар як баст идома дорад. Бинокорон дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки онро дар арафаи соли таҳсили 2018 – 2019 ба истифода диҳанд.
Баҳриддини ҳотампеша бо анҷоми чунин корҳо худро қонеъ намеҳисобад ва ният дорад боз ҳам барои қарзи ватандории худро адо кардан бештар ба чунин амалҳои нек даст бизанад. Айни ҳол барои сохтмони пуле, ки дар даромадгоҳи ноҳия рафта истодааст, ёрии моддӣ мерасонад. Ин ҳама гувоҳи гуфтаҳои болост.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 303

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед